Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбандӣ ва нигаронӣ ба маҳрумшавӣ аз чарогоҳҳо


Сокинони маҳалли Рангкӯли ноҳияи Мурғоб дар нома ба мақомоти ноҳия бо изҳори нигаронӣ аз маҳрумшавии чарогоҳҳо бар асари марзбандии байниТоҷикистон ва Чин хостори ба ихтёрашон додани чарогоҳҳои нав дар дигар манотиқи ноҳия ва кумакпулӣ барои бунёди маъвоҳои нави чӯпониашон гардидаанд.

Сокинони ноҳия гуфтанд, ки ба дунболи таъйини хатти нави марз аз 42 дарае, ки онҳо алҳол дар онҷо чорвояшонро парвариш мекунанд, 37-тоашон ба Чин тааллуқ мегирад ва ин ҳолат ба мушкилоти иҷтимоъиашон меафзояд.
Раиси ноҳия Майрамбек Тойчиев таъйид кард, ки дар сурати марзбандӣ зиёда аз 5 000 моли майда ва наздики 2 000 ҳайвони шохдори калон аз чарогоҳ маҳрум мешаванд. Ӯ афзуд, ки дар ҳамин ҳол макомоти ноҳия ба сокинон дар дигар манотиқи наздик ба маҳалли Рангкӯл ва барои бархеашон тибқи хостаашон дар мавзеъи Чоштебе ҷой ҷудо мекунад.
Аммо сардабири нашрияи ноҳиявии «Сарикӯл» Султон Парманов изҳор дошт, ки мавзеъи Чоштебе барои парвои чорво мусоъид аст, аммо бинобар дурӣ аз марказ ва роҳҳои ҳамлу нақли то ба ҳол касе ин мавзеъро барои будубош ихтиёр накардааст.
Ба гуфтаи сокинон хутути нави марз аз маҳалли Рангкӯл дар бархе аз чойҳо то ба 3 ва дар бархеи дигар то 15 километр дур қарор мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Максадбек Ойтек, омӯзгори фанни географияи мактаби Рангкӯл, гуфт, ки бар асари таъйиноти хатти нави марз ҳамчунин бархе аз маъодини сангҳо ва фулузоти қиматбаҳо ба дасти Чин мегузарад.
Геолог Бекдавлат Бекдавлатов таъйид намуд, ки бо анҷоми марзбандӣ як қисмти кони тилои Рангкӯл дар тарафи Чин мемонад. Ӯ мегӯяд, ки ба чунин ҳолати номуайяни дучор шудани кони тилои Рангкӯл ширкати сармоягузорони хориҷиро, ки ба коркарди ин кон мароқ зоҳир карда буданд, таҳтушшуоъ қарор медиҳад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини марзбононӣ дар Мурғоб аз он бонги изтироб мезананд, ки ба дунболи поёни фаъъолияти кумисиюни муштараки тоҷикистониву чинӣ оид ба таъйини хатти марз сокинони Рангул симчӯбхои 17 километри хатти марзро тахриб намуданд. Мақомоти ноҳия мегӯянд, ки дар натичаи кори фахмондадиҳӣ аҳолӣ симчӯбҳои рабударо ба марзбонон баргардонанд.
Ёдовар мешавем, ки 1000 километри мураббаъи воқеъ дар Помири шарқии ҷумхурӣ соли 2001 тибқи як муоҳидаи байни раҳбарони Тоҷикистону Чин дар Пекин ва бидуни ризояти Маҷлиси вакилони халқи Бадахшон ба ихтиёри Чин дода шуд.
XS
SM
MD
LG