Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ойини мадоро

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Сиёсат

Мақомот: "Салафия ба Тоҷикистон хатар надорад"

24.01.2008

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳузури пайравони ҷараёни салафия ба амнияти кишвар хатар эҷод намекунад.

Раҷабалӣ Муҳаммадалиев, раиси Идораи мубориза бо ҷиноёти муташаккили ин вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, пайравони салафия дар Тоҷикистон зиёд нестанд ва бо пайравони ҳанафия, ки аксарият дар кишварро ташкил медиҳанд, ихтилофоти ҷиддӣ надоранд. Оқои Муҳаммадалиев муддаъист, ки салафиҳо ҳамсони аъзои Ҳизбуттаҳрир одамонро бар зидди давлат намешӯронанд ва дунболи аҳдофи сиёсӣ низ нестанд.

Раҷабалӣ Муҳаммадалиев мегӯяд, фаъолияти пайравони ҷараёни салафия дар Тоҷикистон мамнӯъ нест ва салафиҳо низ пайваста қонунҳои ҷории Тоҷикистнро риоят мекунанд: «Барои як идея намешавад одамро маҳкум кард. Даъвои салафиҳо аслан роҷеъ ба усулҳои ибодат аст ва онҳо аксаран бо ходимони дин мухолифат доранд. Теъдоди зиёд надоранд ва ҷавонҳои зиёде низ аз онҳо ҷонибдорӣ намекунанд. Ҳарчанд то имрӯз бархе аз тарафдорони ҷараёни салафия ба мо маълуманд, вале ҳанӯз қонуншиканӣ, аз ҷумла даъват барои сарнагун кардани сохти давлатдорӣ аз ҷониби онҳо сар назадааст».

Бо эъломи ин нукта, Вазорати умури дохилаи Тоҷкистон иддаъои рӯҳониёни тоҷикро инкор кард. Қаблан, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як китоби дастаҷамъона воқеъияти таърихии салафиҳоро баён намуд ва ҳузури салафиҳоро барои амнияти кишвар зиёновар хонд.

Аммо худи пайравони салафия низ дар баҳсе бо рӯҳониёни ҳанафӣ гуфтаанд, ки рафтори онҳо бештар ба ҳақиқати Ислом наздиктар аст. Онҳо мегӯянд, иҷрогари қавли пайғамбар ҳастанд ва ислоҳи шеваи намозгузориро тақозо мекунанд.

Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон, низ баҳси салафиҳоро бо пайравони мазҳаби Абӯ Ҳанифа як баҳси кӯчак мешуморад ва мегӯяд, то ҳанӯз миёни салафиҳо ва ҳанафиҳо бархӯрдҳои шадид рух надодаанд. Аммо оқои Қосиддинов таъсири манфии ҳузури салафиҳо дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафиро дар минбаъда сарфи назар намекунад: «Салафиҳо таъсири зиёде надоранд. Чунки онҳо низ як ҷузъи чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъа ҳастанд. Баҳсҳои ихтилофияшон низ баҳсҳои фаръиянд, баҳсҳои калидию усулӣ нестанд».

Ҳамдиллоҳи Раҳимзода, имомхатиби масҷиди марказии Душанбе, ҳузури ҷавонони навпайдоро, ки аксаран аз ҷараёни салафия ҷонибдорӣ мекунанд, ба нафъи кор намедонад. Вай мегӯяд, ҳадди аксари сокинони Тоҷикистн пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва таҳаммули одоти ғайримуқаррарии салафиҳоро надоранд. Салафиҳо дар Тоҷикистон чанде пеш пайдо шудаанд, ки оминро бо садои баланд ва даст рӯи сина намоз мегузоранд. Онҳо худро «эҳёгарони аҳли суннат» ва ҷараёни худро салафия унвон кардаанд.

Салафия як шохаи мазҳаби ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби ваҳҳобия як ҷо ном мебаранд. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия дар Тоҷикистон ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ду соли қабл шохаи тозапайдои салафияро маҳкум карда буданд.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 17
Ном: rustam аз: egypt
24.01.2008 16:41
salom barodaroni salafi ba salafigii khud manozed zeroki shumo dar mudati kame in mahabro tashkil kardet eroki paygambari khudo meguyadki kadom qavme badi man hast u nazdik baman meshavad zeroki 1 tarin mahabe tashkil shud badi vafoti paygambar u mazhabi imom hanifa ast baroi hamin umetona kaned shumo hej vaqt hamai dunyora salafikada nametavoned

Ном: Эшони Абдусаттор
24.01.2008 16:44
Ба назари банда чараёни салафият бисёр хатарнок мебошад, зеро онхо пайрави фиркаи золлаи ваххобият мебошанд, ки алкоида низ шохае аз онхо мебошад ва бозичаи дасти Амрико аст, даст дар куштори мусулмонони бегунох дорад, агар мо имруз аз вуруди ин чараён дар кишварамон пешгири накунем, фардо баъди 10-15 сол точикистон мисли Покистону Афгонистону Ироқ кишвари мо низ майдони бозии террористон салафию алкоида мешавад.
аммо ин ки чаноби Қоссидинов онхоро аз чумлаи ахсли суннат вал чамоат шумурдаанд бисёр фикри нодуруст аст, хама медонанд ки ин фирка пайрави мухаммад ибни абдулваххоб даспарвардаи яхуд ва ингилис мебошанд, ва аз ҳеч як имомони ахли суннат ва чамоат пайравин намекунанд, балки дар хакки онхо беэхтироми ва часорат мекунанд, Худованд онхоро аз руи замин барчинад. Омин.
нуктаи мухим дар ин бахс ин аст, ки ваххобихо (салафихо) маъмулан бо пулхои нафти давлати арабистони сауди ки пуштибони ин фиркаи гумрох аст, мокомотро мехаранд ва ба онхо ришва медиханд, то онро дастгири намоянд ва онхо озодона ба тарвичи хурофоти худ бипардозанд.

Ном: фаридун аз: масква
24.01.2008 17:17
салом бародарони салафи аз шумо хохиш дорем ки дар фикри ободи Точикистони азиз бошед на дар фикри ахдофи хеш биёед мардуми бечораро бахоли худ гузорем ва на дар фикрхои парешони иншоало савоб дар инчо аст тавфик аз худо мехохем

Ном: Эшони Абдусаттор
24.01.2008 17:51
мутаасифона баъзе аз кисматхои назари бандаро сайти Озоди хазф кардааст, ба хархол ташаккур мекунам

Ном: halim
24.01.2008 18:17
salom
салафия ҳамон ваҳобият аст ки ба дасти чосуси англис барои барҳам задани ваҳдати мусулмонон ташкил шуд. ҳеч нисбате бо аҳли суннат надоранд зеро як мазҳаби золла ҳастанд. ин мақомот ҳам бандаи шикам ва пул ҳастанд ва чун салафиҳо аз пули нафти Арабистон беҳисоб ба ин мақомот медиҳанд изҳори назарашон ҳаи ин гуна мешавад. чаро дуруғ мегуед, еи бо Ҳанафиҳо мушкил надоранд. аз вақте ки ин Худобехабарон ва муздурони душманони Ислом омаданд чуз тафриқаву душмани ва бадгуи ба имомони аҳли суннат ва бузургони дин фоидаи дигаре надоштанд. он пулҳои нафте ки бояд барои кумаки мардуми Фаластини азиз сарф шавад барои душмани миёни мусулмонон сарф мешавад. умедворем мардуми мусулмони точик ҳеч вақт фиреби ин гумроҳонро нахурад. Худоё аз шарри ин мазҳаби гумроҳ Ислому мусулмононро ҳифз кун.

Ном: Manuchehr az UKREIN
24.01.2008 19:05
Asalomu alaykum barodaroni Islomi Tojikistoni azizamon(VATANAMON).Chi fark dorad Salafi va gayri on mou hama Alhamdulilloh Musalmon hastem ku.Biyo hama ykjoya dasti hamdigar girifta Davatro ba pesh mebarem. Dast basui Alohi RAHMONAMON bardoshta hama kasa Ygoya duo mukunem,ki Alohi Rahmon davlatamonro tenjiu amoni kunad va yke az davlathoi peshraftai jahoni kunad. Omin yo Rabalolamin...
ASALOMU ALAYKUM VA RAHMATUlLOHI VA BARAKATULLOH

Ном: Эшони Абдусаттор
24.01.2008 19:18
дар паси дуои Эшони Halim:Худоё аз шарри ин мазҳаби гумроҳ Ислому мусулмононро ҳифз кун.
хама бо хам бо садои баланд мегўем:
АААААМИИИИИИН!!!!

Ном: Исломуддин
24.01.2008 19:44
ассалому алакум бародарони ахли Ислом
ваххобият ё хамон салафият фиркаи золлаест, аз Сауди пайдо шудааст ва гурўҳҳои толибон ва алқоида аз пайровони ин фирқа мебошанд, ин гумрохон солхост дар кишвархои исломи машғули фитна андози миёни мусулмонон мебошанд, онҳо агар мусулмон мебуданд ба чои куштани мусулмонони кишвархои мазлуми Афғонистону покистону Ироқ ба сарзамини муққаддаси Фаластин мерафтан ва бо душманони ислом яъне саҳюнистҳо мечангиданд, вале ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки имрўзҳо мардуми мазлуми фаластин дар муҳосираи иқтисоди ва дар зери зулму ситами амрико ва исроил ба сар мебаранд, аммо ин бадбахти ваххобихо машғули куштори мусулмонон ва фитнаандози мебошанд. хатто ҳомии бузурги онон малик абдуллоҳи оли сауд дар муқобили чиноятҳои исроил ва амрико сукут карда аз мардуми араби худ ҳам безори мечўяд.

Ном: Дусти Худо аз: Иман
24.01.2008 19:44
Ассалому Алайкум , Бале чо дорад, ки як сухани мухимро бигуям то мусалмонони азизро аз пушти салафихо тухмат накунанд, чи тавр бо рох, ки аввалан ба онхо озоди медиханд баъдан шахсиятхои даркори ки бо онхо пайвастанд хамаро як чо бармечинанд, ки мутаасифона бародарони Ханафи ва дигар мусалмонхои вокеъиро низ бо номи ин гурух тухматхо зада мешаванд ва дар охир монеъи харакатхои Исломи ва Имонии хар як шахс мешаванд. Хушёр бошед. Иннахум якидувна кайдан ва акийду кайдо.

Ном: Абўбакр
24.01.2008 19:57
вохидхон қосимуф ки ваххобихоро аз чумлаи ахли суннат валчамоат шумурдааст ба хотири он аст, ки ҳизби онҳо (Наҳзати Исломи Точикистон) харчи фаъолиятхои сиёси ва ҳизбии худро аз давлати сауди дарёфт мекунанд ва хамин инсонҳои бераҳму золим ҳастанд, ки солҳои мардуми моро гурезаву овора карданд ва дар чанҳои даҳаи навад дар Точикистони Азизи чандин ҳазор кўдаконро ятиму чандин ҳазор занҳоро бева карданд, аммо худашон имрўз бо пулҳои нефти ваххобихо барои худашон қаср месозанд ва ҳар кадом чаҳор панчто зани 14 то 20 сола мегиранд. Вассалому алайкум ва раҳматуллои ва баракотуҳ.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 17
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил