Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Минтақаҳо

Қиссаи шоир ва дарахтони арар

Шоир Анвари Андаробӣ

25.06.2009

Аҳли хонаводаи шоир Анвари Андаробӣ дар Хоруғ чанд моҳ боз зери хатар ба сар мебарад.

Аммо ба манзили шоир на селу сангчарх ва обхезӣ, балки хатари афтодани дарахтони куҳансоли арар, ки бардоштанашон аз ҷониби муассисаи манзиливу коммуналӣ бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтодааст, таҳдид мекунанд.

Як моҳ қабл дарахти арар боиси фурурезии боми як утоқи хонаи шоир шуда, бинобар тасодуфи хушбахтона касе зарар надидаст. Аммо тайи ин муддат талошҳои шоир барои бадоштани ду тан дарахти арар, ки хатари афтоданашон болои манзил ҳар лаҳза вуҷуд дорад, натиҷае надодааст ва ахиран муассисаи коммуналӣ дарахтонро моли шоир ва буриданашонро кори молик эълон кардааст.

Аммо шоир алорағми душвориҳои иҷтимоӣ ва нороҳатиҳои зиндагӣ шаҳри маҳбуб, ишқу зебоиро бо шеърҳои нав ба нав тараннум мекунад.

Дар манзили зери хатари шоир ҳамаруза 7-8 кас аз шумули хонавода ва хешу табор аз маҳалли дурдаст ҳузур доранд. Ба гуфтаи Анвари Андаробӣ, аммо зери хатари фурурезии бом ва афтодани дарахтон низ илҳоми шоирона гоҳ-гоҳе вайро ба домани хаёлоти лирикӣ мекашонад ва шеърҳои нав рӯи коғаз меоянд.

Ахиран раиси шаҳр Мулкамон Назаралиев шахсан ба идораҳои зидахл дар мавриди ҳарчи тезтар бардоштани дарахтони куҳансоли арар ва бартараф намудани манбаъи хатар бо манозил супориш додааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Mukhlis аз: Badakhshon
26.06.2009 06:58
Anvari Andarobi,

Man oshiqi harfhoi dilchaspi shumoyam ki hamesha hamsadoi dardi dili man hast. Fakhru iftikhor az mahorati sukhanroni va ejodkorii shumo dorem. Baroyat az dargohi Khudowandi mutaol dar korhoi ejodi va zindagii ruzmarraaton burdboriho khohonem.

Bo duo, muhabbat va samimiyati beokhir,
dustdor va mukhlisi hameshagii shumo

Ном: Парвона аз: Хоруг
26.06.2009 15:29
Вакте киссаи шоир ва дарахтони арарро хондам бугз гулуямро гирифт.Зарфияти вучудам лабрези андух шуд. Наход, ки то ин андоза табакаи зиёии кишвар ва рушанфикрони диёр хору зору залиланд, ки хатто дарахти дари хонаашон хам тахдид чони уву фарзандону мехмононаш бошад.вой бар милате, ки ахли зиёаш гирифтори чунин холанд.
афсус, ки мо зинда бузургон нашиносем
онгох шиносем, ки гуем кучо рафт.

вокеъан хам зебо сурудааст дарди зиёиёни миллати моро Мавлави " Чаро мурдапарасту хасми чонем" Мурдахоро меситоем дар хаддди парастиш аммо зиндахоро беарзиштар аз хама чиз медонем. садояшонро дарди дилашонро намедонем. Хак гуфтааст зиёие ки " Дар диёри худ гариб афтодаем"
Харфи аз Ниче аст. Миллате, ки ба гузаштаи худ бисёр ифтихор мекунад. Миллате ки пайваста таъкид мекунад ки ДАР ГУЗАШТА арзишхои Бузургеро сохиб буд ин миллат пир шудааст ва ин нишонаи пириии уст" Биёед азизон ба баданаи пиршудаи миллатамон омпулхо ва тазрикоти тоза бизанем ва аз дарди ГУЗАШТАПАРАСТИ рахояш кунем ва азизон ва бузургоне чун АНВАРИ АНДАРОБИРО имруз ки бо мост кадр бидонем ва нагузорем ки хатто арархои дастпарвари худаш ранч ва азобаш диханд.
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил