Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Фарҳанг

Имрӯзи синамохонаҳои шаҳри Душанбе

01.07.2009

Дар байни толорҳои синамо дар Душанбе танҳо толори «Ҷомӣ», «Ҷавонон» ва «Вефа сентр» дар ҷалби тамошобинон муваффақ маҳсуб мешаванд.

Раҳим Дадабоев, раиси толори синамои «Ҷавонон», мегӯяд, онҳо бо толорҳои «Ҷомӣ» ва «Вефа сентр» ҳамкории зич доранд ва далели муваффақ будани ин се толор дар он аст, ки таҷҳизоти онҳо замонавист ва аз системаи нави садоӣ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Раҳим Дадабоев, синамохонаи «Ҷавонон» ҳамчунин барои ҷалби тамошобинон бо ширкатҳои телефонии кишвар ҳамкорӣ мекунад ва феҳрасти филмҳоро бо тариқи смс ба муштариён мефиристад.

Толори нави синамохонаи "Ҷавонон"
Ин дар ҳолест, ки ин се маркази синамои муваффақ низ филмҳоро тавассути дастгоҳҳои дискӣ ба тамошобинон пешкаш мекунанд ва гузашта аз ин дискҳо аслӣ набуда, балки тақаллубиянд. Ба қавли оқои Дадабоев, барои хариди навори филмҳо ва нусхабардории онҳо толорҳои шаҳр тавони молӣ надоранд.

Раиси толори синамои «Ҷавонон» изҳори умедвори кард, ки баробари ба даст овардани тавони молӣ навори филмҳоро харидорӣ кунанд ва ба тамошобинон филмҳои сифатнокро пешниҳод намоянд.

Дар шаҳри Душанбе наздик ба 30 маркази синамо вуҷуд дорад, ки аксарияти онҳо имкони молии ироаи филмҳо ба тамошобинонро надоранд ва ба фаромушӣ рафтаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
     
Назарҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил