Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифоъ: "Ҷавони боздоштшуда шиками худро буридааст"


Акси Равшан Раҳматов
Акси Равшан Раҳматов

Як созмони ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, гумонбари авбошӣ дар коргоҳи муфаттиш шиками худро бо корди канселярӣ ё коғазбурии рӯйи мизи муфаттиш буридааст.

Созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, як гумонбаршудаи авбошӣ ҳангоми бозпурсӣ дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд бо истифода аз корди канселярӣ ё коғазбурии рӯйи мизи муфаттиш шиками худро буридааст. Ин ҷавон Равшан Раҳматови 18-сола аст, ки муфаттишони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ӯро бар пояи банди 237-и Кодекси ҷиноӣ, яъне авбошӣ, айбдор мекунанд.

Ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Раҳматов, додситонии шаҳри Хуҷанд дар номаи ҷавобии худ ҷароҳат дидани шиками Раҳматовро тасдиқ кардааст.

Вакили дифоъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 25 май гуфт, шахси зерҳимояаш ҳангоми бозпурсӣ дар коргоҳи муфаттиш мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар фурсате шикамашро бо корди конселярӣ буридааст. Ба ақидаи вакили дифоъ, бо ин амал нафари таҳти ҳимояташ эътирози худро аз зӯроварӣ ва ҷараёни тафтишот баён доштааст.

Хонум Самадова афзуд, аз рӯи ин ҳолат ба додситонии шаҳри Хуҷанд шикоят бурдааст. "Прокуратура пас аз як санҷиш ба мо посух дод, ки ҳолати зӯроварӣ нисбат ба зерҳимояам тасдиқи худро наёфтааст. Аммо дар ин ҷавоб прокуратура эътироф кардааст, ки Раҳматов шиками худро худаш буридааст," -- мегӯяд Дилфарӯз Самадова.

Аммо Сироҷиддин Садриддинов, сардори шӯъбаи тафтишотии идораи корҳои дохилии Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иддаои вакили мудофеи Равшан Раҳматов дар хусуси гӯё шиканҷа шудани Раҳматов асос надорад. Вай афзуд, "додситонии шаҳри Хуҷанд ҳам ин масъаларо мавриди санҷиш қарор дод, аммо далели шиканҷа шудани Равшан Раҳматов тасдиқи худро наёфт".

Ҳамзамон ба суоли ин ки оё боздоштшуда Равшан Раҳматов дар когоҳи муфаттиш шиками худро буридааст, сардори шӯъбаи тафтишотии идораи корҳои дохилии Хуҷанд посух надод ва гӯширо гузошт.

Боздошти Равшан Раҳматов ба муноқишаи ҷавонон дар яке аз майдонҳои волейболи шаҳри Хуҷанд марбут аст, ки рӯзи 6-уми март рух додааст. Аз он вақт то ҳоло тафтиши амали ӯ идома дорад.

Дилафрӯз Самадова мегӯяд, ки ҷабрдидагони муноқиша дар мурофиаи аввалини додгоҳӣ иқрор кардаанд, ки Раҳматов дар он занозанӣ ширкат надоштааст. Яке аз ҷабрдидагон гуфтааст, омилони муноқишаро ӯ чанде пеш дар бозори "Панҷшанбе" дидааст ва бовар дорад, ки ӯ Равшан Раҳматов нест.

Дар пайи ин муноқишаи ҷавонон дар яке аз майдонҳои варзишии шаҳри Хуҷанд ду нафар донишҷӯ ҷароҳат бардошта, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ шикоят бурдаанд. Пас аз ин шикоят кормандони милиса Равшан Раҳматовро ҳамчун гумонбари асосӣ дар ташкили ин муноқиша ва расондани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба дигарон боздошт карданд.

Созмони ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" низ бо нашри як иттилоия аз васоити ахбори омма ва фаъолони вилояти Суғд даъват кардааст, дар мурофиаи додгоҳии Раҳматов, ки 26 май баргузор хоҳад шуд, иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG