Тоҷикистон

Нону қандчой - ғизои асосии ним миллион тоҷик

30.05.2008

Ба гуфтаи Созмони Милал, афзоиши нархи ғизо ба аҳолии беш аз 30 кишвар таъсири ниҳоят бад мерасонад, ки дар ин миёни онҳо Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Муассисаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал ҳамин моҳ дар Тоҷикистон барои арзёбии вазъи амнияти ғизоӣ як таҳқиқоте анҷом дод, ки натиҷаҳои ниҳоии он то ду се ҳафтаи дигар нашр хоҳад шуд.

 

Аммо дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ Анна Вандерберг аз дафтари Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Душанбе баъзе аз натиҷаҳои муқаддамотии онро ба мо ошкор кард ва аз ҷумла доир ба таъсири болоравии қиматҳо ба вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон гуфт:

 

«Шумо медонед, ки қимати баъзе аз маводи ғизоӣ аз моҳи июни соли гузашта то кунун беш аз ду маротиба афзудааст, ки ин зиндагиро барои теъдоди зиёди одамон вазнин мекунад. Ва ин дар воқеъ як омили коҳиши амнияти ғизоии як қисми бузурги аҳолӣ мебошад. Аммо дар қазияи Тоҷикистон на танҳо ин омил балки омилҳои дигар низ нақш доранд, аз ҷумла зимистони сард, ки дар он вақт мардум пули бисёреро барои сӯзишворӣ ва газ харҷ карданд ва барои сиҳатиашон низ. Дигар ин ки дар зимистон зироатҳоро сармо зад ва аз ин рӯ ҳосил имсол камтар мешавад. Яъне мардум маҷбур мешаванд, аз бозор маводии ғизоии бештар бихаранд, ки ин маводи ғизоӣ аз гузашта дида гаронтар аст».

 

Суол: Дуруст аст, ки дар ин ҳолат зиндагии мардуми фақир сахттар мешавад, зеро пули кофӣ барои харидани маводи ғизоӣ надоранд, оё дар ин авохир мардум истеъмоли ғизоро камтар кардааст ё режими хӯрокхӯрии мардум дар Тоҷикистон тағйир ёфтааст? Арзёбии шумо чиро нишон дод?

 

Анна Вандерберг: «Ончӣ ки ҳангоми баррасии натиҷаҳои муқаддамотии арзёбӣ мушоҳида кардем, ин аст, ки ҳудуди 11 дарсади аҳолӣ дар кишвар ғизои бисёр фақирона мехӯранд, онҳо шояд нону қандчой ва ҳафтае се маротиба сабзиҷот истеъмол мекунанд, ки ин ғизои солиму кофӣ барои сиҳатии инсон буда наметавонад. Ҳамчунин 23 дарсади аҳолии кишвар аст, ки эҳтимолан сабзиҷоти бештар барои хӯрдан доранд. Эҳтимолан онҳо ҳафтае як бор маҳсулоти ширӣ мехӯранд ва шояд каме гӯшт. Вале ин ҳам кофӣ нест ва калорияи ин ғизоҳо низ басанда намебошад».

 

Суол: Агар бо забони рақамҳо сӯҳбат кунем, чанд нафар аз мардуми  Тоҷикистон хӯрокӣ кофӣ барои хӯрдан надоранд?

 

Анна Вандерберг: «Онгуна ки ман гуфтам, вазъи амнияти ғизоии ҳудуди 11 дарсади аҳолии Тоҷикистон тоқатфарсо аст ва ин 11 дарсад таври маълум ним миллион нафарро ташкил медиҳад. Вале дар баъзе аз минтақаҳо, вазъи амнияти ғизоии аҳолӣ дар муқоиса ба вазъи минтақаҳои дигар бадтар аст ва дар баъзе аз маҳалҳо то ба 22  дарсад мерасад ва аксари ин маҳалҳо дар вилояти Хатлон мебошанд».

 

Хонум Анна Вандерберг аз Созмони Ҷаҳонии Озуқа ҳамчунин гуфт, баъди таҳлили омори арзёбиҳо шояд рақамҳо доир ба вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон тағйир ёбад. Муассисаи озуқаи Созмони Милал аз ҷомеаи байнулмилал хостааст, барои иҷрои барномаҳои кӯмакӣ ба мардуми мӯҳтоҷи Тоҷикистон ҳудуди 9 миллион доллар кӯмак кунад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: shodmon аз: dushanbe
03.06.2008 12:00

чаро хукуматдорони Точикистон барои халли ин казия бемасъулияти мекунанд? МИсоли инро дар баланд бардоштани рохкиро дар Душанбе ва гарон кардани андози обу газ вадигар андозхо мебинем. Хукуматдорони Точикистон дар болои сухта хуншори мардуми ТОЧИК намакоб мерезанд.


Ном: умед аз: хучанд
31.05.2008 00:45

рост гуфтед


Ном: Оиша аз: Рашт
30.05.2008 15:05

ма Оиша аз нохияи Рашт зиндаги бехад кин шудааст ва мардум барои хариди озука аз чумла орд низ маблаг надоранд гушт дар хоби шаб хурокхои гизонок.


Ном: Боки аз: Душанбе
30.05.2008 14:30

Рости гап вакте, ки нишондихандахои иктисодии Точикистонро бо дигар мамлакатхо мукоиса мекуни, хеле гамгин мешави. Точикон дар катори халкхои кафомондатарин чой гирифтаанд. Лекин, ба фикрам ин давлатдорони имрузаи Точикистонро тамоман ташвиш намедихад. Онхо дар гами сарватчамъкуниву талаву тороч кардани боигарии мамлакат хастанд. Фикрам ин аст, ки хамин сохтори сиесиву, иктисодиву идеологие, ки Точикистон пеш гирифтааст мардумро факат ба як рох - ба халокат мебарад. Мутаасифиона, кисми зиеди мардум низ ба ин вазъияти имруза бе хисси масъулият ва бепарвоена муносибат мекунанд. Онхо фикр мекунанд, ки проблемахои чамъиятро касе омада барои онхо хал мекунад, ки фикри хатост. Хар як точик бояд хисси масъулиятро оиди ояндаи кишвар дарк бикунад.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)