Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 19:51

Тоҷикистон

Ҳабси тӯлонии милисаҳои ҷинояткор

Додгоҳи олии Тоҷикистон собиқ кормандони умури дохилиро барои ҳамла ба казинои "Помир" ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум кард.

x
Ҳаҷми матн - +
Собиқ фармондеҳи ротаи ОМОН ё Нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Равшан Ҳомидов ва собиқ раҳбари бахши навбатдори ин нерӯҳо Тоҳир Раҳимов ҳар кадом ба 21 соли зиндон ва мусодира шудани молу мулкашон маҳкум шуданд.

Ин иттилоъро раиси муҳокима дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Абдулҳаққов дар гуфтугӯе бо хабаргузории "Азия-Плюс" тасдиқ кардааст.

Парвандаи ҷиноии сарвари дастаи ғоратгар, собиқ корманди Раёсати нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Таваккалхоҷа Низомов, ки мавриди пайгарду ҷустуҷӯст, ҷудо аз парвандаи ҳамла ба казинои "Помир" мавриди пажӯҳиш қарор дорад.

Фаъолияти ин дастаи муташаккил замоне ошкор гардид, ки онҳо шаби 15-уми феврали соли равон ба казинои "Помир" дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карда, 40 000 доллар ва мошини як муштарии казиноро ба яғмо бурданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Ба чаноби оли
03.07.2009 11:04
Ачоиб давлатест Точикистон. Барои дуздии пулхои хароми дар казино буда ба чинояткорон 21 соли медиханд (ачоибаш онхоро дастгир мекунанд), аммо дар бораи кушандагони собик сарвазир Солихов, пизишки чавон ягон харфе нест...
То кай вохиди ченаки зиндаги "доллар" мебошад, хакикат, ватандусти, инсонпарвари кучо шуда бошад???

Ном: шахрванд аз Душанбе
03.07.2009 12:26
Эх дуст дар Ватани мо на инсоф асту на адолат.Холо .касе ба додат намерасад.Оне ки дар хакикат хам чинояти вазнин содир кардааст сум дорад медихад дар озоди мегардад.шахси бечораи камбагале ки сум надорад шояд хатто чиноят хам содир накардааст бо рохи тухмат паси панчара мешавад.

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо

Мавҷномаи мо