Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи куштори писар дар Русия аз забони падар


Гуфта мешавад, ахиран фаъолияти гурӯҳҳои нажодпараст ва бегонаситез дар Русия бештар шудааст.
Гуфта мешавад, ахиран фаъолияти гурӯҳҳои нажодпараст ва бегонаситез дар Русия бештар шудааст.

Муҳаммадкарим Ҷалилови 32-соларо 18 апрел се нафари гӯё номаълум дар рӯзи равшан дар яке аз хиёбонҳои Маскав дар ҳоле ба қатл расонданд, ки бо бародараш Фарҳод барои харид ба мағоза мерафтанд.

Онҳо ба падар гуфтанд, ки барои шом аз мағоза торт меоранд. Вале баъд аз 5 дақиқа телефони падари онҳо Қурбон Ҷалилов занг зад, занге, ки аз фоҷеа хабар дод.

Қурбон Ҷалилов фоҷеаро ин гуна ба ёд меорад:

Қурбон Ҷалилов: Муҳаммадкарим омад, дар хона хӯрок хӯрдем, баъд гуфт, ки меравем, як торт оварда бегоҳӣ мехӯрем. Ман дар хона мондам. Баъд аз 5 дақиқа додараш занг зада гуфт, ки “акама корд заданд”. Давида рафтам, ки дар ҷояш хоб, беҳуш. Як корд дар болои дил задагӣ, тоб додагӣ, даҳ сантиметр дарун рафтааст. Ба берун хун рафтагӣ набуд. Як корд аз қафои сар задагӣ. Рагҳои дасти чапро бурида буданд. Ба духтур занг задам, духтур омад ва гуфт: “уже давно мёртвый”. Баъд аз он коргарони пулис омаданд. То соати шаш мурда дар хунукӣ дар болои асфалт мехобид. Баъди соати 6 ба МОРГ бурданд.

Суол: Киҳо корд зада буданд, маълум нашуд?

Қурбон Ҷалилов: Се кас будаанд. Ду кас меқапанд, якташ корд мезанад. Дод мезанаду “Очаҷон” мегӯяд, ки додараш метарсаду мегурезад. Баъд калониро сар медиҳанду аз қафои бачаи хурдӣ медаванд. Хурдӣ пинҳон мешавад ва вайро намебинанд. Бармегарданду 4 корди дигар мезананд ва худашон гурехта мераванд.

Суол: Ин ҳодиса дар куҷо рух додааст, дар чашми мардум?

Қурбон Ҷалилов: Дар пеши светафор. Онҳо аз қафо меоянду меқапанд ва корд мезананд. Онҳо ҳамон натсионалистоанд.

Суол: Шумо барои писаратонро ба хок супурдан чӣ кор кардед?

Қурбон Ҷалилов: То соати 8 дар идораи милиса будем. Гуфтугузор кардем, баъд бародар Иззат (Иззат Амон –РО) омад, дилбардорӣ кард. Баъд рӯзи шанбе ба идораи милиса рафтам, онҳо гуфтанд, ки ротаи 9 меравӣ. Ба ротаи 9 рафтам, гуфтанд, ки рӯзи душанбе биёед, хати вафоташро медиҳем. Рӯзи душанбе рафта хати вафоташро гирифтем. Баъд ба як агентства занг зада бо вай “договор” кардем. Вай гуфт, ки ба МОРГ равед. Рафтем вай гуфт, ки имрӯз намешавад. Ба агентства гуфтам, ки ман бояд имрӯз писарамро барам. Агар шумо натавонед, ман ба агентстваи дигар занг мезанам. Вай гуфт, ки “майлаш ҳаракат мекунем”, лекин нархашро зиёд кард. Пули вайро додем. Вай гуфт, ки ман бурда шуморо гусел мекунам. Вале моро фиреб кард. Дар маршрутка моро савор карду ба аэропорт гусел кард. Ба аэропорт рафта, бештар аз се соат аз кабинет ба кабинет ба 13 кабинет даромадем. Гирякунон даводав карда, то соати нуҳи бегоҳ дуруст кардем. Ягон кас ба додат намерасад, ки ту мурда дорӣ ё мусибат дорӣ. Баъд соати 12 шаб ба Душанбе парвоз кардем. Ана ҳамин хел... Дар Душанбе 30-40 кас омада буданд. Рости гап ман дар он ҷо гап зада натавонистам... Бурда то соати 10-и ҳамон рӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурдем.

Суол: Чанд рӯз шумо дар он ҷо мондед.

Қурбон Ҷалилов: Як ҳафта мондам.

Суол: Модараш дар Маскав бо шумо буданд?

Қурбон Ҷалилов: Не дар ноҳияи Рӯдакӣ буданд. (Аз гиря гулӯгир мешавад ва идома медиҳад). Ҳушаш мерафт, духтур меомад укол мекард. Хайр вазъи модарро дар ин вазъият шумо худатон медонед. Ҳоҷати гап нест. Гоҳ баҳуш, гоҳ беҳуш. Апаву хоҳар дар доду фиғон. Ҳамин хел...

Суол: Парванда боз шудагист, таҳқиқ мекунанд?

Қурбон Ҷалилов: Хай.... давидани мо бефоида...

Суол: Чаро фикр мекунед, ки бефоида?

Қурбон Ҷалилов: Хай, меравӣ мегӯянд, ки кофтуков мекунем. Лекин ин се нафар қотил дар камера баромадагианд. Дар камера мебинӣ, ки давида истодаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар камера сиёҳ баромадагианд. Фарқ карда намешавад, ки киянд.

Суол: Писаратон Фарҳод онҳоро вақти куштор дида буд, вай чӣ мегӯяд, рӯи қотилон ниқоб дошт, ё боз буд?

Қурбон Ҷалилов: Не, ниқоб надоштаанд. Сарашон бо капюшон пӯшонда будааст.

Суол: Дар бораи харҷи бурдани ҳамин гуна мурдаҳо чӣ мегӯед?

Қурбон Ҷалилов: 50 ҳазор рубл рафт. Дар МОРГ барои нигоҳ кардан 17 ҳазор рубл супурдем.

Суол: Барои агентства чанд пул додед?

Қурбон Ҷалилов: Барои вай 22 ҳазор рубл додам.

Суол: Дар маҷмӯъ чӣ қадар шуд?

Қурбон Ҷалилов: Бародар, ин кор барои камбағал хеле душвор аст. Ба ман ёру рафиқ, бародарон ёрдам карданд. Агар ёрдами онҳоро дар назар нагирем, ман худам 50 ҳазор сарф кардам. Дар хона се келин дорам. Оилаам дар хона, 6 фарзанди дигар дорам. Ҳамааш дар як хона зиндагӣ мекунанд. Акнун келин дар мобайни роҳ монд. Як писар дорад. Баъди ду-се моҳи дигар насиб бошад, боз соҳиби кӯдак мешавад. Баъди марги падар....


Дар давоми як ҳафта ин қатли ягона набуд. Баъд аз вай 21 апрел ва сипас 25 апрел ду нафари дигар ба ҳамин минвол ваҳшиёна ва бераҳмона кушта шуданд. Мақомоти интизомии Русия дар бораи қотилон чизе намегӯянд, бо вуҷуди он ки шеваи куштор ба якдигар монанд аст. Бо назардошти чунин шеваи куштор, таҳлилгарони умури муҳоҷират онро кори дасти тундравҳои миллатгаро медонанд, ки маъмулан баҳорон дар оғози мавсими нави муҳоҷират фаъолтар мешаванд. Миллатгароён бо чунин рафтори худ мухолифати худро ба раванди муҳоҷират нишон медиҳанд.

Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷамъиятии ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд: “Ба гумони ман, сабаби ин кушторҳо фаъолтар шудани гурӯҳҳои тундрави миллатгаро дар Маскаву ноҳияҳои Маскав мебошад. Ин кушторҳо аз аввали моҳи апрел шуруъ шуданд. Дар заминаи миллатгароӣ чанд куштори дигар ҳам шуда буд, вале мо имкони эълони ҳамаи онҳоро надорем, вале касоне, ки ба таври бисёр фоҷеавӣ кушта шуда буданд, аз ҷумла бо марги Муҳаммадкарим Ҷалилов шурӯъ шуд, дар робита бо рӯзи таваллуди Гитлер ва баъд давом кард. Қатлу кушторҳо дар моҳҳои апрел ва май зиёд мешаванд”.
Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ ин кушторҳоро аз сӯе ба зодрӯзи Гитлер вобаста медонад ва мегӯяд, ба назари миллатгароён гӯё ҳузури муҳоҷирон ё шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрашон густарда аст ва чунин андешаҳо баъзе гурӯҳҳои иғвогару миллатгароро таҳрик медиҳад: “Бо расидани фасли баҳор сафи муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад ва ин тамоюл на фақат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба шаҳрвандони кишҳварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва дигар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ низ вобастагӣ дорад. Гузашта аз ин , моҳҳои апрел ва май одатан дар робита бо зодрӯзи Гитлер ва дар ин ҳошия як эҳсоси бадбинӣ мутаассифона дар қалби гурӯҳҳои иғвогару миллатгаро зиёд мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ба назари онҳо чеҳраҳори муҳоҷирони корӣ ё мардуми хориҷӣ зиёд ба назар мерасад”.

Оқои Эгамзод мегӯяд, сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Маскав ва шаҳрҳои дигар барои шарҳу тавзеҳот ба мақомоти зидахли Русия муроҷиат мекунад, вале мутаассифона то ба анҷом расидани таҳқиқот касе чизи гуфта наметавонад.

Вале ин ақидаҳо низ борҳо садо додааст, ки дар паси гурӯҳҳои тундрави миллатгаро нируҳо ё шахсиятҳое қарор доранд. Иззат Амон ин ақидаро инкор намекунад: “Ташкилотҳои миллатгаро ё натсионалист, ки дар ин кишвар фаъолият мекунанд, ҳама аз қайди давлат гузаштаанд. Онҳо фаъолиятҳои худро пинҳон намедоранд. Онҳо худашон мегӯянд, ки фаъолияти ташкилоти онҳо аз ину аз он иборат аст. Онҳо бисёр ошкор амал мекунанд. Масалан, ташкилоти ДПНИ ташкилотест, ки бар зидди муҳоҷирону хориҷиён фаъолият мекунад. Як нафари дигар ҳаст бо номи Владимир Тор. Доимо дар қатлу кушторҳо ин созмон
Иззат Амон
Иззат Амон
ёд мешавад. Ба фикрам ин созмонҳо аз сӯи ҳукумати Русия ба навъе дастгирӣ меёбад. Ман намегӯям, ки ҳукумат, вале шахсоне ҳастанд, ки дастгирӣ мекунанд. Масалан, ҳама медонанд, ки ташкилоти БОРН (Боевая организация русских националистов) ҳаст ва дар сари онҳо депутатҳои натсионалисти Дума меистанд. Масалан, он ҷо Жириновский ҳаст. Ҳатто чандин депутати дигар аз ҳизби “Единая Русия” ҳастанд, ки аз ин ташкилотҳо дифоъ мекунанд. Мудом дар сӯҳбатҳояшон аз телевизион бар зидди муҳоҷирон, бар зидди хориҷиён нифоқу нафратро байни мардуми рус ва байни муҳоҷирон доман мезананд”.

Ҳар сол тобути садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ба ватан интиқол медиҳанд. Сабабҳои қатли баъзе аз онҳо боз намешавад. Тавре, ки Қурбон Ҷалилов-падари Муҳаммадкарим Ҷалилов дар сӯҳбаташ гуфт, “даводави соҳибони мурда фоида надорад”.

Шояд замоне расидааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз доираи чунин андешаҳо берун оянд ва пофишорӣ кунанд, ки ба ҳодисаи қатли наздиконашон дар Русия расидагӣ сурат бигирад. Аммо ин кор бидуни ҳимояти мақомоти зидахли Тоҷикистон душвор хоҳад буд ва мушкилиҳо хешовандони қурбониёнро ба навмедӣ мебарад ва боз ҳам онҳо маҷбур мешаванд бо андешаи “қисмат ҳамин будааст” худро тасаллӣ диҳанд.
XS
SM
MD
LG