Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Википедия


Дар яке аз навтарин донишнома ва ё энсиклупедиҳои ҷаҳон бо номи Википедия (Wikipedia) саҳифаи Наврӯз яке аз комилтарин, ростгӯтарин ва зеботарин саҳифаҳост ва на танҳо ба инглисӣ, балки ба бисёр забонҳои хурду бузург. Ва сафҳаи Тоҷикон дар ин донишнома низ як саҳифаи аҷиб аст, ки аксҳояш аз Абуалӣ ибни Сино сар шуда бо Аҳмадшоҳи Масъуд поён меёбанд.
Ва дар ин саҳифа ҳам акси наве ба таври ҷудогона нашр шудааст, аз маликаи ҳусн -- Ҳамосаи Кӯҳистонӣ аввалин зани мусулмон, ки барандаи унвони фохираи зеботарин зани инглистон эълон шуд ва худи ӯ мегӯяд, тоҷик аст, ҳарчанд дар Тошканд ба дунё омадааст.
Дар рӯзи наврӯз тасмим гирифтам, дар як гуфтугӯ бо узви аршади Шӯрои мудирони ин донишнома, хонуми Флоренс Нибарт-Дивуар, Википедияро бароятон муаррифӣ кунам. Зимнан ин шӯро беҳтарин намояндагони риштаҳои гуногунро ҷамъ овардааст, ки нақши сардабирони бахшҳои мухталифро мебозанд.

Саволи аввали ман ин буд, ки оё аслан андешаи таъсиси чунин донишнома чи гуна ба миён омад ва кор аз чӣ оғоз ёфт?

"Ин барнома дар соли 2001 сар шуд ва ҳамагӣ панҷ сол дорад, яъне хеле ҷавон аст. Андеша аз ин иборат буд, ки иттилоъи мавҷуда дар ҷаҳон як ҷо гирдоварӣ шуда, ройгон дар ихтиёри зиёдтарин шумори зиёди мардуми ҷаҳон гузошта шавад.
Се масъала дар назар буд. Аввал ин ки маълумот дар дастраси зиёдтарин шумораи мардуми ҷаҳон бошад ва биноан, сафҳа бояд бо забонҳои гуногун навишта ва нашр шавад, на ин ки ба инглисӣ навишта шудаву аз он ба забонҳои дигар тарҷума шавад. Дуюм, дастрасӣ ба ин маълумот бояд ройгон ва озод бошад ва мардуми камбизоат низ битавонанд аз он истифода кунанд ва сеюм озодӣ дар истифодаи ин маълумот, таҳриру такмили он ва ҳатто корбасти тиҷоратии иттилоъ. Инҳо се чизи асосӣ буд."

Бонуи Флоренс, аммо шеваи кори ин донишномаи интернетӣ чигуна аст, яъне ҳар касе метавонад, муаллифи он бошад? Оё ҳеҷ гуна тақсими вазифа ин ҷо ҳаст?

"Бархе аз одамон фақат менависанд ва ё иловае ворид мекунанд, бархи дигар ба ҳифзи назму тартиби маълумот машғуланд. Аммо санҷиши иттилоъ ва ё таҳрири он корест, ки аз дасти ҳама меояд. Мо дар худи ин сомонаи интернетӣ барномаеро гузоштаем, ки ҳар хоҳишманд метавонад бо истифода аз он хатоеро ислоҳ кунад ва ё маълумоти наверо ба донишнома ворид кунад. Дар ниҳояти кор мо афроде ҳам дорем, ки ин иттилоъро бори дигар месанҷад. Ба сурати куллӣ одамон хеле кумак мекунанд, ҳарчанд гоҳе харобкорон ҳам пайдо мешаванд ва ё афроде даст ба нависандагӣ мезананд, ки иттилои комил надоранд. Аммо ба сурати умум донишномаи мо то рафт беҳтару беҳтар мешавад. Яъне ин чизест, ки бго гузашти айём ҷобаҷо мешавад. Фақат назорати дастҷамъона ба маълумот зарур аст."

Ва аммо як саволи дигар. Худи "Вики" оё чӣ маъно дорад?

"Вики" як вожаи ҳавайист, аз ҷазираи Ҳавайи дар ИМ ва маънояш зуд аст. Ва педия аз энсклиопедия омадааст. Википедия яъне донишномаи зудкор, на танҳо ба маънои хондани он, балки навиштани он низ, яъне фақат сомонаро боз мекунӣ ва дар чанд лаҳза мақолае менависӣ ё иловае ва онро нашр мекунӣ. Вики-вики, яъне хеле зуд."

Ташаккур, ба Флоренс Нибарт-Дивуар, узви Шӯрои мудирони донишномаи Википедия. Ҳамкори ӯ Вейн Севис ба ман гуфт, хабари хуб ин аст, ки нашри тоҷикии Википедия тақрибан омода шудааст ва дар чанд ҳафтаи оянда нашр хоҳад шуд. Донишномаи Википедия яке аз 25 сомонаи пурхонандатарини ҷаҳон ба шумор меравад ва рӯ ба густариш дорад.
XS
SM
MD
LG