Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти муаллифи "Санги мазор"


Абдулло Қодирии Мумтоз, шоири маъруфи тоҷик дар синни 73-солагӣ бар асари сактаи дил аз ин ҷаҳон чашм пӯшид.

Охирин навиштаҳои шоир дар куллиёташ бо номи «Лаҳни Булбул» ҷамъоварӣ шудааст, ки як сол қабл аз нашр баромада буд.

Абдулло Қодирӣ яке аз камтарин шоироне будааст, ки зодгоҳаш пойтахти Тоҷикистон аст. Ӯ моҳи январи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро ҳам дар пойтахт хатм кардаву, таҳсилашро дар факултаи суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома додааст. Ӯ дар нашрияҳои маҳаллӣ ва филармонияи давлатӣ фаъолият кардааст.

Нахустин шеъри Абдулло Қодирии Мумтоз дар синни 21-солагиаш эҷод шудааст ва то ба имрӯз ашъори ин шоир дар беш аз 10 китоб нашр шудааст.

Абдулло Қодирӣ дар дохилу хориҷ аз кишвар чун таронанавис маъруфият дошт. Аксари шеърҳои ӯ аз ҷониби оҳангсозону овозхонони маъруфи тоҷику афғону эронӣ мисли Кароматуллоҳи Қурбон, Зафар Нозим, Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Лайло ва Афсона ба оҳанг дароварда шудааст. Сурудҳои маъруфи «Аввалин ишқам ту будӣ», «Санги мазор», «Аскарбачаҳо», «Нигори Нозанин» бо қалами марҳум навишта шудаанд.

Шоири маъруфи тоҷик, муаллифи таронаҳои маҳбуб Абдулло Қодирии Мумтоз дар ниҳояти хоксорӣ мезист ва танҳо гурӯҳи хурде медонистанд, ки муаллифи беҳтарин ва дилнавозтарин таронаҳои форсизабонони асри бист кист.
XS
SM
MD
LG