Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон баъди сӣ соли инқилоби исломӣ


Сӣ сол пас аз инқилоби исломии соли 1979-и Эрон, ваъдаҳои адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ иҷронашуда боқӣ мемонанд.

Имрӯз мардуми Эрон дар ҳоле аз рӯйдодҳои 30 сол пеш ёд мекунад, ки сатҳи бекорӣ ва таваррум дар кишвари нафтхез ба таври бесобиқа боло рафта, коҳиши даромад ба нуқтаи заъфи ҳукумати исломӣ табдил ёфтааст. Ҳасрати замони пеш аз инқилоб имрӯз ормонҳои сисоларо зери шубҳа бурдааст.

Сӣ сол пеш инқилобиюни Эрон ваъдаҳои адли исломӣ, шукуфоӣ ва мардумсолории Рӯҳуллоҳ Хумайниро дар дил гирифтаву ба ояндаи худу фарзандон бо чашмони пур аз умед менигаристанд ва ин ояндаро дурахшон медиданд. Аммо 30 сол гузашту ояндаи дурахшон наёмад, ки наёмад. Фарзандони инқилобиюн ба воя расиданд ва дар ҷомеае ба сар мебаранд, ки кор нест, озодиҳо маҳдуданд ва умедҳо ба оянда заъиф.

Ризо, ронандаи 33-солаи мошини боркаш аз Сабзвор, инқилобро дар ёд надорад, аммо аз падараш - ширкаткунандаи инқилоб шунидааст, ки беадолатиҳои замони шоҳ ӯро ба майдон баровард. Аммо ҳамин падараш буд, ки ба Ризо аз густариши бештари фосила миёни сарватмандону фақирон шиква мекард.

Бисёре аз эрониҳо бо Ризо ҳамфикранд ва мегӯянд, аз нафту гази фаровони кишвари худ баҳре надидаанд. Қонуни асосии ҷумҳурии исломӣ барҳам додани фақру беҳуқуқиро вазифаи муқаддас мешуморад ва таъмини ниёзҳои аввалияро, монанди ҳуқуқ ба манзил, беҳдошт, шуғл ва ҳуқуқҳои дигар, бар дӯши ҳукумат мегузорад. Аммо бар тибқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ин ҳукумат дар бисёр риштаҳо ноком будааст. Бонки марказии Эрон мегӯяд, 14 миллион нафар дар ин кишвар зери хатти фақр ба сар мебаранд. Наздик ба 20 дарсади аҳолӣ бекор ё камкор аст ва ҳама бо сатҳи 25 дарсадии таваррум даст ба гиребонанд. Аҳмад Алавӣ, иқтисодшинос ва устоди донишгоҳ дар Шведсия мегӯяд, мушкилиҳо бештару бештар мешаванд.

Пас дар ин 30 сол ҳукумати исломӣ чӣ кардааст. Фаридуни Хованд, профессори Донишгоҳи Порис мегӯяд, барҳақ, иқтисодиёт яке аз бузургтарин нокомиҳои инқилоб будааст.

Ба думболи инқилоб низоми бонкӣ ва дигар саноеъи калидӣ миллӣ карда шуданд. Ширкату корхонаҳои зиёде аз сарватмандон ва тарафдорони шоҳ, ки фирор карда буданд, мусодира ва ба ихтиёри бунёдҳои таҳти назорати давлат мунтақил шуданд. Ин бунёдҳо аз пардохти ҳама гуна андоз озод гаштанд. Фоидаи ин моликият ва фаъолиятҳои иқтисодию тиҷоратии ин бунёдҳо раҳбарони нави рӯҳонии Эрон ва атрофиёни онҳо ба сарватмандони нав мубаддал кард. Фасод, ноӯҳдабароӣ, гурӯҳбозӣ ва муборизаи қудрат низ иқтисодиёти кишварро ба гирдоби худ кашид.

Бархе аз иқтисодшиносон ва ҳатто ҳамкорони собиқи ҳукумат дар Эрон мегӯянд, вазъ дар давраи Маҳмуди Аҳмадинажод бадтар шуд. Аз сӯи дигар ташаннуҷофарии сиёсати беруна низ ба ин вазъ бетаъсир намонд.

Ризо, писари яке аз инқилобиюни пешини Эрон, мегӯяд, бояд ояндаи кишвараш дар як назархоҳии умумии таҳти назари Созмони Милал рӯшан шавад.

Шояд ба аломати боз ҳам амалӣ нашудани орзуҳои Ризо, презридент Аҳмадинажод ҳафтаи гузашта ёдрас кард, ки инқилоб идома дорад ва то замоне идома хоҳад кард, ки кишвараш ба адли иҷтимоӣ бирасад.
XS
SM
MD
LG