Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави мақбараи Рӯдакӣ


Бунёди мақбараи падари шеъри форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент бо тарҳи нав шурӯъ шуд.

Набишоҳ Бурҳонов, муҳандиси мудирияти сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, бунёди мақбара ба тарзи силсилавӣ оғоз гардидааст.

Ҳамин тариқ, дар баробари сохтмони мақбара ҳамчунин чойхона, осорхона, китобхона аз сари нав таъмиру бозсозӣ хоҳад шуд. Барои бунёди мақбараи мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон 1,5 миллион сомонӣ тахсис гардидааст.

Қарор аст, ки сохтмони ин иншоот моҳи августи соли 2008 ба анҷом расад.

XS
SM
MD
LG