Иқтисодиёт

Мири Душанбе "Роғун"-ро бо кумакпулии халқ сохтанист

Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе

29.04.2008

М. Убайдуллоев аз муассисоту созмонҳои пойтахт тақозо кард, то маоши якмоҳаи худро ба хазинаи нерӯгоҳи Роғун ихтисос бидиҳанд.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, мегуяд, ин даъват дар пайи муроҷиати раиси ҷумҳурии Тоикистон дар мавриди саҳмгузории шаҳрвандон дар сохтмони неругоҳи мазкур сурат гирифтааст. Оқои Саидов афзуд, шаҳрдорӣ мехоҳад то 15–уми июли соли ҷорӣ аз ҳисоби маоши сокинони пойтахт ба хазинаи тарҳи Роғун беш аз 10 миллион доллар ворид шавад.

 

Ба қавли ӯ, ҳар як корманди муассисоти давлатӣ ва ширкатҳои хусусии Душанбе дар давоми ду моҳи оянда 50 дарсад аз маоши моҳҳои май ва июни худро ба суратҳисоби неругоҳи Роғун интиқол медиҳад.

 

Аммо коршиносон мегӯянд, пешниҳоди шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки ҳудуди шаст дарсади мардуми Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебаранд ва маоши аксари онҳо ҳудуди 100 сомонӣ, ё худ 30 долларро ташкил медиҳад ва мардум феълан дар шароити афзоиши нархҳо намедонанд бо чӣ роҳ рӯзгори худро пеш бибаранд. Коршиносон мегуянд, чунин як даъват барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун муассир нахоҳад буд.

 

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коминусти Тоҷикистон ва вакили парлумони Тоҷикистон, мегуяд, дар ҳоле барои амалишавии ин тарҳ аз 2 милиард то 4 милиард доллар зарур аст, 10 милион доларе, ки шаҳрдорӣ мехоҳад аз мардум ҷамъоварӣ бикунад, барои иҷрои ин тарҳ маблағи ночиз ба шумор меравад. Ба эътиқоди оқои Шабдолов, Тоҷикистон бидуни мусоидати кишварҳо ва ё ширкатҳои хориҷӣ наметавонад ин тарҳро анҷом бидиҳад.  Вай меафзояд, шахсан худи ӯ тасмим нагирифтааст, то маоши вакилиашро ба иҷрои ин тарҳ равона кунад.

 

Коршиносон  мегӯянд, дар солҳои 90–уми қарни гузашта аксари мардуми Тоҷикистон бо ҳамин гуна даъват барои эҳдоси нерӯгоҳи обии «Сангтуда–1» низ маблағи зиёде ба давлат супорида, саҳмияҳои онро харида буданд, вале давлати Тоҷикистон дар бораи саҳми шаҳрвандон ва даромади онҳо хомушӣ ихтиёр варзидааст. Ин дар ҳолест, ки феълан эхдоси ин неругох аз суйи ширкати «РАО ЕЭС»- Русия  сурат мегирад ва 75 дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳ моли давлати Русия маҳсуб меёбад.

 

Одил Олимшоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, дар ҳоле мардум аз саҳмгузорӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳеҷ даромад нагирифтаанд, иҷрошавии дархости шаҳрдорӣ дар хусуси саҳмгузорӣ ба тарҳи Роғун аз сӯи шаҳрвандон аз эҳтимол дур аст.

 

Коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дархости шаҳрдорӣ монанди замони шӯравӣ ва солҳои аввали касби истиқлол ба амри иҷборӣ табдил хоҳад ёфт ва мардум аз маоши якмоҳаи худ маҳрум хоҳанд шуд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 13)
Ном: идея аз: Бадахшон
02.05.2008 10:12

Умуман идеяи хуб! фикр мекунам натича бо хубтар мешуд, агар дар ягон майдони калони шахр Марафон ташкил мешуд, ки дар он механизми шаффофи истифодаи маблаг ба мардум фахмонда мешуд ва аввалин шуда намояндагони намоени хукумат ба суръатхисоб маблаг ирсол мекарданд, он гох бовари ва хисси ватандустии шахрвандон зиедтар мешуд ва онхо низ хисса мегузоштанд.


Ном: idea аз: Badakshon
02.05.2008 09:21

Ideai khub hast. fikr mekunam khubtar meshud agar dar yagon maidoni kaloni Dushanbe marafon tashkil mekardand va dar on tariki ekranhoi kalon lohiai sokhtmoni Rogunro bo mardum mehfamondand bo tamomi juziyoti kharojoti peshbinishuda. Va avval namoyandagoni namoyoni hukumat ba surathisobi sokhtmon mablag irsol mekardand va yagon odami mutassaddiro peshi kalk intikhob mekardand ki payvasta tariki television ba halk bobati istifodai mab guzorish medod


Ном: Javonmard аз: Afriko
01.05.2008 15:42

salomu Alaikum va rahmatulloh!
in qadar beinsofi ham dar kor nest!iltimos, hamon khalqi kambagalro ba holi khud guzored,ki...


Ном: Bosharaf аз: tjk
01.05.2008 01:42

,,,AJAB,,,,SAKHOVAT AZ KISAYI DIGARON,,,KHANDADOR AST.


Ном: Ahmad аз: Rugun
30.04.2008 13:01

salom ba hama barodaron
ikdomi peshgiriftay janobi ubayduloev yak ikdomi nodurust az jihaty iktisod meboshad.
okhi khudi mardum fakir hast boz chiguna gesa as hisobi un fakirho mesosi janobi ubaydulloev,khay nameshad un sad nafari sarvatmandoni ki aksari onho vaziron sarmoyaguzori kuned ,,,
natarsed sarmoyaguzori kuned dar vatan un pulhoeki dar bankhoi olami khobidaast ba vatan yak bor hakalan foida biyored ,,,,,,,


Ном: Mard аз: Khujand
30.04.2008 12:59

Ba javonmard. Namebini ki inho chi gun hastand? Tamomi mablghoe, ki ba tavri kumak omadand az hud kardand. Aknun mehohand az mardumi benavo sitonand. Mo dar asri 21 zindagi mekunem. Mehanizmhoi gunogun baroi jalbi sarmoya mavjud ast. Mablaghoe, ki jam' meshavand boz ba jaibhoi hamonho vorid. Oyo tarafdorii in peshnihod az rui javonmardist???!!!!!


Ном: ajoib аз: new york
30.04.2008 12:22

rost megan halk hamayi pul be in ham dar dasti shumost pisaroton bo moshinho horiji arzihi balandkati ji ze forand meharan shumo dar kasrhoi baland oshyona boz dar darai varzob 3-4 daja doren, murojiat ba korkunoyi davlat furush dajara biyo rogunda teh ohi ay Alloh kam kam tarsen mayli boshen


Ном: Ахмад аз: Душанбе
30.04.2008 11:36

ба мардум маоши дуруст намедиханд, вале акнун хамун маблаги ночизро хам мехоханд ба бахонаи Рогун аз худ кунанд, Вой бахоли бечора мардум!


Ном: Салим аз: Душанбе
30.04.2008 09:08

Чунин икдом дастгири мехохад...
Лекин аз он шахсоне гирифта шавад, ки шароити зисташон хуб аст. Аз чумла ман имконият дорам, ки ба кадри зарури маблаг супорам....


Ном: Гаффор аз: Душанбе
30.04.2008 08:42

Хукмат чои он ки зиндагии мардумро каме саьук кунанд, боз нолаи охиринро за дахони мардум меканад. Икдоми пешгирифта самаранок нахохад буд. Пеш аз хама сохтори имрузаи Точикистон ношаффоф аст ва гирифори коррупция аст. Барои замин маблаги чамъовардашуда туъмаи атрофиени шахрдор хохад шуд. Гайр аз ин маблагро аз шахсоне, ки аз хисоби дуздии моли давлат сарватманд шудаанд, гирифтан лозим аст. Хамаи ин шахсон маълуманд.

Шарҳҳо 1-10 (of 13)