Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи шомгоҳӣ
Дархости
тозатарин ахбор
 
Кӯчаҳои Душанбе
 
 






 
 
 
 

Тоҷикистон

Шаҳрдории Душанбе барқи бештар ваъда дод

Ҷамшед Мансуров, ноиби шаҳрдори Душанбе.

23.01.2008

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, сар аз 24 январ барои масрафоти сокинони пойтахт як миллион киловатт соат нерӯи барқи изофӣ интиқол дода мешавад.

Ҷамшед Мансуров - муовини раиси шаҳри Душанбе, ки вазъи таъминоти пойтахт бо неруи барқро тавзеҳ мекард, гуфт, раҳбарияти ширкати алюминийи тоҷик розӣ шуд, ки аз ҳисоби коҳиш додани ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ин миқдори нерӯи барқ ба сокинони пойтахт интиқол дода шавад.

Аммо нишасти хабарии масъулони шаҳрдории Душанбе дар ҳоле доир мешавад, ки аксари маҳаллоти пойтахт аз истифодаи нерӯи барқ комилан маҳрум шуда ва интиқоли соатбаъйи он низ риоят намешавад. Дар бархе аз маҳаллоти пойтахт интиқоли нерӯи барқ беш аз як ҳафта мешавад, ки комилан қатъ шуда ва дар қисмати дигари шаҳр шабакаҳои обрасонӣ низ аз фаъолият бозмондааст.

Ҷамшед Мансуров - муовини раиси шаҳри Душанбе иллати бидуни огаҳии қаблӣ қатъ гардонидани барқ ва риоят нагардидани реҷаи интиқоли он дар пойтахтро ба коҳиши ҳаҷми интиқоли неруи барқ аз ҷониби Узбакистону Туркманистон нисбат дод. Муовини раиси шаҳри Душанбе гуфт, иллати аз фаъолият бозмондани шабакаҳои обрасонии пойтахт низ ба набуди нерӯи барқ вобастааст. Зеро ин шабакаҳо тавассути нерӯи барқ фаъолият мекунанд.

Дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки чаро ба рағми таъкиди раисҷумҳур, ки ба ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаи нахусти Сангтӯда -1 мегуфт, минбаъд барои аҳолӣ як соат бештар неӯи барқ дода мешавад, вале баръакс интиқоли он бамаротиб коҳиш меёбад, гуфт, дар ҳоли ҳозир, истеҳсоли барқи чархаи аввали Сангтуда-1 ғайриимкон аст. Зеро, дар ҳоли ҳозир, барқи тавлидшудаи он барои худи ин нерӯгоҳ истифода мешавад.

Дар ин нишасти хабарӣ зикр гардид, ки барои масрафоти шабонарӯзии пойтахт даҳ миллион киловатт соат нерӯи барқ лозим аст, аммо, дар ҳоли ҳозир, барои сокинони Душанбе шаш миллион ва аз ин ҳам камтар интиқол дода мешудааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Парвиз аз: салом
31.01.2008 20:48

Салом ба кулли мардуми Точикистон.Доим дар амони ХУДО бошед,сихат ва саломат бошед,ХУДОВАНД хамаи Шуморо Хидоят кунад!


Ном: Rustami Doston
24.01.2008 14:12

In gaphoe ki inho mezanand hamash sawsata wa durughi mahz ast faqat dar gap usto astan wa durughro yoban ba rost kor nadoran. Khudi hamimruz dar gazet baromad ki dar hama joi shahr limiti naw meshawad wa in limit soat ne balki yak ruzi purra swetro mekushand to okhiri mohi yanwar boz in muowini raisi hukumnati shar boshad az Khudo sharm nakarda gapi durugh mezanad barodaron hama az in masulini durughgu monda wa khasta shudaast mardum faqat dar azob wa hamin barodarone ki nawishtaand dar hamin somona hamash sukhani durust wa bar haq mezanad chunki onho bo chashmi haqiqat menigaran dunyoro umed hast hamin khel jawonho bisyor shawand wa sadoi mardumi mazlumi gurusnaro ba osmon birasonand khay barodaroi aziz ofarin ba ghayrataton az kormandoni Radyoi Ozodi ham khohish mekunem ki hamin khel juraatro doshta boshan wa zindagiro misli oina nazar kunand wa kushish kunand ki haqiqatro ba mardum guyand na in ki tarifu tawsifi be poya wa dur az haqiqat khabarnigoron chashmi millatand. Meguyand millate ki dar on intiqod boshad in millat hargiz az bayn namerawad woqean in sukhani osmonist agar har kas andesha kunad ba manoi in sukhan. bo tashakur ba kormandoni Radyoi Ozodi Padruuuuuud


Ном: Точики сарсахт аз: Душанбе
24.01.2008 10:18

Рости гап мо бисёр вактхо шохиди ваъдахои дуругу беасоси Хукумати Точикистон хастем. Инак 15 сол мешавад, ки ба чуз дуруг ва фиреб шохиди дигар амалхои хуб нашудем. Феълан Хукумат бисёр заиф аст ва аз ухдаи ичрои вазифахояш намебарояд. Ин бухрони барк ба фикрам дар тули 10 солахои наздик хал намешавад. Аввал аз ваъдахои Хукумати азизамон ва баъд аз дуругхои Руссия чон ба лаб омадаем. Ягона хоким ва холики мутлак, ки Худованди яккаву ягона хаст ба дасти Оллох таъало месупорем.


Ном: Ashraf аз: dushanbe
24.01.2008 06:44

salom ba hamai duston;;;;; dar hakikat joi taasuf hast ki, dawlate ki xudash nerui bark tawlid mekunad ammo mardumash be nerui bark megardand;; eeee mardum ee sohiboni dawlat oyo in az rui adlu isofu odamgarii hast;;; dawlat az xorij qarz mekunad ba dawlatdoron ba kissaihoi xud mezanand ammo az noni mardum kashida karazashonro pas megardoannd;;; iltimos yak zarra odamgari wa adlu insofro riyoyat kuned e dawlatdoron;; az xudo bitarsed wa az mardum sharm, kuned ;


Ном: Jon
23.01.2008 21:56

Xalqi Tojik - xalqi armon:ob dar thashm,thun yatimon....


Ном: Shodi
23.01.2008 19:28

"Дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки чаро ба рағми таъкиди раисҷумҳур, ки ба ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаи нахусти Сангтӯда -1 мегуфт, минбаъд барои аҳолӣ як соат бештар неӯи барқ дода мешавад, вале баръакс интиқоли он бамаротиб коҳиш меёбад, гуфт, дар ҳоли ҳозир, истеҳсоли барқи чархаи аввали Сангтуда-1 ғайриимкон аст. Зеро, дар ҳоли ҳозир, барқи тавлидшудаи он барои худи ин нерӯгоҳ истифода мешавад." Pas prezident dar baromadhoyash behuda va beasos gap mezanad?

Шарҳҳо 1-6 (of 6)