Ҷавонон

Хурсанд Ёров - Нютони ояндаи тоҷик?

Хурсанд Ёров илми нанотехнологияро мустақилона аз худ кардааст

01.05.2008

Хурсанд Ёров, хонандаи синфи 12-и гимназия-интернати «Ҳотам П.В.» дар олимпиадаи байнулмилалии илмҳои нанотехнологӣ ғолиб шудааст.

Дар ин олимпиадаи байнулмилалӣ, ки ахиран тавассути шабакаи Интернет баргузор шуд, намояндагони беш аз 20 кишвар ширкат намуданд ва намояндаи Тоҷикистон Хурсанд Ёров ҷои аввалро соҳиб шудааст.

 

Хурсанд  дар ҷое ба таври хос ин илми ҷадидро наомӯхтааст. Ӯ мегӯяд, чунин як илм ҳатто дар ягон барномаи таълимӣ ҳам ҷой надорад ва ҳам омӯзонида намешавад. Китобу дастурҳои ин илми муосир дар ҷаҳон камёфтанд. Вале Хурсанд, ки дониши хуби илми дақиқ доштааст, мустақилона тариқи интернет ба омӯзиши ин илми муосир пардохтааст.

 

Ба гуфти Хурсанд, фанновариҳои  нанотехнологӣ ба илмҳои дақиқ то андозае наздикӣ дорад, вале на кимиё асту, на физика ва на риёзиёт, ин илм ҳама соҳотро дар худ фаро мегирад ва омӯзиши он нисбатан мушкил аст, вале ба таъкиди ҳамсуҳбати ҷавони мо як илми ҷолибу серталаб ва барои ҷаҳони имрӯз бисёр муҳим аст.

 

 

Хурсанд дар Кореяи Ҷанубӣ бо парчами Тоҷикистон дар китф пас аз пирӯзӣ дар озмуне

Ба гуфтаи ӯ, нанотехнология маънои тағйири хосияти ҷинсҳоро дорад ва хусусияти муҳимаш дар он аст, ки ҳар чиз ё маводро дар хурдтарин ҳаҷм, мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳад. Вай мегуяд, «масалан, бо истифода аз зарраҳои нано мешавад обро аз тамоми вирусҳояш пок кард ва ё, масалан, телефони мобиле мешавад сохт, ки ҳаҷмаш то андозае хурд бошад, ки ҳатто ба чашм нанамояд. Ва ё мо метавонем аз нано трубка як банде созем, ки диаметраш ба диаметри муй баробар бошаду, вале кашишу қувваташ метавонад чанд тон вазнро бардорад. Боварии одам намеояд, вале ҳаст ҳамин чиз».

 

Ба ақидаи Хурсанд, бо омӯзиши ин илм метавон дар оянда дар ҳаёти инсоният тағироти зиёде ворид кард. Бино бар ин, ба пиндори ӯ, таҳсил дар макотиби миёнаи кишвар бояд 12-сола гашта,  дар як соли ахири он бештар ин илм ба хонандагон таълим дода шавад. Ҳамчунин, ба фикри ӯ, дар барномаҳои омӯзишии макотиби олии кишвар низ таълими ин илм рӯйи даст гирифта шавад.

 

Дар ҳамин ҳол ба гуфти Абдуфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари  гимназия-интернати  «Ҳотам П.В.»,  дар назар аст, ки дар донишгоҳи технологии кишвар як факултаи вижаи омӯзиши нанотехнологӣ ташкил ёбад. Оғои Ҳотамов афзуд, инкишофи нанотехнология ин асоси рушди иқтисод ва ҳама дигар соҳоти муҳими ҷомеа аст.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов  мегуяд, «мувофиқи пешгӯйиҳо, то соли 2015-ум бозори нанотехнология тақрибан аз 1 триллион доллар зиёд мешавад. Бозори технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ аз 4 триллион зиёд мешавад, ки ин қариб 2 баробар бештар аз маҷмӯи дохилии ҳатто Хитой аст. Яъне, агар мо ба омӯзиши  ин чизҳо аз ҳоло машғул нашавем, ин чунин маъно дорад, ки мо хеле ақиб мемонем ва ягон фойидае аз ин бозори бузург гирифта наметавонем».

 

Аммо Хурсанд Ёров, ҷавонтарин донишманди фанновариҳои нанотехнолгогии тоҷик, мегӯяд,  ӯ ният дорад, ки зарраҳои нанотехнологиро дар тиб кашфу истифода намояд. Ба гуфти ӯ, бо ин усул метавон роҳҳои табобати амрози саратонро низ пайдо кард. Аммо худи Хурсанд то ҳол фанновариҳои нанотехнологияро дар амал наозумдааст. Чун мегӯяд, барои ин феълан дар Тоҷикистон ягон шароите нест.  

 

Хурсанд Ёров феълан барои иштирок дар як сабқати дигаре дар робита бо ин илм, ки дар донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав баргузор мегардад, омодагӣ мегирад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 27)
Ном: jobir аз: orlando-amriko
19.05.2008 06:35

salomat bosh barodar ,sad ofarinat, kosh tu barinho dar safi mo ziyod boshand .


Ном: Сафо аз: Душанбе
18.05.2008 21:00

Ба сайти www.nanometer.ru нигариста, аз голибияти Хурсанд дар озмуни ру ба ру ё (очный тур) рузи 16.05.08,ки дар МГУ баггузор гардидааст, нтгариста, як чахон хусанд шудам. У дар байни кариб 1000 нафар иштирочиёни хоричии ин олимпиада бехтарин дониста шудааст. Офарин, бародар.


Ном: Абдулазиз аз: КУЛОБ-2007
18.05.2008 11:25

салом хамватанони азиз!
ба чунин чавоне, ки тавонст номи тамоми хонандагони точикро дар сатхи чахон баланд бардошт ахсан мехонем .
ба шумо фатхи куллаи муродро таманно мекунам .


Ном: Саид аз: Душанбе
14.05.2008 13:34

Авалан аз даргохи Оллох таъоло масъалат дорам, ки ин писари ТОЧИКро илмашро зиёда бигардонад ва дар илмаш баракат ато бифармояд.
Баъдан ба садорати даргохи илму-маърифат хамчун як фарди точику точикдуст мехохам як пешниход намоям, ки хамин гуна писарони лаёкатманд шояд дар чумхури даххо-садхо нафар бошанд.Бинобар ин дар чустучуи чунин нафарони лаёкатманд бошанд. <Харчанд, ки сомонаи махсуси ин таълимгох набошад хам мутмаинам, ки ба чаноби Хотами дастрас мегардад> Sharifzoda


Ном: Tojik аз: Dushanbe
12.05.2008 11:03

Dar haqiqat Khursand isbot kard, ki pisari Abu Ali Sino hast. Man az tojik budanam fakhr mekunam.


Ном: Точики асил аз: Душанбе
11.05.2008 11:01

Салом хамватанон!
Дусти чавон Хурсанд, ин дастоварди ту шаходати он аст, ки пайгамбари ислом Мухаммад салаллохи алайхи ва салам гуфта буданд, яъне "Агар илм дар мох бошад, форс онро аз худ мекунад". Ман бенихоят хурсандам, ки точики ман имруз ба хама душворихо нигох накарда ба ин дарача расидааст. Хамнро мегуям, барои илм омухтан ба хоричи кишвар рафтан лозим нест. зеро олимони точик холо хам бокувватанд. Факат онхоро эхтиром ва ба маоши хуб таъмин кардан лозиму аз онхо илм талаб кардан лозим. Боз як бори дигар комёбихо орзумандам.


Ном: jamshed аз: Kulob
08.05.2008 00:15

Ba in barodari javoni khesh ki dar jodai ilm qadam guzoshtaast va ba muvafaqiyat ham noil gardidaast umri daroz va komyobihoro dar jodai ilm orzumand hastan va tamannoi onro mekunam ki safi chunin javononi boistedod dar kishavari azizamon ziyod shavad.


Ном: Точик аз: Душанбе
06.05.2008 09:57

Ба хамаи Шумо хамватанони азиз барои суханхои нек нисбати хаммактаби мо изхори сипос намуда, ба Шумоён саломати ва хушбахти таманно менамоям. Агар имконият дошта бошед, ба сайтхои зерин даромада, доир ба бурдбории Хурсанд ва дигар хаммактабони у дар сохаи илмхои дакик огах шавед. Ин сайтхо: www.acmp.ru; trgi.narod.ru Хамаи онхое, ки дар сайти якум аз Душанбе ё Точикистонанд, хаммактабони мо мебошанд.


Ном: Хурдак аз: Душанбе
04.05.2008 23:42

Офарин бар точики дар як чунин кишвари авторитари ба омузиши илм машгул шудааст!


Ном: alisher аз: dushanbe
04.05.2008 19:54

asalamu alikum
mashaaloh taborakaloh hudo ilmi turo ziyoda gardonad mo hursandem ki tar vatani mo chunin mutahasisoni javon paido shudaand va onho inshaaloh ba in kor hizmati dinu vatani hudro mekunand
va inshaaloh ki shumo oyandai tojikiston hasted.

Шарҳҳо 1-10 (of 27)