Ҷавонон

Худкушӣ барои сим-корт

08.07.2008

Таассуби динӣ боиси эҷоди мушкилоти мухталиф ва душвортар гаштани зиндагии кӯдакону наврасон, ба вижа духтарон, шудааст.

Чунин эҳсос мешавад, ки маҳз дар чунин шароит ғолибан ҳуқуқҳои духтарон нақз гардида, онҳо мавриди хушунат қарор мегиранд. Дар ин замина Димитро Конопка, раҳбари маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ноҳияи Рашт, дар як сӯҳбати вижа назари худро дар бобати рӯзгори наврасону ҷавонони минтақа чунин изҳор дошт:

 

Димитро Конопка : «Медонед, зиндагии ҷавонони ғармӣ сангин буда, аз ҳаёти ҳамтоёни душанбегии онҳо фарқ мекунад. Агар оид ба соҳаи маориф ҳарф занем, таҳсил дар макотиб ба таври мутаввасит идома меёбад. Аммо дар мактабҳо камбуди мутахассисон ва муаллимони донишманд эҳсос мешавад. Аксари мактабҳо дар ҳолати садамавӣ  қарор доранд. Муаллимон аз назари молӣ ҳавасманд намешаванд. Аз тасаввури ман берун аст, ки чи тавр як устод бо 49 сомонӣ зиндагии хешро метавонад пеш бубарад. Аз ин рӯ онҳо маҷбур мешаванд ба корҳои дигари даромаднок машғул шаванд. Ин аст, ки ҳарчанд кӯдакон ба мактаб мераванд, аммо аксари онҳо барномаи таълимиро хуб аз худ намекунанд. Баъзан кӯдакон тамоман аз таҳсил дуранд ва бархе аз волидон низ на ҳамеша ҳавасманданд, ки фарзандонашон таҳсил кунанд, ба хусус духтаронашон. Аксари духтарон дар синфҳои болоӣ таҳсил намекунанд. Ҳарчанд мақомот дар ин роҳ мубориза мебарад, аммо агар волидон, ки нахостанд, фарзандонашон ба мактаб намераванд».

 

Фирӯз Баротов: Оғои Димитро, бигуед, ки оё духтарон дар ин минтақа боз чи гуна табъиз мешаванд?

 

Димитро Конопка :  «Умуман дар ин водӣ занон дар қиёс ба мардон дар мақоми нисбатан паст қарор доранд, ки он чанд омил дорад. Яке аз сабабҳояш ин аст, ки духтарон иҷрокунандаи аслии тамоми корҳои хона ва хоҷагӣ дониста мешаванд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон бинобар ҷанги шаҳрвандӣ шумори занон нисбат ба мардон бештар аст. Аз ин рӯ бисёре аз духтарон омодаанд, ки ғайрирасмӣ барои мардон, занони дуввуму севум гарданд, ки табиист онҳо аз ҳама гуна ҳуқуқҳои молии оилави маҳрум мешаванд. Бисёрникоҳи дар минтақа маъмул шудааст ва аксаран ба ин мардону занон бошуурона замина мегузоранд. Зеро дар ин минтақа боиси шарму таҳқир аст, агар духтарони ба синни издивоҷ расида бешавҳар бошанд. Ба онҳо на ҳамчун пирдухтарон, балки чун духтарони сабукпо муносибат мекунанд. Зеро дар минтақа мардум бо ақидаҳои куҳна ба сар мебаранд. Духтарон дар ин ҷо хеле барвақт, ҳатто дар синни 15-16-солагӣ ба шавҳар дода мешаванд. Барои барвақт ба шавҳар додани духтарон ҳар ду тараф ҳавасманд аст».

 

Фирӯз Баротов:  Муҳтарам Димитро бигуед, ки муносибати мардум нисбат ба духтарони таҳсилкарда чи гуна аст?

 

Димитро Конопка :  «То онҷое ки ман мушоҳида кардаам, духтарони таҳсилкарда ҳамчун номзади хуб чандон нуфӯз надоранд. Зеро ин духтарон аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд ва, ба назарам, фикр мекунанд, ки онҳо аз уҳдаи иҷрои корҳои хоҷагӣ хуб намебароянд».

 

Фирӯз Баротов:  Вазъи рӯҳии ҷавонони минтақаро чи гуна баҳо медиҳед?

 

Димитро Конопка:  «Медонед, ман метавонам дақиқ бигуям, ки аксари муҳассилини синфҳои болоӣ алакай роҳҳои пулкоркуниро меандешанд. Онҳо ба Русия, Қазоқистон ва ё Қирғизистон мераванд. Хулоса онҳо муҳоҷирони ояндаи корианд. Волидон низ ба онҳо чун василаи даромади пул нигоҳ мекунанд».

 

Фирӯз Баротов:  То куҷо дар миёни ҷавонони ин минтақа ҳодисаҳои худкушӣ зиёд аст?

 

Димитро Конопка:  «Як ҳодисае буд, ки чанде пеш дар яке аз деҳаҳои атрофи ноҳия ба вуқӯъ пайваст. Шунидам, ки писаре худро ба дор овехтааст. Ба ман гуфтанд, ки писарбача бо кадом василае 20 сомонӣ даромад кардааст. Модараш ин 20 сомониро аз дасташ кашида мегирад ва ӯ худро ба дор меовезад. Маълум мешавад, ки ӯ ин маблағро мехостааст барои харидории симкорти телефони ҳамроҳ сарф кунад. Дар инҷо ҳодисаҳои худкушӣ зиёд аст. Агар оид ба духтарон ҳарф занем, онҳо аксаран худро ба дарёи Сурхоб меафкананд. Дар ин дарё зинда мондан ва ё ёфтани ҷасадҳои онҳо номумкин аст».

 

Фирӯз Баротов:  Ташаккур.   

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 16)
Ном: Firdavs аз: USA
06.08.2008 19:25

Hoi mardum,caro mo draborai kambudihoi joi doshtashunida nametavonem.injo ehsosmeshavd, ki agaroidi mushkiloti in yo on mahal sukhan ravad,namoyandagoni on zud khafa meshavan. in khel naoyadbud.Dimitri saddarsaddurust guftast. Mardumi Rasht odamoni najiband ammo mushkiloti ziyodonhoro domangir. Hadaf azguftani in hama muallif kushidaast, ki zindagii onho behtarebad, tavajjuhi jomea ba onho jalb shavad. Yak bor barnomaro purra shunaved, bad khulosakuned, man shunidam va sukhanoni Dimitriro odamoni khudi Garm tasdik mekunand.


Ном: одам аз: бушанбе
31.07.2008 10:22

ба сохиб аз Душанбе.хамун халке ки вакти хукумати советида мактаб намехонд мактаби кофир гуфта ба дарс намерафт хамуво азобдан.тувори муллохои камсавод мебарояд баъд хукумати хозирара сиёх мекунад.худут ку муллочаи медони ки хадис аст илим дар чин бошад рафта омухтан даркор.неки иё илма пушти по кардан ...аз илим ки гашти ана хами хел ранги равшану чамшуд бесавод мемониву ду пиёни дигар мазокат мекунад.бо ту ду калимара ёд гирифтай ай рабу эрониё пулут додан миёй хукумата сийё мекуни.худут сари давлатта боши ба фикрум мегзарони .
дод аз дасти муллохои бесавод.


Ном: Shohnazar аз: Rasht
17.07.2008 19:45

EI BARODAON IN BISYORASH VOHIMA!!!
MAN HAMAI SHUMORO HOHISH MEKUNAM AKALAN YAKBOR BA IN MINTAKA OMADA DIDAN KUNED BA FIKRATOONRO NAVISED ILTIMOS...MAN GAZABAM MEOYAD AZ NAVISTAGIHOI BAZE AZ IN BARODARON...BOED ILTIMOS BOZ HAMON MAHALPARASTIRO NAKUNEM YAK MINTAKARO AZ DIGARSH BOLO NABARDOREM YO DAR NAZARI DIGARHO IN MARDUMRO CHUN PESHTARA SIYOH NAKUNEM


Ном: Гарми аз: Гарм
14.07.2008 09:10

Аввало хадаф аз маколаи мазкур чандон маълум нест, дувум инки мардуми Гарм гуфта хамаро якхел бахо додан лозим нест.
Барои онхо дин ва мухофизат аз динашон чизе мукаддастар нест ва ин аст усули зиндагии мусулмон.
На инки таклид ба фарханги бегонагону пушидани чинсу либосхои гарби.
Акалан барои инсоне ки бе дин хам бошад, бояд ки хисси миллиаш баланд бошад.
Ва ман фикр намекунам, ки одамеки фикру андешаи худашро дар ин бора иброз медорад берун аз ин ду омили асоси Точик е Точик зода бошад. Вай аз СКИНХЕД хо хам пастар аст, чунки онхо хадафашон ягона баланд будани ХИССИ МИЛЛИАШОН аст.


Ном: sohib аз: dushanbe
13.07.2008 12:19

барои иброхим! Сатр барои духтар ва писар чодар не балки ахлоки хамидаи исломист. Ислом ба хотири такмили ахлок омад на ба хотири чодарсозиву девор сози. Инсонхоро акл ва ахлокашон аз корхои ношоям боз медоранд хайвонхоро чубу банду ресмону чодару девор. Чавононро бо бахонаи чазои он дунё аз илму неъмати ин дунё махрум кардан чиноят аст. Махз таассуби куронаи мукаллидони зохирпараст аст ки точик - фарзанди РУСТАМУ СУХРОБ ба Чамшуту Рафшан табдил ёфтааст .... аз хизмати хирсонаи воъизони гумрох...


Ном: Шухрат аз: Хучанд
12.07.2008 12:23

Шояд ин ходисахо вокеи бошанд ва аз хама мухимаш хурмат кардани хурдсолон, муайян кардани муаммои имрузаи наврасон,тарбияи фарзанд аз чониби волидон хеле зарур ва талаботи замон мебошад. Ахмият надодан ба ин ходисахо хуб набуда, ба окибатхои нохуш гирифтор карданаш аз мадди назар дур нест. Мухимаш наврасон низ баъди чанд сол калон мешаванд ва онхо ояндаи миллату давлат мегарданд ва тасаввур кунед чи тавр онхо бо ин муносибати волдидон ба камол расида давлатро идора мекунанд?


Ном: Шукрия аз: Фархор
10.07.2008 13:40

Бо ман дар донишгох духтараке тахсил мекард, ки вай дар давлати Руссия ба шавхар баромада буд ва то дер зиндагиашон давом наёфту ба Точикистон барои тахсил баргашт. У низ аз ин манзил буд ва баъди хатми донишгох у ба манзилаш ба гуфти худаш ба кор даъват шуду аммо як мох кор карда боз ба поитахт омад. Ба у манзили худа маъкул набуд Ман фахмидан мехостам, ки вазъи коргарон ва ба кор кабулкардан чи гуна аст?...


Ном: иброхим аз: исфара
09.07.2008 14:03

То даме, ки хукуки инсонии духтарон доир ба руйпуш кардани сатри авраташон баркарор нашавад, иштироки бештари духтаронро дар синфхои болои интизор набояд шуд... Хукумат аз як тараф чунин махдудиятро медарорад, аз тарафи дигар, худаш хайрон аст, ки чаро духтарон ба мактаб намеоянд... Барои онхо дафтари аьмоли дунёи охират бехтар аз аттестати мактаб аст!


Ном: Иброхим аз: Исфара
09.07.2008 13:59

Димитро Конопка нуктаи назари аксари хоричиёни аз холати аслии ЧТ хабардор набудагонро иброз намудааст... Хамаи он чизе, ки иброз шудааст, тахлили руяки аст.


Ном: Ibrohim аз: Isfara
09.07.2008 13:56

Albatta dukhtaron dar sinfhoi boloi ba maktab nameravand, to dame, ki man'i pushida shudani satri avrat az bain burda nashavad...

Шарҳҳо 1-10 (of 16)