Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Даъвати раисҷумҳур: хайрия ба ҷои ҳаҷ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

27.06.2009

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз зоирини тоҷик даъват кард, ки имсол маблағҳои сафари ҳаҷро барои сокинони кишвари бӯҳронзада хайр кунанд.

Ин пешниҳод зимни суханронии раисҷумҳур дар ҷаласаи фаъолони мақомоти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд садо дод.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин амалро ба хотири коҳиши пайомадҳои манфии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва селу хисороти имсола, ки ба Тоҷикистон беш аз 100 миллион сомонӣ зарар овард ва водор намуд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хоҳад, зарур медонад.

Вай афзуд, «бо дарназардошти ин ду омили муҳим мехоҳам ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, хулоса ба ҳамаи онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, муроҷиат карда, онҳоро даъват намоям, ки маблағҳои барои ҳаҷҷи имсола нияткардаи худро бо дарназардошти шароити бӯҳронии замона сарф кунанд ва албатта беҳтар аст, ки маблағи барои ҳаҷ, хусусан ҳаҷҷи дуюмбора ва сеюмбора, сарфшавандаро барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимону маъюбон, шахсони мӯҳтоҷу бесаробон, оилаҳои камбизоат, ё барои обод кардани ягон гӯшаи ватан харҷ кунанд».

Даъвати раисҷумҳур дар маҳфилҳои мазҳабӣ ва дар байни мардуми Суғд бо вокунишҳои мухталиф пазируфта шуд. Вале сари ин мавзуи муҳими исломӣ сокинон хеле бо эҳтиёт сӯҳбат мекунанд.

Рӯзноманигор Тилав Расулзода бар он аст, ки «ин иқдоми хуб аст, аммо муҳим он, ки то кадом андоза мардум аз он истиқбол мекунанд. Зеро баъзе одамон як умр орзуи ҳаҷ дар дил мепарваранд, ё ки мехоҳанд модар ё падари пирашонро ҳамроҳӣ кунанд. Аммо агар он нафароне, ки имкони молӣ доранд, ба ҷои дафъи дуюму сеюми ҳаҷ як бенаво ё бемореро даст бигиранд ё ягон гӯшаи ноороми ватанро обод кунанд, ин ҳам кори як бузурги хайр аст ва Худованд подоши неки онро медиҳад».

Вале як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки нахост номи худро ошкор созад, гуфт, ин даъвати раисҷумҳур дар ҳоле садо медиҳад, ки сафари 5–рӯзаи ӯ дар вилояти Суғд дар ҳар қадам маъракаҳои бузурги пешвозу гусел, зиёфатҳо ва консерту тантанаҳои серхароҷот ба ҳамроҳ дорад.

Вай афзуд, беҳтар мебуд давлати Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони молӣ ин гуна маросимҳои пурдабдаба ва андозҳоро кам мекард. Он гоҳ дар дасти одамони ба хайру саховат маблағе боқӣ мемонд. Аммо дар ҳоле, ки бисёр дигар давлатҳо андозбандиро коҳиш доданд, ҳукумати Тоҷикистон баръакс ҳама навъи андозҳо ва маблағҳои хадамоти манзилро баланд бардошт ва мушкили сокинонро зиёдтар кард.

Мавзуи хайрия ба нодорон ва корҳои ободонӣ ба ҷои адои ҳаҷ дар ҳар навбати ин маросим ба гунаҳое мавриди сӯҳбату баҳсҳо дар миёни сокинони оддӣ ва масъулини умури дин қарор мегирад.

Ҳамзамон, дар ҳар табрикоти мақомот дар идҳои исломӣ монанд ба ин гуна даъватҳои хайру саховат ба ҷои ҳаҷ ба шакли нарм ва пешниҳодӣ баён меёбад.

Ҳарсола дар аз Тоҷикистон щазорон нафар ба зиэрати хонаи Каъба мераванд. Дар маросими гузаштаи зиёрати хонаи Худо 5 ҳазор сокинони кишвар иштирок намуданд. Маблағи сафари ҳаҷ барои як нафар зери 3 ҳазор доллари амрикоӣ таъин шуда буд. Ин дар ҳолест, ки бар пояи маълумоти расмӣ, зери 60 дарсади сокинони Тоҷикистон дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд ва бӯҳрони молӣ зиндагии онҳоро мушкилтар кардааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Ном: Musulmon аз: Islomobod
27.06.2009 20:56
3 bor ba haj raftan ba juz khudnamoi chizi digare nest. Ba fikri man dasti 1 yatimero giriftan az 1000 HAJ bolotaru volotaru avlotar ast.

Ном: Samak аз: Farkhor
28.06.2009 02:57
In raftori raisi jumhur "duzdi sohibi kharro muttaham" kardaro memonad. As mablaghi safarhoi behudai khoriji va ma'rakahoi dabdabanoki "Idi Kharbuza va Kadu" metavonistem dah korkhonai khurdu miyona sozem, yo chand maktab va bemorkhonaro obod sozem.Hej guftor in toifa bo kirdorash durust naomad. Dar okhir: Tojikiston davlati ijtimoist, ya'ne davlat sharoiti zindagii arzandaro boyad faroham ovarad na shahrvandon.

Ном: parshikasta аз: dushanbe
28.06.2009 12:04
salom in taklifi janobi oli ba fikri man be asos ast zero mardum shoyad solho pul jam kunad to ki ba ziyorati khonai Khudo rawand wa y bo in osoni on mablagro az dast na khohad dod. Khub meshud ki mushowironi janob fikri digarero peshnihod mekardand wa yo khudi onho ki tabaqai boloi hisob mekhurand charo ki qismi zakhirai khudro ba in buhron bubakhshad, malum ast ki dilash nameshawad wa yak rohi digar dorad ki jashnhoe ki fondro kharob kardaast kam kunand.

Ном: muhammad аз: dushanbe
28.06.2009 13:52
Assalomu alaikum va rahmatulloh,
Man fikr mekunam ki in peshnihodi bemaano moboshad, va barodare ki khudro musulmon az islomobod muarrifi kardaast ham, ham gapi bamaano zadast, har fard dar tasarufi molash ozod ast ki dar kujo sarf kunad(albatta manzuram joe ki dar on gunoh naboshad),va hej kas haq nadorad majbur kunad ki dar kujo va baroi ki sarf kunad,agar chi raisi davlat boshad, mo boyad az taarikhi nobi islom ibrat girem ki hokimon chi chi qhadar dar khizmati khalq budand, hazrati Umari Foruq, ki 2 imperiyai buzurgi hamon davraro ba zonu shinond, vaqte ki khost, mahri zanon ro dar Madina kam kunad, zane az joyash khesta az Quroni Karim oyatero istidlol ovarda gufti ki "yo Umar haqero Khudovand baroi mo zanho dodaast, ba tu ki ijozat dodaast ki in haqro az mo bigiri" hazrati Umar ki on qadar jasorat dosht, guft "rost guft zan va khato kard Umar" az tasmimash gasht, ammo imruz raisi muhtarami mo hej kore baroi peshrafti mardum nakardastu, faqat korash peshnihod kardanu farmon dodan hast, mardum boyad bedor shavand va az huququ khud difo kunand.
ba hama khushbakhti orzu dorad.

Ном: dard аз: dushanbe
28.06.2009 15:33
Ин чи рузест ки дар даври камар мебинам.... Ин кори хуб нест назар ба пули мардум андохтан. Охир худ давлат аз тамоми дуне ердампули мегирад. Акнун бонкхои умумичахони кам буд ки пули мардум монд кашола карда гирифтан!!!

Ном: ferdavs аз: kofarnehon
28.06.2009 21:15
salom hamvatanone azizam,man dar murojeate president baroe on ke mablage hajro emsol hojeon dar korhoe xaire degar bepardozand yagon mushkele namebenam loken mushkele asose hamen ast ke presedente mo va atrofeone y chezero meguyand avval boyad xudashon amale ba mardum neshon dehand to mardum bo jonu del suxanhoshona qabul kunand.Xudo meguyad"charo onchero megued xudaton onro anjom namedehed".Man shaxsan amalro dust doram na suxanhoe sherenu zebo.

Ном: daler аз: panjakent
28.06.2009 21:42
Helo fikri hub. Dar Kur"oni Sharif ham omadaast,ki hamon kas ba zierati honai Hudo meravad va hajjash kabul megardadu gunohoyash shusta megardad,ki heshu akrabosh va hamsoyagonash gurusna naboshand.

Ном: Samak аз: Farkhor
29.06.2009 00:59
Lutfan bigued, ki navishtai man ba kadom bandi odobi bahs durust nameoyad? Va charo onro chop namekuned?

1. Мо талош надорем Шуморо дар изҳори андеша ва ақидаатон маҳдуд кунем. Аммо маводеро, ки дорои тӯҳмат, дашном, беобрӯкунӣ, беназокатӣ, таҳқир, даъват ба зӯроварӣ, порнография, таҳдид, тавҳин ва табъиз аст, нашр намекунем. Мо ҳамчунин маводеро нашр намекунем, ки даъват ба бадбинӣ доранд ва ё ғайриқонуниянд. Чунин мавод бо тасмими маъмурияти сомона маҳв карда мешаванд.

2. Баҳсҳои мо ҳадафи тиҷоратӣ надоранд.

3. Лутфан маводеро ҷой надиҳед, ки ҳама гуна ҳаққи муаллифӣ ё тамғаи тиҷоратиро нақз мекунанд.

Ном: Devashtitsch аз: Vodii Zarafshon
29.06.2009 01:31
Barodari aziz Muhammad az Dushanbe ! Tu albatta sohibi moli hudati! Yagon kas turo majbur nakardas,ki yatimonu aftodagonro dastgiri kun !Rahmon fakat hohish kardast,ki mo ba in kori nek , ya"ne baroi obu rui Jumhuriamon va baroi nekuahvolii halkamon kame boshad ham kumak kunem, ba joi se-chor bor Haj raftan. Az rui navishtahoyat ,fikr mekunam ,na tanho rivoyathoi dinniro, balki oyatu surahoi Kuroni sharifro niz mutolia karda boshi. Agar ha , dar on jo dar borai kori savobu , dasti yatimonro giriftanu, sadaka kardanu, sahovatmand budanu, javonmard budanu...albatta duchor gashtai. Dar borai hukuki zan , ki tu navishtai , rosti chize guftani nestam. On chize ,ki ajon ast, hojat ba baen nest,(hukuki zanoni tojikro dar nazar doram) umuman in digar mavzu ast. Dar borai peshrafti mardum guftaniyam,ki mardum boyad hudash pesh ravad, mo naboyad intizori Rahmon e kasi digar shavem.Mo boyad baroi peshraftu nekuahvoliamon jadal kunem., ilm omuzem.
Dar ohir baroi hama hushbahti orzu kardanat , tashakkur , vale bo in guna fikrhoi darhamu-barham hushbaht shudan ba gumon.

Ном: беватан
29.06.2009 03:33
салом бар миллати бечораи точик. ба ин чаноби Оли бояд гуфт ки чаро аз хисоби худашон дар бонкхои хоричи ба ин мушкилот расидаги намекунанд? агар мардум тамоми мушкилотро халл кунанд пас давлат барои чи лозим аст? мардум инхама молиёти миёншикан парлохт мекунан ин пулхо кучо меравад ки боз пуле ки барои адои фаризаи диниашон мехоханд харч кунанд бояд ба мушкилоти давлат бипардозанд.бехтар буд ба чои фатво додан ба кори худ машгул мешуданду баркро ба мардум медоданд ки ин хел вазият миллатро ба наздики аз байн мебарад.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил