Ҷавонон

Ҷавондухтарони "мардикор"-и тоҷик

29.07.2008

Агарчӣ қаблан муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия хоси мардҳо маҳсуб мешуд, аммо ҳоло мардикорӣ дар байни ҷавондухтарони тоҷик низ ба як ҷараёни маъмулӣ табдил ёфтааст.

Бино ба маълумои маркази иттилоотии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, имрӯз аз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар Русия беш аз даҳ дарсадро ҷавондухатрони аз 20 то 40-сола ташкил медиҳанд. Ирина Умарова, котиби матбуотии маркази мазкур, мегӯяд, то ба ҳол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи муҳоҷирати ҷавонзанон ба мамолики дигар масъалаи таҳқиқношуда боқӣ мемонад. Зеро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан нақши саробон ва таъминкунандаи оиларо мард мебозад ва зан ғолибан тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад.

 

Вале мутаасиффона, мегӯяд Ирина Умарова, тадриҷан ҷомеъаи Тоҷикистон ба раванди муҳоҷирати ҷавондухтарон одат кардаву дигар нафаре ин тамоюлро ғайримуқарарӣ намедонад. Вай меафзояд, «барои мисол, мо чанде қабл дар кӯча хиёбонҳои кишвар пурсише анҷом додем. Суол ин буд, ки оё шумо раванди муҳоҷирати духтарон ба Русияро чи тавр қабул мекунед? Мо ба намояндагони қишрҳои мухталифи кишвар муроҷиат кардем ва аз посухҳо маълум гардид, ки ҳеҷ яке аз онҳо ин тамоюлро дигар ғайримаъмулӣ намедонанд».

 

Меҳриниссо Пирматова, ҳуқуқшиноси маркази иттилоотии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар сӯҳбат бо радио Озодӣ гуфт, тайи ним соли равон барои гирифтани машварт ба онҳо беш аз 200 ҷавондухтар муроҷиат кардааст. Хонум Меҳриниссо афзуд, бархе аз онҳо аллакай соҳибмаълумотанду барои дарёфти кори сердаромад Русияро ихтиёр мекунанд ва теъдоди дигар хонанишинанду барои коркобӣ ба ин кишвар мераванд.  

 

Ба қавли коршиносон, теъдоди духтароне низ кам нест, ки аз рустоҳои кишвар озими Русия мегарданд, ки ағлаби онҳо соҳиби ҳеҷ як тахассусе набудаву ҳатто забони русиро балад нестанд. Ин духтарон дар аксар маворид дар Русия  бо ҷавонписарони тоҷик оила барпо мекунанд. Дар ҳамин зимн мо миёни духтарон пурсише анҷом додем. Аксари мусоҳибони мо гуфтанд, ки аз миёни пайвандон ва наздикони онҳо низ ҷавондухтарон дар Русия қарор доранд.

 

Ва аммо кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, то ҳанӯз омори дақиқи теъедоди занону духтарони муҳоҷирро дар даст надорад.  Вале гуфтанист, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи ният дорад ба зудӣ барномаеро раҳандозӣ кунад, ки барои омӯзиши вазъи занон дар Русия нигаронида шудааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ном: sado аз: dushanbe
28.08.2008 03:35

Ba fikram peshi rohi in mushkiliro tanho metavon bo bardoshtani vazi iktisodii kishvar girift. Lek sad afsus mo nametavonem vazi iktisodii kishvarro dar 100 sol ba darajai darkori rasonem ki zanhoi mo ba muhojirat naravand.


Ном: Xusrav
08.08.2008 03:25

Ҷамъи мардуми Тоҷикистон бохабаранд,ки солҳои ахир марду зани диёр дар ҷустуҷуи ризқ ва ё зиндагии беҳтаре ба Руссия ва дигар кишварҳо мераванд. Бино бар ин Шумо ҳеч хабари наве ба мо кашф накардед. Беҳтар буд агар иллат ва оқибати ин ҷараёнро дар сатҳи иҷтимоӣ ва иктисодӣ таҳлил мекардед...


Ном: qalandar аз: dushanbe
05.08.2008 16:56

окиле фармудааст; ахлок ва рафтори занони хар кавм хоста ва парвардаи мардони он кавм аст. Нахуст вазифаи мард дар назди зан хифозат, таъминоти ичтимоиву моддиву чисмонии зан аст. Эй марди точик агар аз ухдаи инхо намебарои чи хак дори ки занро насихат куни.... вакте аз у зантар боши? ,


Ном: Дарвеш аз: Кургонтеппа
05.08.2008 16:37

Бисёр суханхои хуб вале хукумати чумхурии мо нисбати занон то хол ягон гамхори накардааст ва намекунад, чунки сатхи иктисодиёти мо паст аст ва баъзе мардони точик вакте ба руссия мераванд аз зану фарзанд солхои дароз фаромуш мекунанд ва зани точик мачбур мешавад барои зиндаги ба Руссия равад. Инро аз тачрибаи хаёт навистам.Вакте ба Руссия меравад он чо шавхараш зан гирифтаасат ва зани бечораи точик сарсону саргардон бо фарзандони ноболиг дар гариби аз паи як лукма нон мешавад. гап бисёр аст вале аз худо хохони онам, ки ба мардони точик аклу фаросат ато кунад.


Ном: y аз: x
31.07.2008 23:17

ofarin chi zibost ....
ba nazaram dar solhoyi oyanda momokalonhoyamon ham boyad baroyi buridayi non ba russiya ravand...
kujo shud on qayrati tojik...
kujo shud on sarvati tojik...
kujo shud on padari tojik...
kujo shud kujo shud kujo shud???
ki dukhtarony khoharon...ki nomusi moyand...hozir dar kujoyand????


Ном: Диловар аз: Муочират
30.07.2008 15:02

Агар духтарони чаноби Президент боре мухочир мешуданд шояд Рахмонов дигар точикдухтаронро аз шиканчаи мухочират начот медод.


Ном: Parvizjon аз: Hujand
30.07.2008 14:54

Хукумати Точикистон ба занон ва духтароне ки бекор хастан шароити онхо бехад паст аст ба онхо ёри расонанд, албата хамаи занхои зиндагит хуб надоранд хамаи онхо мехоханд мисли дигарон зиндаги кунанд барои вайхо ёрдам кардан даркор аз тарафи хукумати ЧТ, ки мехохад дар дигар давлат мусофиршуданро хеч кас албата дар дигар давлат маблаг кор кардан мушкил аст ман аз хукумати ЧТ хохиш мекунам ба занхо ва духтарони точики худро вайрон накунем.


Ном: Rustam аз: Istaravshan
30.07.2008 14:03

Аз духтарони точик хохиш ин аст ки бехтараш ба Русия нараванд.Ва аммо агар ки рафтанд, ба мардхои дигар миллат умуман гап назананд ва хатман ба ягон точикписар издивоч кунанд.


Ном: ГАРИБ аз: ПИТЕР
29.07.2008 20:58

Хукумати Точикистон ба занон ва духтароне ки Ватанро аз пастии зиндаги тарк мекунанд магар якон чорабини намебинад.
Охир ин нестшавии миллати бузурги точиконро нишое медихад. Наход ягон кас нест ки ба ин масъалахо каме ахамият дихад.


Ном: гариб аз: МАСКВА
29.07.2008 16:46

илтимос дорам аз тамоми хохароне ки ба шахри расия меоёнд агар илоч бошад наёед ва дар хонаи худ бишинед мо мардем омадан ба ин шахри гарибиро хело мушкил хис мекунем офарин бар шумо===== муроди ман насихат буду гуфтам ======== хаволат бар худо кардаму рафтам ман хам аз мушкили рузгоор омадам ба инчо чи кор кунам факат ягона рохи мо ба парвардигори олам асту бас павардигоро рахм фармо моро аз ин гариби ва занхои моро халос кун

Шарҳҳо 1-10 (of 10)