Тоҷикистон

Ронандаи фирории микроавтобус боздошт шуд

25.12.2007

Ронандаи фирории микроавтобуси хатсайри 16 Қурбоналӣ Ғиёсов, ки дирӯз бо қаторакаши роҳи оҳан бархӯрд, боздошт шуд.

Дар ҳоли ҳозир, алайҳи Қурбоналӣ Ғиёсов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ва ҷузъиёти ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Maҳмадулло Асадуллоев, муовини раиси дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, Қурбоналӣ Ғиёсов - ронандаи мусофирбари рақами давлатиаш АБ 4124 ҳангоми ҳаракат дар хатсайри 16 қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба нишон додани байрақачаи дидбони роҳ аҳамият надода, хостааст, аз қатор пештар  роҳи оҳанро убур кунад, вале дар ҳамин ҳангом, мошини ӯ дар рӯи хати оҳан аз ҳаракат бозмондааст ва  ӯ ба хотири ҳифзи ҷонаш мошинро бо мусофиронаш гузошта фирор кардааст.

Оқои Асадуллоев афзуд, ронандаи фирорӣ дар як амалиёти ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст. Оқои Асадуллоев мегӯяд, дар натиҷаи ин садама 9 нафар дар ҷои ҳодиса кушта шудаанд.  

 

Ному насаб ва соли таваллуди кушташудаҳо ин ҷост


Дар ҳамин ҳол, мусофирон ба сурати умум сокинони кишвар аз хидматрасонии ронандагони мусофирбар изҳори норозигӣ мекунанд ки беэътиноӣ ва бепарвоии онҳо боиси садамаҳо ва маҷрӯҳ шудани сокинон шудааст. Хуршед Назаров, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар аксари ҳолат ронандагон ба хотири ба даст овардани фоида одитарин меъёрҳои амниятиро риоят намекунанд, ки ин ҳатто ба куштори мардум меанҷомад.

Аммо ронандагон худро бегуноҳ медонанд, онҳо мегуянд, аслан субҳо роҳҳо серодаманд ва одамон ба хотири зудтар ба ҷои кор расидан, худро ба мусофирбар мезананд.

Ҳангоми сӯҳбат мусофирон аслан кормандони БДА-ро айбдор медонанд, ки онҳо дар ивази гирифтани ришва аз ронандаҳо аз ҳамаи амалҳои нодурусти онҳо чашм мепӯшанд.

Аммо кормандони БДА низ ронандагонро айбдор медонанд, ки ҳангоми ҳаракат кӯшиш мекунанд, ки пеш аз дигарӣ одамони  сарироҳро савор кунанд ва гузашта аз ин, ба хотири зудтар дарёфт кардани пули мусофир дар роҳҳо мусобиқа мекунанд, ки қоидаи роҳ вайрон карда мешавад. 

 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: улугвек аз: регар
26.12.2007 18:11

бо эхтиёд бошед (насиб будааст)


Ном: Nicole аз: Lincoln
26.12.2007 16:29

In my opinion, it was driver's fault and those people who issued driver licenses for him! So, the government should restrict issuing the license.. cuz nowways you can buy it so readily.!!!


Ном: Komil Holikov аз: Dushanbe
26.12.2007 11:06

Salom barodaroni azizi,man guftani hastam ,ki hammai in holatho az sababi rioya nakardani konun va koida .Davlat boyat dar boloi milisahoi Dushanbe nazorat kunad,Bo ehtirom Komil Holikov Donishijuyi donishgohi Qing Hua dar Davlati Chin

Шарҳҳо 1-3 (of 3)