Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Тоҷикистон

Пайкараҳои Сангаку Лангарӣ бардошта мешавад

Нимпайкараҳои собиқ қумондонҳои Фронти халқӣ дар шаҳри Қурғонтеппа

Нимпайкараҳои собиқ қумондонҳои Фронти халқӣ дар шаҳри Қурғонтеппа

02.07.2009

Мақомоти Хатлон эълон кардаанд, ки замони барандохтани нимпайкараҳои собиқ қумандонҳои «Фронти халқӣ» аз кӯчаву хиёбонҳо фаро расидааст.

Мавзӯи барафкандани нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов, Раҳмон Мӯрчаев, ки дар солҳои 90-ум ба истилоҳ, «қаҳрамони миллӣ» маҳсуб мешуданд, ҳанӯз дар як соли қабл мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд.

Идораи фарҳанги Хатлон он замон дар робита ба ин мавзӯъ гуфта буд, ки баркандани муҷассамаҳои Сангак Сафарову Лангарӣ Лангариев дар шаҳри Кӯлоб як амали нодуруст аст ва ин нимпайкараҳо, ки дар Қӯрғонтеппа боқӣ мондаанд, ҳамчун ёдгории таъхирию фарҳангӣ ҳифз хоҳанд шуд.

Ва аммо ҳамакнун Бурҳониддин Раҷабов, сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон, мегӯяд, бояд осорхонаи вижае таъсис дода шуда, ҳама осори боқимондаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ он ҷо гирдоварӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин нимпайкараҳои қумандонҳои собиқ фронти халқӣ низ бояд барканда шуда, дар он осорхона ҷой бигиранд.

Оқои Раҷабов мегӯяд, «ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри гузаштаро хуб ба ёд дорем, ки чӣ рӯзгори сангинеро паси сар кардем. Ин нимпайкараҳоро зиёд «реклама» кардан, ба чашмҳо ҳамеша аён гузоштан шояд он қадар хуб нест. Зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ як осорхонаи махсусе бисозанду ҳама ҳамин гуна нимпайкараву осори ҷанги шаҳрвандии пурқурбониро дар он ҷо ҷой диҳем. Ин пайкараҳо бадеият надоранд, беҳтар аст, ки бардошта шаванд…»

Пешниҳоди барандохтани нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев аз хиёбони мавсум ба Ломоносови Қӯрғонтеппа миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷомеашиносон пуштибонӣ ва ё зиддияти комил пайдо накардааст.

Дилором Ҳафизова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, аз афроди мухолифи баркандани нимпайкараҳои қумандонони собиқи Фронти халқист. Вай мегӯяд, «Сангаку Файзаливу Лангарӣ нисбати ҳамватанони худ бетафовут набуданд. Албатта наметавонам мутмаин бошам, ки то куҷо боадолат буданд, аммо онҳо ҳам ба таври худ мехостанд як ҷомеаи ҳуқуқбунёд бисозанд. Онҳо то имрӯз ҷонибдорони зиёд доранд. Пас, чаро бишканем ҳайкалашонро? Албатта, шояд нафароне ҳам ҳастанд, ки дар кадом як амалҳое инҳоро гунаҳкор донанд…»

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигаре аз соҳибназарон ба ин иддаоҳои ҳам намояндагони ҳукумат ва ҳам намояндагони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик истинод мекунанд, ки гуфтаанд, «ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад».

Коршиносон мегӯянд, аз нуктаи назари этикаи сиёсӣ ҳам дуруст нест, ки нимпайкараҳои қумондонҳои Фронти халқӣ то ба имрӯз дар хиёбонҳои шаҳр дида шаванд, чун имкон дорад, ҷониби дигари ҷанг ва ҳамзамон сулҳи тоҷикон, яъне намояндагони собиқ ИНОТ ҳам даъво кунанд, ки масалан, нимпайкараҳои пешвоҳои онҳо низ дар шаҳр қомат афрозанд.

Ҳайдар Алиев, раиси созмони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ба хотири таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ мақомот бояд чунин як тасмими барандозии нимпайкараҳои замони ҷангро бигиранд. Вай афзуд, «масалан, имрӯзҳо ҳастанд нимпайкараҳое, ки барои насли нав онҳоро муаррифӣ кардан душвор аст. Зеро шарҳи ҳоли онҳо ба замони ҷанги шаҳрвандӣ ва харобкориву ҳодисаҳои нангину рӯзгори вазнини мардуми тоҷик рабт дорад. Ин гуна нимпайкараҳо ваҳдату якпорчагии давлатро халалдор мекунанд...»

Ниипайкараи Сангак Сафаров, яке аз  қумондонҳои номӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ
Он гуна, ки зикр шуд, нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев дар яке аз хиёбонҳои калонтарини Қӯрғонтеппа, дар маҳаллаи мавсум ба Ломоносов ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳоло бо дидани ин нимпайкараҳо онҳоро ҳар гуна эҳсосот фаро мегирад, аммо чунин ба мушоҳида мерасад, ки ғолибан онҳо низ ҷонибдори барандохтани ин ёдгориҳо ҳастанд.

«- Мумкин бо мурури замон ин ҳайкалҳо аз байн мераванд ва ба ҷойи онҳо муҷассамаҳои шоирону олимони бузурги тоҷик, ки то ҳоло дида намешаванд, қомат афрозанд. Ин бештар зарур аст…

… Ин нимпайкараҳо воқеан аҳамияти тарбиявӣ доранд ва дар оянда, масалан, волидон сӯйи нимпайкараи Сангак Сафаров ишора карда ба фарзандон мегӯянд: ин мард раиси Фронти халқии Тоҷикистон буд ва то шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ 23 сол дар маҳбас ба сар бурдааст, аммо намехоҳам иштибоҳоти ӯро ту такрор бикунӣ…

… Беҳтараш ин ҳайкалҳоро баранд, дар ягон осорхона ҷой кунанд. Ҳар касе мехоҳад, меравад, мебинад, ҳар касе намехоҳад, дигар намебинад ва аз он солҳои ҷанги мудҳиш ёд намекунад…»

Нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, ки ба гуфтаи мақомот, замони ҷанг ҳамдигаркушӣ кардаанд, ва Лангарӣ Лангариев, ки низ қурбони низоъҳои ҳамватанӣ шудааст, дар 15 соли қабл, соли 1994 дар Қӯрғонтеппа қомат афрохта, шояд вопасин ёдгорӣ аз он солҳои сангин маҳсуб мегардад.

Идораи фарҳанги Хатлон мегӯяд, ба ин сабаб ки ин нимпайкараҳо бадеият надоранд ва бесифат сохта шудаанд, бояд бардошта шаванд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, онҳо як ҷузъи таъриханд ва бигузор боқӣ монанд. Гурӯҳи саввум ва ғолибан, шаҳрвандон дар навбати худ мегӯянд, беҳтар аст, ки ба хотири марҳами ба захмҳои он солҳо нимпайкараҳои ин се афрод аз хиёбонҳо бардошта шавад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
Ном: Vatandor аз: GHurbat
02.07.2009 16:52
salom
Ba nazari man in inpaikaraho boyad bardoshta shavand va zub(ob) karda az metali on yakchand lavozimi ruzgor sozand.Ba nazari man in paikarho haminkadar foida metavonand doshta boshand ba mo

Ном: nomus аз: misri arab
02.07.2009 17:43
nipaikarahoi sangak faizali saidov va langurievro kanda dur partoed. in nafaron xuni sadho odamoni begunohro rezondand. joi inho tahtarini duzax ast. in zulmeki, inho kardand, xudo xudash medonad. mo agar guem ki inho ygon odamoni bomarifat budand, baroi xalk xizmat kardand. mailash lekin inho xuni tiflon modaroni bechorae ki be dastgir budand rezondand. hazbu allohu nemal vakil

Ном: Сомони аз: Бухоро
02.07.2009 19:12
Миллати бузурги мо хеч гохе ба чунин ашхоси хасаки ниез надошта ва надорад Зеро ин кадар бузургмардони доштаем Бояд пайкарахои ононро гузошт на ин хасу хошокро

Ном: Islamist аз: Dushanbe
03.07.2009 00:04
Ofarin.
Behtarin kore xohed kard agar in nimpaikarahoro az jodaho va digar joiho bibardored.. Xossatan, agar imkon bud hamon paikarai Faizali dar nazdi puli Qizilqal'a zadagiast girifta shawad..Zero rohi man ba Dushanbe az hamin roh hast va harwaqto ki onro mebinam bisyor ihsosi bad mekunam zero medonam ki vai ba mardumi mo chi korho karda bud..
iltimos, har chi zudtar bardored yo in digar qumandonhoi INOTro ham bigzored va in ixtiori axir natijahoi bad xohad dosht.

Ном: Мухочир
03.07.2009 04:30
Нимпайкарахои "кахрамонони" миллат бояд кайхо бардошта мешуданд. Мавчуди онхо як шармандаги аст, барои миллат.Аз як тараф аз сулху вахдат сухан мегуему, аз тарафи дигар чунин нимпайкарахоро нигох медорем. Кани мантик.

Ном: МУДЖАХИД аз: LONDON
03.07.2009 06:31
ДАР БАРОБАРИ ТАРАФДОРИ КАНДАНИ БУТХО ГУФТАНИЯМ КИ

ХАЙРЯТ КИ ЯКДИГАРРО ПАРОНДА МУРДАНД АГАР ЗИНДА МЕБУДАНД ХАРСЕЯШ ЯКЕШ ХУДРО ДАР КУНЧИ ТУРМА ДОР МЕКШИД ДИГАРЕ ХУДРО МЕПАРОНД.СЕЮМИ ОТАШ МЕЗАД ФАХМИДАН ПЕШ АЙ МАРГ ХУДШОНА КУШТАН.

Ном: Бозорбой аз: Душанбе
03.07.2009 07:15
Ба чунин шахсони чинояткор гузоштани нимпайкара ин барои миллати точик шармандаги аст. Онхо зархаридони Узбакистон буданд ва кираи точикхоро бароварданд.

Ном: кк аз: гарм
03.07.2009 09:02
агар он кахрамонхоро ёд накунем бигзор роузи вахдати милли хамм чашн гирифта нашавад

Ном: Мирзо Бедил аз: аз Гузашта ба мо
03.07.2009 09:09
Ман аз бекадрии хори сари девор донистам
Ки нокас кам намегрдад аз ин боло нишастанхо

Ном: Амирчон аз: Душанбе
03.07.2009 12:06
салом
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 4

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил