Фарҳанг

Забонҳои мурда ва мирандаи ҷаҳон

14.01.2008

Дар олам чи миқдор забон мурдааст ва ё аз миён рафтааст – ягон забоншинос дақиқан намедонад. Вале имрӯз забонҳои дар марзи маҳв қарордоштаро, дақиқан мушаххас кардаанд, ки теъдоди онҳо ба 383 мерасад!

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дунё дар ҳоли ҳозир 3583 забон ҳаст. Аз ин миён бо 83 забон ҳудудан 80% сокинони кӯраи замин сухан мегӯянд ва 3500 забон миёни 0,2%-и аҳолӣ роиҷ аст. Ва хатари маҳви комили ин ҳама 3500 забон, ки гурӯҳи кӯчаки мардум ба он ҳарф мезананд, бармалост.
 
Вале, бар тибқи иттилоъи забоншиносон, дар соли 2008 шояд 383 забон аз миён равад. Инҳо забонҳоеанд, ки бо онҳо гурӯҳи кӯчактари мардум сухан мегӯяд. Ба гунаи мисол, ҳаст дар олам забонҳое, ки бо онҳо 2 ё 3 нафар сухан мегӯянд, ва онҳо охирин сулолаи посдори ҳамин забонҳо будаанд.
 
Масалан, бо забони ючӣ – забони ҳиндувони амрикоӣ – ҳамагӣ 5 нафар ҳарф мезанад, ки синни онҳо аз 60 сол болост. Вале бо забони сили-динӣ, забони дигари ҳиндувони иёлати Орегони ИМА, танҳо 1 нафар сухан мегӯяд. Забоншиносон мегӯянд,бо фавти ин 6 нафар 2 забон низ мефавтад.
 
Умуман, дар ИМА 27 забони ҳиндувон дар марзи маҳвшавӣ қарор дорад. Дар Австралия 153 забони аборигенҳо (аҳолии бумии ҳиндувон) дар марзи нестӣ будааст. Дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ин теъдод ба 113 мерасад. Ба қавли коршиосон, дар кишварҳои соҳили уқёнуси Ороми Амрикои Лотин 54 забон зери хатари нестшавӣ қарор гирифтааст. Дар Сибири Русия, Чин ва Жопун 23 забони қадимӣ ҳатман мемиранд ва роҳи наҷоти онҳо вуҷуд надорад...
 
Сабаби фавти забонҳоро забоншиносон дар таъсири хеле пурзӯри забонҳои аврупоӣ – ба вижа англисӣ, испонӣ ва фаронсавӣ – дидаанд, ки мавқеъи забонҳои бумиро танг кардаву аз истифода баровардаанд. Имрӯз ҳатто наметавон тасаввур кард, ки замоне забони амрикоиҳо англисӣ набудааст!
Вале забонҳо на танҳо дар зертаъсири забонҳои аврупоӣ маҳв шудаанд. Бар асари сиёсати ишғолгароӣ ва колонизаторӣ ё ғуломдории аврупоӣ дар асрҳои миёна садҳо қабоили ҳиндувон дар Амрико, Осиё ва Австралиё нест шуданд.
 
Бар тибқи иттилоъи Дэвид Харриссон, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи забонҳои зиндаи ИМА, дар шӯравии собиқ сиёсати маҳви забонҳо роиҷ будааст, ки бар асари он забонҳои сибирӣ ба таври сунъӣ аз миён рафтаанд.
 
Ҷонибек Акобир, нависандаи тоҷик ва нафаре, ки мегӯяд, ҳоло ҳам хатари маҳв шудани ин забон бармалост, мегӯяд: «Ин ҳам дар ҳолест, ки забоншиносони тоҷик иддаъо доранд, ҳамин сиёсат дар тӯли 70 сол дар кишвари мо ҳам пиёда мешуд ва дар мавриде, ки дар шаҳрҳои хурду бузург тоҷикии форсӣ маҳдуду маҳв мегардид, забони миллӣ дар дараву деҳоти кӯҳманзар ҳифз шудааст». Оқои Ҷонибек афзуд, ҳамакнун сиёсати ҷаҳонишавӣ боз ҳам сари тоҷикии форсӣ хатар эҷод кардааст.
 
Вале ба иттилоъи Зиё Абдулло, шоири саршиноси тоҷик, ҷаҳонишавӣ сари тоҷикии форсӣ хатаре надорад, зеро бо ин забон беш аз 100 миллион одам дар Афғонистону Ирону Покистон ва Тоҷикистону Узбакистон сухан мегӯяд.
 
Бар тибқи иттилоъи Мирзо Шакурзода, муаллифи китоби «Тоҷикон дар Фалоти Ирон» хатари бузургтаре сари забони тоҷикӣ дар кишварҳои ҳамсоя эҷод шудааст, ки ба таври сунъӣ лаҳҷаи тоҷикиро маҳв мекунанд.
 
Ва аммо уламои хушбин мегӯянд, бо тоҷикӣ, дарӣ ва ё форсӣ садҳо миллион сухан мегӯяд ва ин яке аз бузургтарин забонҳои роиҷ будааст. Бо форсии тоҷикӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эҷод шудааст, Рӯдакӣ сурудааст, Сино навиштааст ва дар Осиёи марказӣ аз тоҷикӣ забони қадимтаре нест.
 
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷонибдрони ҳушдори хатарҳо сари забон мегӯянд, форсии тоҷикӣ мутаассифона забони андеша, илм ва зеҳн нест. Ато Мирхоҷа, садри шуъбаи назми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки миёни кишварҳои ҳамзабон алифбои ягона нест ва ин забон ба се шоха ҷудо шудаасту ҳамзабонҳо ҳатто имкони мутолиъаи асарҳои ҳамдигариро надоранд ва шеваву гӯиши ин як забон бештар бар 3 пора мешавад ва хатари дар алоҳидагӣ нест шудани он мавҷуд аст.
 
Аз сӯи дигар, дар олам забонҳои бузургу тавоное ҳам будаанд, ки маҳв шудаанд ва беғамиву бепарвоӣ дар нисбат ба забони миллӣ метавонад тоҷикии форсиро низ пешорӯи ҳамин хатар ҷо кунад. Ҷонибдорони ин идея забони лотинӣ, коптӣ ва санскритро мисол меоранд, ки дар тӯли беш аз 2000 сол то ҳанӯз забони илму андешаанд, вале ... мурдаанд, зеро бо онҳо касе ҳарф намезанад.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 12)
Ном: Маннонова З аз: Тошканд
26.02.2008 13:55

Чонибдори баргаштан ба алифбои ниёгон хастам ва хифзи забонро дар ин харакат мебинам.


Ном: Илхом
22.01.2008 13:01

Як душмани забон галатнависаони Радиои Озоди мебошанд.


Ном: Ёкуб аз: Душанбе
21.01.2008 15:34

Забон пояи давлат аст. Ягона меросе ки мо аз гузаштагон хифз кардаем хамин забонамон аст, мутаасифона бо пайдо шудани "точикони нав" ки бо мусохиби худ гох бо точики гох бо забони дигар радду бадал мекунанд дар оянда хавфи аз байн рафтани забони точики ба назар мерасад.


Ном: Шахриёр аз: Кумсангир
18.01.2008 16:05

Забон(Точики) яке аз мукаддасоти миллат ба хисоб меравад, ки донистан ва такаллум бар забони милли ин фарзи хар як фарзанди бо ору номуси миллат аст.


Ном: Qurbon аз: Frankfurt
17.01.2008 00:41

Yagona najoti zabon, bargashtan ba alifboi niygonamon.


Ном: Иброхим аз: Панчакат
15.01.2008 18:19

Аз худи хамин сурат муайян кардан мумкин аст, ки дар пойтахти Точикистон ба забони давлатй, яъне забони точикй, чи гуна муносибат мекунанд!!!!


Ном: Аврангзеб
15.01.2008 15:41

Шахсоне ки тарафдори рушди забони модарии хеш нестанду онро забони мухим ва ширинтарин намехисобанд сахв мекунанд. забони точики ифтихори мост ва мо бояд бо ин забон харф занем. дар чандин давлатхои бузурги олам хатто дар Гарб бо каноатманди забони ширини форсиро истифода мебаранд. Аммо худи мо чи:!


Ном: Ehson
15.01.2008 12:29

Албатта аз эхтимол дур нест ки забонхо дар ин даврони глобализасия дучори тахдиди махв мешаванд алалхусус забонхои кучак ва нодир. Имруз баъзе забонхо пурнуфуз шудаанд ва тавачухи дигаронро ба худ чалб кардаанд зеро бештари корхо ва умури чахони аз иктисод то ба сиёсату техналогия ва дигар улуми ичтимои бо ин забонхо халу фасл мешаванд. Биноан шахсро мачбур мекунанд ки ин тур забонхоро биомузад то ин ки худашро бо чомеаи чахони бипайвандад ва дар хавоши ва инзиво намонад. Забони форси точики хам яке аз забонхои пур нуфуз хаст ва банда хатари махви онро намебинам чун, ки миллионхо бо ин забон харф мезананд. Вале ман хатари махви забони адаби точикиро мушохада мекунам ва дар хакикат забони адаби дучори фалокат ва махв хвст. Ахиран тавре ки мебинем бисёрихо имруз дар чомеаи мо бо забони лахча гап мезананд ё бо забоне гап мезананд ки мухолифат ба усул ва кавоиди забони мо мебошад ва дар ин росто хам касе кореро анчом надодааст, то хануз хам имруз дар макотиби мо хамон китоби дарси забони точики тадрис мешавад ки аз замони шурави боки монда буд ва аслан ин китоб аз руи кавоиди забони русси навишта шудааст. Забони точики махв намешавад вале забони адаби ки дар он як чахон манист агар хуб истифода нашавад ва олимон дар ин соха тахкикоти илми набаранд дучори махв хохад шуд. Имрузхо мардуми мо мегуянд ки барои мо забоне дар кор хаст ки у содда ва осон фахм бошад ана хамин хаст нуктае ки забони адабиро дучори тахлука ва нобуди месозад яъне мо худамон намехохем саъй ва кушиш намоем ва забонро хубтар биомузем инсон бояд хамеша кушиш кунад ки кори мушкилро анчом дихад то ки дигар корхо барои вай осон бошанд вале мутаасифона мо мехохем хар чи барои мо осон ва муясар бошад то ки мо бо рохати хар корро анчом дихем сабаб ин аст ки мо имруз бо забони адабиямон хуб харф зада наметонем чунки мо захираи лугави надорем ва осону содарро дуст медорем ва тарчех медихем.


Ном: abdullo
15.01.2008 12:28

nakhod dar tuli 1000 sol zaboni tojiki zaboni ilmu, davlatdori, adabi va umuman zaboni davlatii Mavounahr budu imruz форсии tojiki мутаассифона забони андеша, илм ва зеҳн naboshad. in aib ast. magar zaboni hamsoyagoni mo ba in sifatho dorotarand ki nisbati zabonashon chunin izatu ehtirom dorand???


Ном: abdullo
15.01.2008 12:22

ба ин гуфтахо розиям ки забони точикиро хавфи нести интозар аст. Ба ин пещ аз хама худи мо точикон на каси дигаре мусоидат мекунем. забони точикиро ба таври сунъи маҳв намекунанд балки худи мо онро до дасти худ махв мекунем. масалан кадом одаме ки шароити пули дорад албатта фарзандашро ба мактаби руси ё литсеи турки медихад хол онки метавонанд ки дар мактаби точики забони русиро омузад ва точик монанд, вале афсус. мехохам фикрхои ман нодуруст бошан вале афсус. факат Хукумат кушиш мекунад аммо мо шахрвандон чаро забонамонро дуст намедорем??????

Шарҳҳо 1-10 (of 12)