Тоҷикистон

Оғози тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон

25.01.2008

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, 25 январ, чанд мақоми аршади кишвар аз вазифаашон барканор ва ба мансабҳои дигар таъин шуданд.

Дар ин миён Муродалӣ Алимардон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки пас аз 11 соли фаъолияташ дар ин мақом аз вазифа озод ва муъовини нахуствазири кишвар дар умури иқтисод таъин гардид. Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Абдураҳмон Қодирӣ, ки танҳо як сол дар ин мақом кор мекард, муъовини аввали раиси вилояти Хатлон ва раиси Ожонси заминсозии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадов муовини аввали раиси устони Суғд таъин шуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласаи ҳукумат фаъолияти нокифояи корхонаву вазоратхонаҳо ва бемасъулиятии вазирони молия, рушди иқтисод ва тиҷорат, энержию саноат ва ширкати «Барқи тоҷик»-ро таъкид кард. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор шуд, ки Тоҷикистон дучори бебарқӣ, камбуди гази табиӣ, тавқифи кори марокизи гармидиҳии кишвар мебошад. Дар сармоҳои шабу рӯзҳои ахир танҳо дар шаҳри Душанбе 22 трансформатор аз кор бозмонда, мардум низ бебарқ мондаанд. Э. Раҳмон раҳбарони вазорати энержӣ ва ширкати «Барқи тоҷик»-ро мавриди сарзаниш қарор дода, онҳоро «бевиҷдон» хонд ва барои ислоҳи вазъ барояшон 6 моҳ мӯҳлат дод. Президент аз «Барқи тоҷик» тақозо кард, ки аз ҳисоби барқи Ширкати алюминиуми Тоҷикистон сокинони кишварро бо нерӯи бештар таъмин намояд.

Э. Раҳмон ба Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», чунин хитоб карда, гуфт, «агар аз уҳдаи корат набарои, ҷоятро холӣ мекуни! Ин ба ҳама тааллуқ дорад... Натавонед, ҷойҳоро холӣ кунед...».

Дар ҷаласаи ҳукумат таъкид шуд, ки талафоти барқ дар соли гузашта 18 дарсад ва бар тибқӣ нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ то 90 дар сад арзёбӣ шуд. Ба иттилоъи раиси ширкати «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Муҳсиддинов, то 8 миллион сомонӣ аз талафоти гази табиӣ зиён расидааст. Президент аз раҳбари «Тоҷикгаз» талаб кард, ки аҳолии Душанберо 100 дарсад бо гази табиӣ таъмин намояд. Дар ҳамин ҳол раисҷумҳур мақомоти зирабтро уҳдадор кард, то ҷараёни иҷрои тарҳҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварро суръат бахшанд.

Э. Раҳмон таъкид кард, ки бояд ба зудтарин фурсат музояда ё тендер барои бозсозии нерӯгоҳи Роғун эълом шавад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар соли 2008 чанд нерӯгоҳи хурди барқи обӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ҳоло дар кишвар сохтмони 17 нерӯгоҳи хурд ҷараён дорад ва дар назар аст, то соли 2020 71 нерӯгоҳи хурд сохта шавад. Барои иҷрои тарҳҳои вобаста ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд давлати Тоҷикистон ним миллиард доллари амрикоӣ ихтисос додааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ахиран ҳукумати кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ 110 миллион сомонӣ тахассус дод, то хоҷагиҳои пахтакор тавонанд, барои анҷоми умури кишоварзӣ аз ин маблағҳо ба унвони қарзи боимтиёз истифода бикунанд.

Интизор меравад, ки ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи шанбе ҳам идома кунад ва имкон дорад, баъзе аз тағйироти кадрӣ эълом карда шавад. Дар ҷаласаи ҳукумат беш аз 40 масъалаи марбут ба рушди иқтисоду иҷтимоъи Тоҷикистон дар соли 2007 баррасӣ шуд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 14)
Ном: Бадбахт
27.01.2008 01:19

Мо мардуми торик аз дасти хамин хукумат БАДБАХТ шудаем! ЯК ФИКР КУНЕД ! ЧОПОН соли 1945 як давлати тахкиршуда,кафомонда,пахшшуда буд . Солхои 1960 мо орзуи як магнитофон е телевизори чопони мешудем. Чопонихо аз хисоби хосили магзи сарашон ба ин дарача расидаанд.


Ном: банда
26.01.2008 20:00

асалому алайкум ва рахматулохи баракоту!раиси чумхурии мо факат барои хамватанони мо гуиё ки мо дар пеши мисли мург бошему у мора бо донаи гандум ором мекунад!!!локин фикри у хато аст!


Ном: Ajina
26.01.2008 19:39

Ассалом алейкум! Чаро шархи манро, шумо чоп намекунед а журналистони мухтарам? Дар ОЗОДИ хам сензура вучуд дорад?? Аз ки метарсед?


Ном: MR
26.01.2008 19:33

sukhanoni bonu: Cабаби аслии ақибмондагии Тоҷикистони азизи мо ин маҳалгароии шадид аст. Аз шумораи вазирон 90% ва аз шумораи ректорони донишгоҳҳо 85%-ро намояндагони минтақаи Кӯлоб ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки олимони кӯлобӣ дар замони шуравӣ, ба истиснои чанд нафар, камшумор буданд. Вазирони мо бетадбиранд. Аҳмади Дониш ҳанӯз дар асари бузургаш "РИСОЛА..." гуфта буд: Агар вазир бетадбир бошад ба ҳоли ун миллату давлат бояд гирист.Бо кафолат ҳар вазорат, кумита ва муассисаи давлатиро тафтиш кунед агар 65-70%-и кормандонро кӯлобиҳо ташкил mакунанд Ва аз ин ҳайат қариб 99%-ашон коррупсионер мебошанд. Хулоса, Давлати тоҷдорон ба дасти чӯпонҳо расидааст. Чи гуна як чӯпон қодири хуккумат кардан дар як давлат аст?


Ном: Хоксор
26.01.2008 19:02

ин ҳам бигзарад


Ном: Хасан аз: Душанбе
26.01.2008 15:39

Ягон таъгироти лозим набуд чунки Зарбурмасали илочи вокеъа пеш аз вукуъро касе сухан накард. Касе ефт шашуд ки аз хозирон ки чаро дах мартиба супориш доданду як бор насанчиданд, ки ба зимистон мо таер астему е не.Акнун ба муред гуфтани Сардори барки Точик мо гарм намешавем.


Ном: ачина аз: дангара
26.01.2008 15:04

Ман бовари ва этикод надорам ба президент ва вазион! ДУЗД ва ХОИНОНИ миллат бод дар турма бошанд - халос!Вале онхо номарданд - нангу номус надоранд ягонташ истъефо накардаст! президент хабардор нест аз рафтори мафия онхо! Эй мардум, ба номи Худо шуморо тарс галаба сохт!Тарси Эмомали, Шумо тамоман гунгу нобино хастед!


Ном: Хуршед аз: Душанбе
26.01.2008 12:28

Э. Раҳмон ба Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», чунин хитоб карда, гуфт, «агар аз уҳдаи корат набарои, ҷоятро холӣ мекуни! Ин ба ҳама тааллуқ дорад... Натавонед, ҷойҳоро холӣ кунед...». Ба фикри Шарифхон Самиев - вай аз ухдаи кори худ мебарояд ва барои хамин хам "кор" карда гаштаст. Агар президент фикр мекунад, ки у аз ухдаи вазифааш намебарояд, чаро вайро аз вазифааш сабукдуш намекунад??? Хамин хел дар мавриди дигар вазиру масъулон хам пкрсида мешавад. Охир, ин вазиру масъулонро худи Эомали Рахмон дар ин вазифахои масъул мондааст-ку?!!! Вакте ки онхоро дар ин вазифахо таъйин мекард, магар намедонист, ки онхо бесаводу ноухдабароянд??? Чаро ба ин вазифахо аз руи конкурс шахсони арзанда таъйин намешаванд? Чаро он одаме, ки ин одамони бемасъулияти ноухдабароро ба вазифа таъйин мекунад, худаш чавобгар намешавад? Чи, мардум солхои сол хамин спектаклу мазхакахоро тамошо кунад-ми?!! Бас будагист?!!!!!!


Ном: Tojik
26.01.2008 08:40

Рахмон наметавонад он Ш.Гули кудояшро аз кор ронад,БАЛЕ.. Чахон як руз метаркад.зи охи пуршарори мо... Кучо шуд он савгандхои ба Шири Сафеди Модар ва Нону намаки мардум....???? Худованд Душманонни халки Точикро МУФЛИС ва РАСВО гардонад..


Ном: Гулом
26.01.2008 02:57

Барои чи раиси чумхур худаш аз дасташ ягон кор намеояду дигараонра аз вазифа хорич мекунад! Раиси Чумхур, мо аз Шумо хохиш дорем, ки тезтар чоятонра холи намуда, ба истеъфо равед! Пулхое, ки шумо доред, аз халк дуздида будед, кучо шуд? Шарму хаё кани? Дар ягон давлат халк хамин хел азоб нaмекашад, багайр аз Точикистон! УБОЛАЕЕЕЕЕ

Шарҳҳо 1-10 (of 14)