Панҷшанбе, Феврал 23, 2012 Соат ба вақти Душанбе 12:41

Тоҷикистон

Президент шаффофияти интихоботро кафолат дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи худ ба ҳарду табақаи порлумони кишварро ироа кард.

x

Чандрасонаӣ

Садо
Ҳаҷми матн - +
Дар порлумон, бар иловаи вакилони мардумӣ, ҳамчунин раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин зиёиён низ ҳузур доштанд.

Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ

Таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин паём ба коҳиши пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва чораҳои ҳукумат дар ин самт мебошад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ талаб кард, то ба сарфаи маблағҳои буҷа таваҷҷӯҳ кунанд, аз масрафоти беҳуда даст бикашанд, сафарҳои хидматиро то ба 80 дарсад коҳиш бидиҳанд, аз баргузории чорабиниҳои нозарур сарфи назар бикунанд.

Раисҷумҳур барои дастгирии соҳибкории хурд ва миёна пешниҳод кард, ки андоз аз даромад аз 25 % то 15%, андоз аз нархи изофа аз 20% то 18% коҳиш дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилон муроҷиат карда гуфт, барои ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар як қатор қонунҳо тағйирот дароранд.

Истиқлоли энержӣ

Президенти Тоҷикистон гуфт, дар чаҳор соли наздик Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, дар семоҳаи аввали имсол дар кишвар 15 нерӯгоҳи хурд бунёд шудааст ва то охири сол шумори онҳо то ба 50 бояд бирасад. Ӯ гуфт, то миёнаҳои моҳи май бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 тамом шуда, он ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ӯ гуфт, сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар охири соли 2011 анҷом хоҳад шуд.

Раисҷумҳур гуфт, дар чаҳор соли наздик ҳукумати Тоҷикистон барои таҷдиди нерӯгоҳи Норак 480 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад кард ва аз ин миён 80 миллионаш аз грантҳои созмонҳои хориҷӣ иборат хоҳад буд. Ӯ гуфт, дар ҳамин ҳол сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун, Нуробод-1, Нуробод-2 ва нерӯгоҳҳои хурд дар дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш идома дода хоҳад шуд.

Президент ҳамчунин гуфт, то охири имсол пойтахти кишвар бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд.

Соли Имоми Аъзам ва Қонуни нави дин

Дар паёми худ президенти Тоҷикистон гуфт, вақтҳои ахир сарусадоҳоест, ки гӯё самти сиёсати давлати Тоҷикистон аз дунвяӣ ба динӣ тағйир ёфтааст. Президент ин сарусадоҳоро рад кард, ва гуфт, бо назардошти он ки 99 дарсади аҳолии кишвар мусалмонанд, арҷгузорӣ ба Ислом ҳамчун ба як сарчашмаи бузурги ахлоқиву маънавӣ як амри муқаррарист.

Ӯ гуфт, дар баробари ин Сарқонуни Тоҷикистон баробарҳуқуқии ҳамаи дину мазҳабҳо ва озодии виҷдонро кафолат додааст ва дунявият ҳамоно самти аслии сиёсати давлат аст. Президент гуфт, ҳамаи ин меъёрҳо дар қонуни нави дин, ки чанде пеш ба тасвиб расид, возеҳу равшан ифода ёфтааст.

Маориф ва тиб

Президенти Тоҷикистон бо таъкиди он ки синни миёнаи аҳолии кишвар 24 сол аст, ба рушди соҳаи маоиф таъкид кард. Ӯ пешниҳод кард, ки сар аз якуми сентябри 2010 таҳсили 10-сола ҳатмӣ гардонида шавад ва сар аз якуми сентябри соли 2014 низоми нави таҳсилот ҷорӣ шавад.

Президент ҳамчунин тақозо намуд, то ба рушди соҳаи тибби хусусӣ таваҷҷӯҳ дода шавад.

Қонуни забон

Президенти Тоҷикистон гуфт, пас аз 20 соли қабули қонуни забон, ҳамакнун, гурӯҳи олимону коршиносон сари лоиҳаи наву мукаммали қонуни забон кор карда истодаанд, ва ин қонун дар арафаи таҳия аст. Президент гуфт, бо назардошти он ки забон як рукни муҳимми таҳкими худшиносӣ ва давлатдорист, бе рушди забони давлатӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем.

Ваъдаи интихоботи шаффоф

Раисҷумҳур дар паёми худ ба зарурати таъмини шаффофияти интихоботи порлумонии соли оянда таъкид кард ва аз эҳтимоли даст ёфтани авомили нуфузӣ дар интихобот изҳори нигаронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳаводиси оғози истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ки интихобот бояд дар фазои оромӣ ва субот доир шавад. Ва таъкид кард, ба унвони кафили Қонуни асосӣ шаффофияти интихоботро таъмин хоҳад кард. Вале ҳамзамон аз мудохилаи авомили хориҷӣ ҳушдор дод. Ӯ гуфт, ҳаводиси авоили навадуми қарни гузашта бояд сабақ бошад ва набояд боз ба бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ шудан роҳ дод.

Вокунишҳо

Паёми солонаи раисҷумҳур ба порлумони Тоҷикистон боиси вокунишҳои мухталиф дар маҳофили сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар шудааст. Чанд нукта аз суханронии раисҷумҳур бештар мавриди таваҷҷӯҳ ва вокуниш шудааст, аз ҷумла, таъкиди раисҷумҳур ба зарурати таъмини шаффофияти интихоботи порлумонии соли оянда ва навъе изҳори нигаронӣ аз эҳтимоли даст ёфтани авомили нуфузӣ дар интихобот ва инчунин иҷрои барномаҳои энержӣ то се соли дигар.

Бархе намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, суханони Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмаш ба порлумон роҷеъ ба зарурати интихоботи шаффофи порлумонӣ дар соли оянда, ҳамроҳ бо навъе нигаронӣ ва ҳушдор аз эҳтимоли даст ёфтани авомили нуфузӣ дар миёни гурӯҳҳои сиёсӣ будааст.

Назароти сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон дар ин мавридро метавонед бо пахши рамзи аудио дар баробари исми эшон дар кунҷи рости ин саҳифа бишнавед.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 
Ном: Korgari Cirk
15.04.2009 13:08
Rosti gap ba suhan guftan ba prezidenti Tojikiston yagon kas barobar nameshavad neki amal kardan afsus ki amal nadorad baroi hamin Hudo gufta bgarden Tojikoni dnyo.

Ном: Nekruz аз: Zimtud.Polgar
15.04.2009 13:36
Salom ba hama hamvatanoni aziz.ilo bayd.Man khele khele khushholam az on ki hamchunin igdomhoe va peshnihodote az jonibi raisjumhuri muhtaram peshnihod shudaast.va man hamchun yak shahrvandi jumhurii Tojikiston va hamchun yak javoni jomeyai Tojik jonibdori harfhoi raisjumhur hastam.Va khostgori on hastam ki in harfhoi raisjumhur zuddtar amali shavand va mo va dar kul jomeai mo az vazyi imruza ki khele khele kambudi dar jomeai mo vujud dorad to hadde ki bitavonim rui poi khud ustuvor boshim mushkilotho hal shavand.va chunon ki dar matni bolo va dar harfhoi raisjumhur ovarda shudaast khususan ba sohai mayorif va tib boyad ahamiyati jiddi dod.va man jonibdori onam ki har tavone har nirue ki hukumatu davlati mo dorad to haddi tavon va meyori arzish ba sohai mayorif ahamiyati khos dihand.chun baroi peshravii jomeya baroi tashakkuli jomeyai mo ki dar haddi jahoni va y dar radifi davlathoi jahoni avval shinokhta shavim boyad az ilmi imruza ki harruza harruz tagviyat meyobad barkhurdor boshim.chun niyozmand hastim mo va jomeyai kunuii mo.va baroi ravona shudan ba in samt boyad harfhoi raisjumhur piyoda kardashavand.
Sarmad.

Ном: Daler
15.04.2009 13:43
Charo siyosatmadoron mardumro fireb medihand. Agar Davlati Tojikiston ba man haqqi ozodii vijdon dodaboshad charo maro az kabul kardani mazohibi digar islomiro manmekunand, man haq doram budist , bedin vayo zardushti shavam. Va in yak tanoquzast ki ham dunyavi boshi ham mazhabi Abu Hanifaro mazhabi rasmi qaror dihi.

Ном: Салим аз: Дангара
15.04.2009 14:09
салом ба хама
Гапро кам кардан даркору амалро бисёр.
Як конун дар бораи дуздони дарбори хам барор охир.

Ном: Беном аз: Душанбе
15.04.2009 14:46
Бах-бах кисахоямон пури чормагз шуд. Албатта ин дафъа аз чормагзхои Помир ба мо доданд. Хайр агар Худо накушад то ин чормагзхои кисаамон тамом мешавад, ки боз як соли дигар мегузарад.
Дар хакикат мардуми факири бесаводро идора кардан мушкил аст. Як пора нон медихи бо хамон аз ту хурсанд ва туро мисли Худо парастиш мекунад. 16-17 сол боз чунин паёмхоро мешунавем. аммо афсус, ки паёмрасон дигар намешавад. Оё замоне мешуда бошад, ки мардуми точики хамеша зулм дида паёми сафедеро дарёфт намояд?.....

Ном: Салмон аз: Кулоб
15.04.2009 14:48
се сол пешхам ваъда додабуд,ки проблемаи барк аз байн меравад,лекин то хол мардум бебаркиро хис карда истодааст.
Мардум хамаашро мефахмад ва медонад,дигар ба ваъдахои пурдуруг бовар намекунад.

Ном: Салим аз: Самарканд
15.04.2009 14:53
Агар хамин хел бо гапхои хушку холи кор пеш рафтан гирад, баъди 10 соли дигар дар чахон точик намемонад. Точикон ба дигар кавму миллатхо дохил мешаванд. Ана ёбу гир. Точикро ба микроскоп намеёби дар оянда. Нимаш туркзабон, нимаш русзабон ва ними дигараш хитои мешавад. Телевизионхои Точикистон бошад танхо куххо ва дарёхоро нишон медиханд. Ин маънои онро дорад, ки хамин обхои мо замоне сари точиконро мехуранд. Тамринхои низомии ба наздики баргузоркардаи Узбакистон дар наздикии сархади Точкистон аз хамин чиз гувохи медиханд.

Ном: Абдулхак аз: Душанбе
15.04.2009 14:55
Бузак-бузак агар намири Бахорро мебини.....
Бале иншоаало 4-сол баъд "дар нохунак" бо чунин раванди пасравии давлат аз ин холат хам бадтар мешавем. Зеро то замоне, ки вазифаро бо пул мехаранд, Горатгарони давлат ба чавобгари кашида нашаванд, инсонхои дилсузу босавод сари давлат наоянд бо чунин паёмхои бепаём мардум тарсуи точик холати ободиву бехбудиро нахоханд дид. Агар чи дар тамоми корхонаву идорахо ва вазоратхонахо мачбуран фармон диханд, ки шумо хатман корхоятонро партофта биёед паёми паёмрасонро гуш кунед.
Аммо чи натичае хохад дод, номаълум....

Ном: Ali аз: Az Macho
15.04.2009 15:15
Телевизионхои Точикистон бошад танхо куххо ва дарёхоро нишон медиханд. Ин маънои онро дорад, ки хамин обхои мо замоне сари точиконро мехуранд. Тамринхои низомии ба наздики баргузоркардаи Узбакистон дар наздикии сархади Точкистон аз хамин чиз гувохи медиханд.Телевизионхои Точикистон бошад танхо куххо ва дарёхоро нишон медиханд. Ин маънои онро дорад, ки хамин обхои мо замоне сари точиконро мехуранд. Тамринхои низомии ба наздики баргузоркардаи Узбакистон дар наздикии сархади Точкистон аз хамин чиз гувохи медиханд.

Ном: Номдор аз: Душанбе
15.04.2009 15:17
Ачибу ачибу ачиб......
Сафари хидматии мора 80 процент кам мекардаасту хидаш то ба Монголия меравад.
Бигуен ки як сафари Чаноби Оли чанд хазор меша?
Баъди чор сол боз мега ки боз чор солаки дига токат бикунен.
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо