Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Иқтисодиёт

Дусад рӯзи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

19.06.2009

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад то поёни ин моҳ барномаи иқтисодиеро таҳти унвони «200 рӯзи ислоҳот» ба тасвиб расонад.

Ин матлаб дар ҷамъи соҳибкорони тоҷик зимни ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон эълон шудааст. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдом анҷоми ислоҳот дар бахши маъмурӣ ва идораи соҳибкорӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳбуд бахшидани фазои сармоягузорӣ мебошад.

Барномаи «200 рӯзи ислоҳот» иборат аз тадобири кӯтоҳмуддати ҳукумат барои суръат бахшидан ба ислоҳоти идораи иқтисодиёт, ҳамгунсозии санадҳои қунонгузорӣ ба мавозини байнулмилалӣ, ҷалби сармоя ва ба ин тартиб боло бурдани мизони рушди иқтисодӣ хоҳад буд.

Ин барнома дар сурате, ки таваҷҷӯҳи аслӣ ба масъалаҳои умда, назири муқобила бо коррупсия ё фасод, дар он ҷойи аслиро дошта бошад, метавонад то ҷое муваффақ шавад ...
Зайдулло Сайидов, раиси анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи шӯрои машаваратии назди раисиҷумҳур ширкат дошт, дар мавриди иқдомоти умдаи барномаи «200 рӯзи ислоҳот» гуфт, ҳадаф аз ин барнома дар ҳамин муддат бартараф намудани камбудиҳое мебошад, ки дар роҳи рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя вуҷуд дорад. Ва инчунин мутобиқсозии меъёрҳо ва мусоидат барои ҷалби сармояи хориҷӣ.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон чунин иқдомеро дар ҷиҳати ҷалби сармоя ва беҳбуд бахшидани фазои сармоягузорӣ як амали таҷрибашуда медонанд ва мегӯянд, агар дар воқеъ истифодаи аҳсан аз ин фурсат сурат бигирад, хеле аз масоил, ба вижа масъалаи ҳамгунсозии барнома ва қонунҳои Тоҷикистон ва таъмини шароити шохисҳои саромягузорӣ, метавонад ҳалли худро пайдо кунад.

Дар ҳамин ҳол Масъуд Собиров, мудири кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи иқтисодиёти Тоҷикистон, мегӯяд, ин барнома дар сурате, ки таваҷҷӯҳи аслӣ ба масъалаҳои умда, назири муқобила бо коррупсия ё фасод, дар он ҷойи аслиро дошта бошад, метавонад то ҷое муваффақ шавад.

Ба эътиқоди оғои Собиров, фасодзадагии густарда дар ниҳодҳои Тоҷикистон монеи аслии сарозер шудани сармояи хориҷӣ ба кишвар шудааст. Ва дар ин марҳила ва фурсати дусадрӯза бояд таваҷҷӯҳи аслӣ рӯи ҷустуҷӯи роҳҳои коҳиши мизони фасод ҷалб шавад. Агарчанд, мегӯяд оғои Собиров, ба натиҷаҳои қобили мулоҳизаи ин барнома бовари чандоне надорад.

Дар айни ҳол бархе дигар иқтисодшиносон ба муваффақияти барномаи 200 рӯзи ислоҳот ба назари шубҳа менигаранд. Нуриддин Қаюмов, раиси пажӯҳишгоҳи иқтисоди вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон, ин иқдоми кумиятаи сармоягузориро чандон бунёдӣ ва ҷиддӣ намедонад ва мегӯяд, ин барнома ба хотири ӯ барномаи панҷсад рӯзи Чубайсро дар Русия меорад.

Оғои Қаюмов ҳамчунин афзуд, умдатарин шохисҳо барои ҷалби сармоягузорӣ ва фазои муносиб аз нигоҳи ҳуқуқӣ барои ин кор дар Тоҷикиситон фароҳам шудааст. Зарфи чанд соли охир ба манзури дарёфти узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва иттиҳодияи гумрукӣ иқдомоте дар ҷиҳати ҳамгусозии қавонин бо мавозини байнӯлмилалӣ сурат гирифта, ки ҳамзамон фазоро барои сармоягузорӣ мусоидтар кардааст. Аммо оғои Қаюмов низ мегӯяд, муҳимтарин мушкили иқтисоди Тоҷикистон боз ҳам маҷудияти фасод аст, ки сармоядоронро мегурезонад.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Хасани Аробакаш аз: Канада
20.06.2009 18:33
Нияти хуб! Нияти нек ними давлат мегуянд. Вале оё дар 200 руз бо магзхои фарсуда ва хатто дар баъзе аз мавридхо мутаассифона холи аз магз метавон ба ислохот расид? Шояд ягон нафареро бо фикри тоза хачун маслихатчи аз Чопун ва ё Кория даъват кардан даркор, мисле ки Казокистон ин корро дар давраи аввали истиклолият кард? Ба хар хол нияте, ки боиси табрик ва тахният аст. Ин нияти неки президент бояд дастгири ёбад! Илтимос, дуздхои гирду атроф халал нарасонед!

Ном: muhammad аз: hisor
20.06.2009 22:00
salom in rohi bozi darowardani shahrwandoni Tojikiston ast

Ном: Хокирох аз: Биёбон
23.06.2009 20:12
Сухани Руз_ Ба чои Чумчук-Арал дар Хучанд ва дигар чоххо корхонахои саноати, атлас ва колинбофиро месохтанд, бехтар мебуд!

Ном: озод аз: маскав
24.06.2009 11:35
дар точикистон ислохоти иктисоди гузаронидан хело мушкил аст.сабаб дар он аст ки вазифа бо пул савдо мешавад ва сохибони вазифа дар ин мулк 91 фоиз бесаводанд.инмансабдорон пеш аз хама дар фикри пули аз даст додагиш барои вазифа.агар одамони болаекат ки хисси ватандорию милатшиноси доранд ба сари давлат биеянд ватанамон дар ду-се сол обод мешавад.
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил