Душанбе, Ноябр 24, 2014

Минтақаҳо

Як сокини солхӯрдаи Рӯшон ҳадафи ҳамлаи гургон қарор гирифт

Ин хонуми 81-сола чанд рӯз пеш даргузашт.

Бо зиёд шудани боришоти барф ва хавфи ҳамлаи гургон, сокинони деҳоти дурдасти Бадахшон акнун субҳи барвақт ва шом танҳо аз хона ба берун  баромадан метарсанд.

Ба иттилои раёсати корҳои дохилаи Бадахшон, сокини 81-солаи деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон Наботбегим Худодова аз ҳамлаи гургон захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардид. Сокинони деҳа мегӯянд, ки гургони дарранда ба ин  зани солманд ҳангоме ҳуҷум карданд, ки вай субҳи барвақт барои таҳорат танҳо аз манзилаш берун баромадааст. Аккоси баланди сагонро шунида, ҳамсояҳо берун давиданд ва кампирро аз даҳони гургҳо халос карданд. Ҳамдеҳагон мегӯянд, ки  гург аз гардани ин зани солхӯрда газида буд ва ӯ ба худ наомада ҷон дод. Сокинони Баҷув мегӯянд, ки субҳу шом метарсанд, ки танҳо аз хона берун бароянд.
 
Сухангӯйи Раёсати корҳои дохила Мизроб Доробов гуфт, ки ба дунболи ин ҳодиса гурӯҳи  фаврии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рӯшон ба манзури шикор ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гургони дарранда ба сокинон, ба маҳали Баҷув сафарбар шуданд.
 
Масъулини раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон мегӯянд, ки сардии ҳавову боришоти зиёди барфи моҳи феврал ва камбуди ғизо, ҳайвоноти даррандаро водор мекунад, ки аз кӯҳҳо ба наздикии маҳалҳои аҳолинишин фароянд ва ба ҷонварҳои хонагӣ ва инсонҳо ҳамла оранд.  Мизроб Доробов гуфт, ки барои шикори гургҳо маблағи ҳангуфте ихтисос дода шудааст, чун  ҳодисаҳои ҳамлаи гургҳо ба сокинони маҳаллӣ дар солҳои ахир як тамоюли нигаронкунанда шудааст.
 
Озода СаиднуруллоеваОзода Саиднуруллоева
x
Озода Саиднуруллоева
Озода Саиднуруллоева
Моҳи январи гузашта ҳам як хонуми солхӯрдаи сокини деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон Озода Саиднуруллоева ҳам мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифт. Селаи гургон ба сокини 90-солаи ин деҳа  ҳамла карда, ӯро шадидан маҷрӯҳ карданд. Ӯ муддати зиёд дар  бемористон захми дандони ин ҷонвари ваҳширо муолиҷа кард.

Мутахассисон мегӯянд, гург як ҷонвари нирӯманд буда, дар сурати ноилоҷӣ ва гуруснагии шадид, аз инсон намеҳаросад. Маъмулан шикори гургон ба таври гуруҳӣ сурат мегирад ва аз ин хотир, ҷилавгирӣ аз ҳамлаи онҳо ҳам кори осон нест.

Тибқи иттилои шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия Рӯшон ва ҳам шикорчиёни маҳаллӣ, дар муддати қариб як моҳи амалиёти зидди гургҳо, танҳо ду сар гург ҳадафи тири инсон қарор гирифтааст. Дар зимистон ва остонаи баҳор, ба иттилои мутахассисон, бо коҳиши ғизову кам шудани сайди шикор, гургҳо махсусан хатарнок мешаванд.

Радиои Озодӣ
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Беном
04.02.2013 14:50
Gurgon ham ba misli odam nafs doran. Onho ham niyoz ba xurok dorand, va mo insonho ki ba qavli Xudovand xalifai u dar ruyi zaminem, boyad az digar mavjudot, ki nisbat ba mo dar aql ojizand kumak rasonem. Ba joi parondani guron, onhoro boya ba xurok tamin kard.

Ном: перс аз: власть перс
04.02.2013 17:56
Тибқи иттилои шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия Рӯшон ва ҳам шикорчиёни маҳаллӣ, дар муддати қариб як моҳи амалиёти зидди гургҳо, танҳо ду сар гург ҳадафи тири инсон қарор гирифтааст. куштани гург ин маънои кам кардани онро надорад, барои пешгири аз хамла барои гургон таъмин намудан бо гизо хубтар мешуд. чунки то охирин гурги гурусна ба одам хамла хохад кард. нест кардани ин намуди чонварон окибати хуб хам надорад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ном: Сафар аз: Вахдат
04.02.2013 18:34
Шахрвандони ИМА ва Канадаву Австралия кушиши парвоз ба сайёраи Марсро доранду кампиракхои диёро моро гургони гурусна шикор мекунанд дар асри 21!
Дар посух

Ном: ba Сафар аз: Avast
05.02.2013 11:09
Injo gap dar borai foijea raftaistodaast. USA, Australia, Kanada, Mars va asri 21 bo in fojea chi alokamandi?? Ba fikram dar kaifi NOS budi vakti navishtani in comment.

Ном: Беном
04.02.2013 22:53
Худованд ин модари захмиро шифои комил дихад.
Худованд мархумро чояшро чаннат гардонад ва ба наздиконаш сабри чамил дихад.

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype