Минтақаҳо

Як литр равған дар Панҷакент 10 сомонӣ шуд

12.11.2007

Ахиран дар Тоҷикистон тамоюле ба мушоҳида мерасад, ки нархи маводи ниёзи аввал дар маҳалҳои дурафтода ва бунбастӣ бо суръати бештар боло меравад.

Нархи равған дар Панҷакент боло рафта, ҳамакнун як литр равғани растанӣ ба даҳ сомонӣ фурӯхта мешавад. Як бушкаи панҷлитраи равған, ки якуним моҳ қабл 19 сомонӣ арзиш дошт, ба 50 сомонӣ расидааст. Дар бозорҳо равған камчин шудааст. Мардум аз болоравии нархҳо нигаронанд. Фурӯшандаҳо иллати болоравии қиммати равғанро дар афзоиши нархи он дар бозорҳои шаҳрҳои калон ва ҳамчунин, қиммат шудани роҳкиро медонанд.

Ба Панҷакент аз Хуҷанд, Истаравшан ва Душанбе равған меоранд.Як миқдор равғане ки дар корхонаҳои хурди хусусӣ тавлид мешавад, талабот ба ин навъи маводро дар ноҳия қонеъ намегардонад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-5 (of 5)
Ном: Sayid аз: Mastchoh
15.11.2007 17:45

salom mardumi mo naboyad az fursat istifoda karda ba mardum dushvori ijod kunand,boyad kamtar sirvatmandon yo kasoneki korxonai ravgan dorand narxu navoro kamtar kunand charo baroi millat zindagiro dushvor kard unho ham zindagi dorand chixelike shumo namexohed yak chizi qimmatro bixared digar kaso ham inro mexohand,mo bo yad harchi ki baroi xud mepisandem baroi mardum ham uro pisandem.xudo xudo dar dili har yaki movu shumo tavfiq bidahat to adlu insofro pesha girem xudo hofiz.


Ном: Беном
12.11.2007 17:28

salom


Ном: oriyoi аз: oryono
12.11.2007 17:03

dar tvt boshad hanuz ham raksu surud!!!


Ном: Беном
12.11.2007 16:29

Tojikoni man, ajab mardumi sarsaxt shumoed! Baroi yak litr ravghani rastani, ki dar Tojikiston istehsol meshavad, shumo noyad du moh kor kuned. voya bar holi shumo! voy bar holi in humkumat va prezident ki shumo ba misli Xudo meparasted...voy dod...


Ном: аз масква
12.11.2007 15:55

салом радиои озоди ва касонеки радиои озодира мешунавед ахборхояшро мехонед умед дорем соломи мо мухочирине ки ба хотири кор ба шахри масква омадем кабул фармоед нисбати баланд шудани орд ва равган дар точикистон мо ягон гап надорем ва аз худованди манон талаб дорем дар ватани мо орд ва равганро арзон кунад албата шумо хам аз худо бихохед рахмати худо васеъ аст ва дархояш боз ва аз точироне ки орд варавган мефурушанд хохиш дорем фикри мардуми гарибро кунанд худо хофизи шумо

Шарҳҳо 1-5 (of 5)