Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Марги мармузи як пизишк дар Душанбе

30.06.2009

Мудири бахш дар Маркази саратоншиносии беморхонаи "Қарияи Боло", ҳангоми боздошти кормандони милисаи Душанбе ба таври асроромез даргузаштааст.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Хуршед Бобобкалонов, мудири бахши қабули беморон дар Маркази саратоншиносии беморхонаи "Қарияи Боло" дар ҳолати мастӣ боздошт шуда ва барои ташхиси машруб дар ҷисмаш ба озмоишгоҳи хун интиқол дода шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки оқои Бобокалонов бо иллати нӯшидани шароб ва бемории қалб дар дохили мошини милиса аз ҳуш рафта, ҷон додааст.

Вале хешовандони Бобокалонов ба хулосаи Вазорати умури дохила розӣ нестанд. Саодат Қулиева, модари марҳум мегӯяд, фарзандаш варзишгар буд ва аз муоиннаи тиббӣ гузашта буд ва ба ҳеҷ гуна беморӣ гирифтор набуд, тамоман солим буд, шароб ҳам наменӯшид.

Ба қавли хешовандони Бобокалонов, кормандони ҳифзи тартибот, дар пеши чашми мардум ин пизишкро бо зӯрӣ дар мошин шинонда, ӯро ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдаанд.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, зиёда аз 10 корманди милиса Бобокалоновро ба мошин ҷой кардаанд.

Хонуми Қулиева меафзояд, вақте ки ҷасади фарзандашро аз мурдахона дарёфт кард, сараш хуншор шуда буд ва дар баданаш осори зарбулат дида мешуд.

Ба қавли хонум Қулиева, шаби 27-уми июн фарзандаш пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ҳамроҳ бо онҳо ба тарабхонаи мавсум ба «Сирус», дар маркази шаҳри Душанбе меравад, ва баъдан соатҳои тақрибан даҳуними шаб дар маҳаллаи мавсум ба «Хонаи матбуот», ба ҳангоми аз роҳ гузаштан аз тарафи кормандони милиса боздошт мешавад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, кормандони умури дохилӣ Бобокалоновро барои он боздошт кардаанд, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекард. Ҳангоми интиқоли боздоштшуда ба Маркази наркологӣ барои ташхис ва мустанад кардани ҳаҷми машруб дар ҷисми ӯ, Бобокалонов дар дохили мошини милиса қай карда ва дар натиҷа хафа шуда, фавтидааст.

Аммо мақомот намегӯянд, оё дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё на.

Хонум Қулиева, модари Хуршед Бобокалонов, мудири бахши қабули беморони Маркази саратоншиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳатман барои рӯшанӣ андохтан ба ҳодисаи марги фарзандаш ба Омбудсмени Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат хоҳад кард.

Вай меафзояд, кормандони милиса ӯро аз ягона фарзандаш маҳрум карданд ва набераҳояшро ятим кардаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: sangin аз: kaira
30.06.2009 23:11
salom bahamai honandagon dar in zamon yagon adolatkori hakiki boki namondaast boz odami solimro ba sharobnushi badnom mekunand ruzi kiyomatholi mo chi boshad parvardigoro moro ranm bikun

Ном: Ismat аз: Moskow
01.07.2009 01:42
Мо аз марги мардикорони точик дар Руссия бо овози баланд гап мезанем,вале аз марги нобахангоми вазиру духтуру афсарон дар хоки Ватанамон ,ки чавоб медихад ....?

Ном: машраб аз: Душанбе
01.07.2009 05:54
Боз шароб. Солиевро хам гуфтанд, ки шароб нушида худро кушт. Ки маст аст: милисахо ё хадафхои онхо?

Ном: Badkhar аз: Dushanbe
01.07.2009 06:25
Man hamikara guftani hastam ki in odam Sahid shudagiast. charo shahid? az xotire ki kushta shudasta az dasti Milisahoi xunxur. in chi gap ast ki harwaxt in Milisaho odamora gir mekunand in odamo eo xudashona mekushandu eo mast meboshand eo, ki kadom kasali Dilu saraton shuda jo bajo memurand in sharm ast bari in Dawlat xuni mardum xurdesten, duoi hamun yatimoie ki az hamin inson mondast shumora megirad charo az Xudo nametarsed ho Xudo bexabaron az bandahosh in koroa pinhon mekuned az Xudo chi y ku hamai koroishumora didaistodast, hej gap ne shumo az bolo xaroben malum dor ast ole xonai wazir eo kadom Maeor meri govu guspandu aspu xar dar rui hawlish pur ast misli ferma borin namefahmi ki ino Folbinand eo waziru maeor, har bahona karda az mardum govu, guspandu, buzu, xaru, harchi ki peshashon oiad mesitonand rishwat xuro to kaia in korhora dawom medihed,

Ном: rafiq
01.07.2009 06:58
manoi kalimai мармуз va пизишк chist? man tojikii sovetiro medonam lekin baze kalimaho baroi man to hol nofahm astand. tashakur baroi javob

Ном: Ватан аз: Сеул
01.07.2009 10:41
Салом Алейкум !! Ман аз дасти ин духтур табобат гирифтаам ман хуб медонам чи хел одам буданашро.Он кас хеле инсони хоксор буданд. Рости аст, ки факат бо варзиш машгул буда шароб наменушид. Хамаи корро милиса кардаги хастанд. Худо одамро аз милисаи точик нигох дорад. Бисёр хам нодидаву бехун хастанд.Наход бо инсон хамин хел рафтор кунанд ? намефахмам !!
Худо рафматаш кунад !!

Ном: Asad аз: Dushanbe
01.07.2009 12:58
Charo mo dar chunin mawridho sadoi yagon komisyuni betarafro nameshunawem. hatto dar qafomondatarin dawlatho chunin komisyun amal mekunad. in duwumin hodisa ast dar yak moh (yakumash Solehov) ki mo faqat sadoi kheshon wa miliciyahoro meshunawemu khalos. Dar chunin holatho naboyad jasad osebdida daf'atan gur karda shawad. Onro boyad awwal muoina kard.

Ном: Лоик аз: Кулоб
01.07.2009 14:54
Кушед ин замонаро ки мекушад таронаро

Ном: Анвар аз: Москва
01.07.2009 17:13
Мутаасифона ин аст давлати Точикистон. Ба сари як духтуре бегунох ки тамоми умраш одаморо табобат мекард ва нагзи мекард хама гунохро партофтанд. Сифати милиция хама медонад. Оё одаме аст ки ба ин афсонахо бовар мекунад?

Ном: Murod аз: душанбе
01.07.2009 23:07
То кай э коркунони макомоти хифзи хукук шумо хукуки мардумро поймол мекунед
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил