Иқтисодиёт

Хидматрасонии исломии бонкӣ дар Тоҷикистон

02.11.2007

«Агроинвестбонк», як бонки тиҷоратии Тоҷикистон, хизматрасонии бонкиро бар пояи қавонини шариати Ислом ба роҳ мондааст.

Акнун, «Агроинвестбонк» барои бори аввал дар Тоҷикистон ба мизоҷонаш аз рӯи қонунҳои шариат қарз хоҳад дод. Ибодулло Саидмуродов, муовини раиси бонки тиҷоратии «Агроинвестбонк» гуфт, акнун бонк ҳамчун ҳамкор ба мизоҷаш қарз дода, ба соҳибкор ҷиҳати анҷом додани фаъолияташ ҳамдастӣ мекунад ва раванди амалишавии онро таҳти назорат мегирад.  Вай афзуд, фоида миёни бонк ва соҳикор бар пояи созишномаи қаблӣ ду тақсим мешудааст.

«Агроинвестбонк» - аввалин бонки Тоҷикистон аст, ки дар асоси қонунҳои шариат бо мизоҷон ҳамкориро оғоз кардааст ва дигар бонкҳои кишвар бар гирифтани суд аз қарз фаъолият мекунанд.

Фаъолият бидуни суд аз қарз танҳо хоси бонкҳои исломист, ки дар кишварҳои исломӣ ба чашм мехӯрад ва тибқи қавонини Ислом фоида аз қарз ҳаром дониста мешавад. Точикистон расман кишвари дунявӣ маҳсуб гардад ҳам, аммо тибқи омори расмӣ 97 дарсади аҳолии кишварро мусалмонон ташкил мекунанд.

Масъулини «Агроинвестбонк» мегӯянд, ҳадаф аз роҳандозии тартиби исломии кори бонкӣ ҷалби сармоягузориии кишварҳои исломӣ ба иқтисоди кишвар аст. Тибқи иттилоъи «Агроинвестбонк» тавофуқ рӯи сохтори исломии фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон таи як вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳайъати Корпоратсияи исломии рушд ҳануз моҳи июли соли 2006  дар Душапнбе ҳосил шуда будааст. Ва ҷониби Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармоягузории бонкҳои исломӣ шартҳои Корпоратсияи исломии рушдро,  аз ҷумла гузаштан ба сохтори бонкии исломиро пазируфтааст.

Ибодулло Саидмуродов, муовини раиси бонки тиҷоратии «Агроинвестбонк» гуфт, ҷонибдорони тартиби исломии ҳамкорӣ бо бонкҳо зиёд будаанд, аммо «Агроинвестбонк» наметавонад, ба ҳамаи хоҳишмандон қарз диҳад. Зеро ҳоло Корпоратсияи исломии рушд ба ин бонк ҷиҳати бо ин тартиб қарздиҳӣ танҳо 1,5 миллион доллар маблағ ихтисос додаст ва ин маблағ фақат ба ширкатҳои хусусӣ дар ҳаҷми аз 100 ҳазор то 500 ҳазор доллари амрикоӣ дода мешавад.

Оқои Саидмуродов афзуд, «Агроинвестбонк» танҳо барои ташкил намудани истеҳсолот ва тиҷорати шаръӣ қарз медиҳад, аммо барои фаъолиятҳое, ки Ислом манъ менамояд, амсоли ташкили қиморхона, ташкили коркарди тамоку ва шаробхона маблағ дода намешавад.

Коршиносон мегӯянд, тарзи нави қарздиҳӣ барои роҳандозии корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар метавонист, мусоидат кунад, аммо кам будани маблағи тахсисёфта, яъне 1,5 милион доллар ин имкониятро заъиф мекунад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-5 (of 5)
Ном: Абдурахмон аз: 0201
08.11.2007 10:59

рахмат барои дастгирии дини мубораки Ислом...


Ном: Беном
04.11.2007 15:02

In gomi xelo xyb hast darohi jalbi sarmoyahoi bonkhoi islomi va kishvarhoi islomi ba iqtisodi Tojikiton va fikram onqadar kofi nest. Va az tajribai bonkdori islomi ki dar kishvarhoi sobiq shyravi (misli Rusiya) ki az mo peshtar gom ba syi bonkdori islomi bardoshatan nishon medihad ki to in ki qonynhoi bonk dori isloh nashavad bonk dori islomi ryshd naxohad kard va shoyad dar nihoyat ba nokomi bianjomad. Chynki qonynhoi bonkdori Tojikiston in bar asosi Bonkdori ribavi gyzoshata shydast va andoz sypori ham bar hamin asos hast ki ba ryshdi bonkdori islomi monea ijod mekynad. Va digar iqdomi Agroinvest bank in iqdomi xyb hast, amo dar daroz mydat in tarzi faoliyat xyb nest va amo agar Agroinvest bank bixohat ki faoliyati bonkdori islomi ro ba roh monad va bo rohi pyra halol kor kynad boyad ba shakli pyra ba faoliyati islomi gyzarad va yo inki 1 baxshi mystaqil faoliyati bonk dori islomiro ba ba roh monad chynki bo tarzi kor pyli halol bo harom omexta hast va in tarze koro mo 100% islomi gyfta nametonem va hamchynin bisyor masoili fiqhi marbyt ba dody girifti mol hast ki hykmashon az hykmi ribo kamtar nest ki boyad dar nazar girifta shavad dar inrosto.


Ном: Muhammad
04.11.2007 15:01

Alloh guftaast (albatta shummo dini manro nusrat dihed man shummoro nusratu komyobi mediham ) albatta in vadai Alloh ast inshoalloh ki shummo barakat meyobed dar in duyo va dar okhirat.


Ном: Munir аз: ihtiyri
02.11.2007 21:40

Bovar kuned hangomi in makolaro hondan hele hushhol shudam . AMMO hohish doram ki in tariki karzdihiro yne MUZORABARO hub omuhtan va marduro fahmondan chunki aksariyt hatto mullohomon inro namedonand.


Ном: Tojik
02.11.2007 16:27

Salom ba kormandoni bonk va ba onhoe,ki muxlisi in sait hastand! Bovar kuned agar Agroinvestbonk inxel kor kunad inshooloh,ki xayru baraka dar in bonk zied meshavad.Man bovari doram,ki mardum hama bo Agroinvestbonk hamkori xohand kard.Ba Raisi bonk tamanieti man hamin ast,ki xudovand hamesha dar panohash nigahbon boshad,Va bonkash hamesha az rui shariat kor kunad Salomat boshed.

Шарҳҳо 1-5 (of 5)