Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:39
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Фарҳанг
Ошиқи забони тоҷикӣ дар Финланд
30.03.2007
Тимо Ҳаапанен, муаллими Колеҷи Остробоҳнияи Ҷанубӣ мегӯяд, нахустин бор таваҷҷӯҳи ӯ ба забони тоҷикӣ ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ пайдо шуд. Ӯ дар донишгоҳ забони олмониро меомӯхт. Онҳо забонҳои шабеҳро муқоиса мекарданд ва ҳамон вақт Тимо монандии зиёд миёни тоҷикӣ ва забонҳои дигари хонаводаи ҳинду аврупоиро мушоҳида намуд. Тимо мегӯяд, масалан, калимаҳои
бародар
ва ё
модар
дар забонҳои англисӣ, олмонӣ, шведӣ ва тоҷикӣ ба ҳам шабеҳанд.
Тимо мегӯяд:
Баъдан, дар солҳои ҳаштодум телевизиони Финландия серияи филмҳои мустанади япониро дар мавриди роҳи маъруфи абрешим намоиш медод. Ҳангоми тамошои барномаҳои телевизионӣ дар мавриди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги ин минтақа маро ба ваҷд овард. Филмсозони японӣ бо сокинони Осиёи Марказӣ сӯҳбатҳо доштанд ва таассуроти ман чунин аст, ки мардуми минтақа меҳмоннавоз, хушрафтор ва хоксор мебошанд ва ҳамчунин ҳазлу шӯхиро дӯст медоранд. Дар ин барнома ман нахустин бор дар мавриди пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва кӯҳҳои беандоза зебои Помир тасаввур ҳосил кардам. Ва ҳамон вақт ман барои нахустин бор дар зиндагии худ садои одамонеро шунидам, ки ба забони тоҷикӣ гап мезаданд.
Тимо мегӯяд, ки дар ҳамон вақт забони тоҷикӣ, баъди солҳо бори дигар таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб намуд:
Ин забон ба гӯши ман нарму хуш мерасид. Баъзе калимаҳо ҳатто бо забони модарии ман - забони финӣ шабоҳат доштанд, ҳол он, ки ин ду забон ба ҳам комилан робита надоранд. Ман ин бор ба ин забон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ пайдо кардам, вале то замоне, ки қадами мушаххасе барои омӯхтани забон бардорам, як муддати дигар гузашт. Билохира, интернет ба кӯмаки ман расид. Тавассути интернет ман ба манбаъҳои мухталифи забономӯзӣ дастрасӣ ёфтам ва ҳамчунин ҳар вақт, ки мехоҳам метавонам тавассути интернет ба барномаҳои радиои озодӣ гӯш диҳам.
Тимо дар хондану навиштани тоҷикӣ мушкилот надорад, зеро ӯ забони русиро омӯхтааст ва алифбои кирилиро медонад.
Сарфи назар аз хоҳиши зиёди забономӯзӣ, Тимо дар омӯхтани тоҷикӣ ба чанд мушкил рӯ ба рӯ шуд. Ӯ мегӯяд, ёфтани китобҳои омӯзиши тоҷикӣ ба ҳайси забони хориҷӣ ва луғатҳои тоҷикӣ дар Аврупо кори осон нест. Дар ҳоле, ки барои омӯзиши забонҳои маъруф, масалан, англисиву олмонӣ, на танҳо китобу луғат, балки навору дискҳои мухталиф вуҷуд доранд.
Тимо ҳамчунин забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, испанӣ, эстонӣ ва лаҳистониро низ омӯхтааст.
Тимо мехоҳад, ки рӯзе ба Тоҷикистон сафар кунад. Вале ҳанӯз намедонад, кай ин орзуи худро амалӣ мекунад. Орзуи дигараш ин аст, ки миёни Тоҷикистон ва Финланд барномаи табодули донишҷӯён роҳандозӣ шавад. Яъне гурӯҳи ҷавонони финландӣ як муддат ба Тоҷикистон раванд ва гурӯҳе аз Тоҷикистон ба Финланд сафар кунад. Ӯ умед дорад, ки шояд Иттиҳодияи Аврупо ба чунин барнома маблағгузорӣ кунад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия