Тоҷикистон

Садама дар пойтахт: 9 кушта ва 3 маҷрӯҳ

24.12.2007

Дар натиҷаи як садама ҳангоми бархӯрди микроавтобус бо тепловози қатор дар маҳалли мавсум ба Бетонкаи пойтахт 9 мусофир ба ҳалокат расид.

Худойназар Асозода, сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар як тамоси телефонӣ бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин ҳодиса дар натиҷаи риоят нашудани қоидаи ҳаракати роҳ аз сӯи ронандаи микроавтобуси хатсайри 16-и Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамзамон оқои Асозода аз шарҳи бештари ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ кард. Вай танҳо афзуд, ки дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи бозрасони ниҳодҳои интизомии кишвар ба таҳқиқи ҳодиса пардохтаанд.

  
Шахсияти афроди кушташуда то кунун шиносоӣ нашудааст. Зеро 3 нафари шадидан маҷрӯҳшуда, ки ба бемористон мунтақил шудаанд, зери табобати пизишкон қарор доранд ва ба муфаттишон низ иҷозаи мулоқот бо онҳо дода нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари сокинони пойтахт низ аз тарзи хидматрасонии ронандагони микроавтобусҳо изҳори норозигӣ мекунанд. Як нафар сокини шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки дар аксари ҳолат ронандагон ба хотири ба даст овардани фоида одитарин меъёрҳои амниятиро риоят намекунанд.
 
Замоне, ки мо аз маҳалли ҳодиса боздид карданӣ шудем, нерӯҳои интизомӣ гирдогирди маҳалро печонида, таҳти назорат қарор дода буданд ва дар ҳамин ҳол касеро ҳам ба ҷои ҳодиса роҳ намедоданд.
 
Ҳодиса зӯҳри имрӯз, соати тақрибан дувуним ба вақти Душанбе рух додааст. Микроавтобуси мусофирбари тамғаи «Газел», ки дар хатсайри 16 ҳаракат мекардааст ба ҳангоми убур аз роҳи оҳан дар хиёбони Нурулло Ҳувайдуллоев бо тепловози қатор бархӯрд кардааст.

 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: vatandor аз: vanj
02.01.2008 22:57

Pesh az hama baroi unhoe ,ki nazdikoni khudro dar in sadama az dast dodaand Az KHudovand saburi khohonam va un kasone ki oludai in sadamaand va gunahgor dar in hodisaand Insholloh jazoi khudro mebinand


Ном: Umed Shodmonov аз: Dushanbe
27.12.2007 13:18

Жаль, примите моё саболезнование. Но обидное в том, что за рулём сидят вот такие люди! Дароги тоже не самые лучшие.


Ном: Nicole аз: Lincoln
26.12.2007 16:34

I do not have anything to say to this accident!only to condole to whom who lost their child, mom,dad, sister, brother and others.However, the driver was really poikilothermy person. He could help someone to get out of the mini-bus but he escaped of the crime scene.

Шарҳҳо 1-3 (of 3)