Тоҷикистон

Шикояти афсари ВКД аз "Фараж" ва "Азия-плюс"

12.12.2007

Афсари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе аз хабарнигорони нашрияҳои «Азия-плюс» ва «Фараж» шикоят бурдааст.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ зимни ирсоли як нома ба ин нашрияҳо хабар додааст, ки дар матлаби Саида Қурбонова ва Рамзия Мирзобекова, хабарнигорони ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Азия-плюс» шахсияти Назаралӣ Саидов, лейтенанти милисаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, таҳқир ёфтааст. Дар нома омадааст, хабарнигорон, ки дар бораи Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон», мавод таҳия намудаанд, аз забони ҳамкасби хеш дар мавриди афсари милиса маълумоти бардурӯғ нашр кардаанд ва ба ҳамин минвол мӯҷиби коҳиши обрӯйи ӯ тариқи расонаҳо шудаанд. 

Қаблан нашрияҳои «Азия-плюс» ва «Фараж» дар саҳифаҳои худ аз ҳодисае, ки бо Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» 4 октябр ҳангоми нишасти сарони кишварҳои ИДМ рух дода буд, мавод нашр карданд. Нашрияҳо ба нақли қавл аз хабарнигор овардаанд, афсари милиса Назаралӣ Саидов дар кӯча Муҳаммадалии Мақсадуллоҳро, ки ҳамчун хабарнигор дар пайи омодагӣ ба ширкат дар нишасти сарони ИДМ буд, бо алфози қабеҳ дашном додааст.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ оқои Мақсадуллоҳ гуфт, аз ин рафтори афсари милиса ба додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурд ва дар навбати худ додситонӣ аз раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе тақозо кард, ки алайҳи афсари милиса тадбирҳои интизомӣ дида шавад. Оқои Мақсадуллоҳ гуфт, ба ӯ маълум нест, ки то ҳол чӣ тадбир дида шудааст. Вай афзуд, «ин ки афсари милиса аз ман ба додгоҳ шикоят бурдааст, бозгӯйи аз он мекунад, онҳо на фақат тадбир наандешидаанд, балки маро ба додгоҳ кашанд».

Дар ҳамин ҳол, дар аризаи шикоятиаш Назаралӣ Саидов, афсари милиса, аз додгоҳ хостааст тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон алайҳи рӯзноманигорон ва нашрияҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба унвони ҷуброни зарари маънавӣ аз онҳо 350 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 100 ҳазор доллари амрикоӣ, ситонида шавад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: aziz аз: dushanbe
13.12.2007 17:48

BOVAR KUNED IN YAK MASALAI ODDI BANAZAR MERASAD DAR GOMEAI KUNUNII TOJIKISTON VALE BISAYORHAM JOI TAASUFOVAR AST BARODAR MAQSADULLOH NOTARSIDA BA PESH RAVED AGAR TAGOI MAHMADULLO VAZMIN BOSHAD KHUBTARASH QAFO GARDEDU KHUDRO AZOB NADIHED VALE CHI ILOG CHUNONEKI GUFTAAND CHAROGI ZULMI ZOLIM TO DAMI MAHSHAR NAMESUZAD AGAR SUZAD SHABE SUZAD SHABI DIGAR NAMESUZAD IN AMALEKI SHUMO DUNBOLASH HASTED ZIYODAND KI HARRUZHO BA ON MARDUMI BECHORA RUBARUAND ALAMON AZIN ZOLIMON


Ном: донишчу аз: Душанбе
13.12.2007 15:21

Ин икдоми "хомиёни хукук" бори аввал нест ва онхо бо хамин рох мехоханд "журналюгахоро" тарсонанд. Агар суд хам чонибдори онхо шавад, вой бар холи мою чомеаи хукубунёдамон... худогох


Ном: Аскар
13.12.2007 13:12

Ана гапу мана гап!!! "... афсари милиса Назаралӣ Саидов дар кӯча Муҳаммадалии Мақсадуллоҳро, ки ..., бо алфози қабеҳ дашном додааст. О бародаро, шумо магар дидаед, ки ягон милиса бе "лугатхои ороиши" харф зада бошад?!


Ном: Гулмад
13.12.2007 13:06

Милисаи гунаҳкор дидб ки ба наздикӣ барои аъмоли ғайри қобили қабулаш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Ва бо маслиҳати наздикону сарваронаш «беҳтарин мудофиа – ҳуҷум аст» -гўён ба ин иқдом даст задааст.Аз рўи инсоф ин милиса 350 ҳазор сомониро дар хоби шабаш ҳам надидааст, зеро маошаш аз 40-50 сомонӣ беш нест. Журналистон набояд аз ин «тактикаи» унвондорҳои мардумозор битарсанд. Милисаи гунаҳкорро ба додгоҳ кашида, 4-5 сол зиндонӣ кардан зарур аст, то ба онҳое, ки либоси низомӣ ба бар карда беадолатӣ мекунанд, панде гардад.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)