Тоҷикистон

Сӯхтор дар бозори «Шоҳмансур»

10.10.2008

Соҳибони 50 адад фурӯшгоҳи бозори «Шоҳмансур» бар асари оташсӯзӣ беш аз як миллион сомонӣ зарари молӣ дидаанд.

Як комиссиюни вижаи давлатӣ бо шумули додситонии ноҳияи Шоҳмансур, хадамоти оташнишонӣ, шаҳрдории пойтахт ва милиса ба таҳқиқи омилҳои сар задани оташсӯзӣ пардохтааст. Бар асоси фарзияи пешакии мақомот, оташсӯзӣ дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ дар маркази тиҷории «Наргис» рух додааст.

 

Шоҳидони ҳол мегӯянд, соати наздик ба 6-и субҳи 10-уми октябр алангаи сусти оташро танҳо дар як дӯкони маркази тиҷории «Наргис» мушоҳида кардаанд, аммо ба сабаби дер расидани хадамоти оташнишонӣ ва беоб будани мошинҳо, домани оташ дар фурсати кӯтоҳ фарох шуда, як ҳазору 800 метри мукааб масоҳати бозору маркази тиҷорӣ ба коми оташ рафт.

 

Аксар аз мусоҳибони радиои Озодӣ таъкид мекарданд, ки молу колои фурӯшӣ ва мағозаҳои худро суғурта накарда ва ҳамакнун ҳеҷ ниҳоде хисороти расидаро ҷуброн нахоҳад кард:

 

«Мо тақрибан ҳеҷ борамона наҷот дода натавонистем. Дар ду дӯкони сӯхтаамон ҷамъан баробари 12 ҳазор доллар бор доштем, асосан телевизору DVD-ҳо ва дигар ашёи рӯзгор, шукри Худо, ки худамон сиҳат мондем...».

 

«Ана дар ҳамин ҷоҳое, ки пурра сӯхтанд, зиёда аз 300 нафар кор мекарданд, ҳама зарар диданд, худи ман ҳама борам, либосвории тобистонаю зимистона, ки ахиран аз Туркияву Қирғизистон оварда будем, талаф ёфт, зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ зиён дидам...»

 

«Ман зани танҳо, ҳамин бозор ягона воситаи рӯзгузаронӣ ва таъмини фарзандонам буд. Аз бонк пул гирифта будам, бор овардам барои фурӯш, саҳар биёям, бозор сӯхтааст, тиҷорати мо ҳам, акнун чи тавр он пули бонкро бармегардонам, ҳамааш дар гардиш буд...»

 

«Давлат ҳеҷ ҷойи кори дуруст бароямон таҳия намекунад, ки аз ҳамин бозор халос хӯрем, чанд бор бозори «Корвон»-ро сӯзонданд, акнун навбат ба мо расид?»

 

«Мо аз масъулини бозор ва давлат хоҳиш дорем, ки дар барӯарор кардани дӯконҳои мо кӯмак кунанд, минбаъд ҳадди ақалл барои як муддат моро аз пардохти андозҳо ва чекпулию мисли ин озод кунанд, то ки мо тиҷоратамонро тавонем барқарор созем...»

 

Оташсӯзии бозори «Шоҳмансур»-ро пас аз се соати сар заданаш наздик ба 150 оташнишон бо 13 адад машинаи обпош тавонистанд хомӯш кунанд, аммо соҳибкорони фурӯшгоҳ мегӯянд, агар хадамоти оташнишонӣ ба зудӣ ба маҳалли офат мерасиданд, мизони хисорот то чанд маротиб камтар мешуд:

 

Дар ҳамин ҳол Лутфулло Забиров, яке аз масъулони хадамоти оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе, гуфт, иддаоҳо дар мавриди машинаҳои беобу дер омадани оташнишонҳо ба маҳалли ҳодиса асос надоранд, гузашта аз ин, бозори «Шоҳмансур» ба сурате бино шудааст, ки ба меъёрҳои зиддиоташсӯзӣ хилофат дорад:

 

«Моро ҳамеша танқид мекунанд, аммо кори мо танҳо аз хомӯш кардани алангаи оташ иборат нест. Бояд дар назар дошт, ки ҳар як мошини мо то дуюним тонна об дорад, аммо дар давоми чил сония он тамом мешавад, зеро ҳарорати оташсӯзӣ бисёр баланд аст, оҳан месӯзад. Дурӯғ аст, ки мошинҳои мо об надоштанду дер омадем. Худи бозор гидрант надорад, тавре сохта шудааст, масъулини бозор растаҳоро худсарона танг кардаанд, барои гузаштани мошинҳои оташнишон ҷой намондааст, гидрантҳоро худсарона болопӯш кардаанд, мо об гирифта натавонистем...».

 

Вале Маҳмадраҷаб Холов, сарвари бозори «Шоҳмансур», дар навбати худ гуфт, фурӯшгоҳи мазкур дорои дастгоҳҳои оташнишонӣ ҳаст, аммо беэҳтиётии соҳибкорони маркази тиҷории «Наргис» ва то ним соат бо таъхир ҳозир шудани оташнишонҳо ба маҳалли ҳодиса боиси талаф ёфтани маркази тиҷорӣ, нуқтаҳои савдо ва ғизо дар қисмати ғарбии бозор гардид.

 

Оташсӯзӣ дар бозори «Шоҳмансур» ва маркази тиҷории «Наргис» ҳодисаи аввали тахриби бозору фурӯшгоҳҳо дар Душанбе нест.

Бори охир дар моҳи августи имсол дар бузургтарин бозори молу колои пойтахт - «Корвон» 60 контейнери коло ва ду анбори азим ба коми оташ рафта, масоҳати оташсӯзӣ ба ду ҳазору 100 метри мукааб расида буд.

 

Талафоти ҷонӣ он замон, мисоли оташсӯзии бозори «Шоҳмансур», набудааст. Камиссиюни махсус ба ҷунин хулоса расид, ки дар оташсӯзии бозори «Корвон» нафаре ва ё гурӯҳе боғараз даст дошта, то ба ҳол боздошт нашудааст. Аммо дар мавриди оташсӯзии бозори «Шоҳмансур» мақомот гуфтанд, ки иртиботи ин ҳодисаро бо рӯйдоди августии бозори «Корвон» наметавонанд тасдиқ ё такзиб кунанд ва ҳанӯз дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ном: PANSHER аз: DUSHANBE
19.10.2008 21:21

ХА - ХА - ХА - ХА
ХУДОВАНД БА ШУМО НИШОН ДОД ХАМОН БОРХОЯТОНА БО НАРХИ ДАСТ РАС БА МАРДУМИ КАМБАГАЛ МЕФУРУХТЕД НАМЕШУД
САЗОЯТОН АНА ХАМИН АСТ ШУМО САЗОВОРЕД БА АНА ХАМИ ВОКЕА АГАР ШУМО ЗАКОТИ МОЛАТОНА МЕДОДЕД ШОЯД КАМТАРАШ МЕСУХТ МОНДАГИ ПУЛХОЯТОНРО БУРДА ХАЙР КУНЕД КИ БАРАКАТ ДАР КАСБУ КОРАТОН ШАВАД......
ХА - ХА - ХА - ХА - ХА


Ном: muzik аз: rasht
19.10.2008 17:20

dar in jo ham tojiron gunahgor hastandu ham hujainoi bozor.zero ba fikri man pesh az in 2 marotiba baroi simhoi bark hamin markrzi savdoro mahkam karda budand.hcihele ki meguyand iloji vokea pesh az vuku


Ном: Jamshed аз: Dushanbe
13.10.2008 12:26

Илочи вокеа пеш аз вукуъ.Хамааш айби точирон


Ном: hasan аз: Dushanbe
12.10.2008 13:38

salom. ba gumoni banda, in voqea maxsus tashkil gardida bud, to ki minba`d tojiron molhoyashonro sugurta kunand...


Ном: Asad аз: New-York
12.10.2008 02:21

In khatogii khudi otashkhomushkunandagon niz hast, ki khub nazorat namekunandu ba'di az pora giriftan chashm mepushand. Ba'd khudo hamon mas'ulini bozorro aybdor mekunand. Ammo imruzho agar nazar kunem dar tamomi mintaqahoi shahr dar bayni khonaho ohanporahoro rost kardaand, ki hatto yorii ta'jili niz ba omadan mushkili mekashad.


Ном: Arghuvon аз: london
11.10.2008 16:56

Salom hamvatnoni aziz az shunidani in khabari nokhush khelo gamgin shudam mo boyad,ki az khoidahoi sukhtor be chunu charo rioya namoyem. Mutasifona sokhtori sukhtorkhomushkuni va khoidahoi bekhatarii sukhtor dar Tojikiston ba tarzi amiq baro monda nashudaand. In masalaro hukumati jumhuri va ba tarzi jidi baro monad.Khonandai sinfi 9. LONDON


Ном: B.M.S. аз: paris
11.10.2008 10:15

bo salom .....
aib dar khudi horisoni bozor ast agar nagz justu ju kunand maalum meshavad ki ki bozorro otash zada ast .


Ном: Манучеҳр аз: Эрон, Машҳад
10.10.2008 21:06

Саломи худро бахри Шумо хонандагони азиз мерасонам. Ман фикри худамро дар ин қазия гуфтани ҳастам, ки дар ин ҷо гунаҳгор бозордорон ва оташхомушкунон ҳастанд, чун ки бозордорон масъул ҳастанд, ки пеш аз сар задани ҳодиса бояд илоҷи корро медиданд. Вале мутаасифона ин амалдорон суми халқро, ки бо сад ранҷу заҳмат ҷамъ оварданд муфт мегиранду баҳри онҳо ҳеҷ кумаке ва ҳеқ ёрие дар чунин мавридҳо намерасонанд.
Дар хусуси оташхомушкунон бошад: аслан ҳеҷ гуфтани ҳам намондааст. Ин оташхомушкунони мо мисли полиси Ҳиндустон барин пас аз дуруст шудани кор ҳозир мешаванд. Вале чи илоҷ ё об надоранду ё шилангашон кафидаасту ё гедрангро баҳона мекунанд. Охир кишвари мо, кишваре мебошад, ки дорои оби зиёд асту вале мошинҳои обкаши оташхомушкунони мо холист.
Чанд дафъа аст, ки бозори Корвон месузаду оташхомушкунони мо дер ҳозир мешаванд.


Ном: Behruzjon аз: New york
10.10.2008 16:27

Sababi Asosi Ki VA chi mAn ba shumo kutoh meguyam dusto! Masuloni bozor ki tanho piljamkuniro medonand dar rohi nafsashon tamoman faromush kardaand ki Bozor bazan ba tashhisi tehniki tamiri zamonavi va tozagi ehtiyoj dorad vale in tavr nest ku! Ki metavonad guyad ki Dar Markazi Tojikono Jahon Dushanbe in Tarzi Bozoridorakuni boshad! Tarzi odorai bozor ba misli asri 18 Honigarii Quqandu Amorati Buhororo Memonad (Tarbuz va harbuz furusho,va digaron Beadabona raftor mekunand bo mizoj! Odamoni horiji chi fikr mekunand a?)Gunahkoroni asosi sardoroni benizomi bozorrrrr! Nizom mebud kamakak aqalan bartaraf meshud! Suhtorhomushkunonro gunahgor kardan Ahmakiii! Charo Bozori shohmansur Signali Suhtor nadorad? Yo bo bahona pul nest? Yo...Bahonajui hej vaqt hal namekunad! Baroi hamin Yakum Shahrdoron boyad nazorat kunand ki Bozordoron chi kor dorand mekunand va bozordoron boyad bozorgononi "beadab"-ro nazm kunand!Salomat boshed Bozordorho! Vale Bozordorho hondanashon in gaphoro afsona chun Internet Baroi onho badi 100 soli digar meshavd! "Vaght Nestay bratishka ". Baroi hamin honandagon rasoneddd!


Ном: daler аз: az prtugaliya
10.10.2008 13:16

Salom...!
Voqian man niz taajub mekunam az in otash girihoi bozorho..Shoyad in sistemai bozorhoi poitaxt yagon mushkil doshta boshad va yo aibi asosi az khudi axranaho boshad ba har hol umedvor hastem ki mardum va biznesmeno zarar nadida boshand va mas uloni bozor yagon chorai jiddi bubinand baroi in kor,baroi onki khub digar kishvar ho hadiaqal zarar hoi ki dar bozor vorid meshavad ba sababi otash giriftagi kamu besh kumak va yordam mekunand ammo dar poitaxt mo ba fikram ki az in khabarho nest ba har hol mo niz bo mardum dar gamu shodishon sharik hastem bo tashakur

Шарҳҳо 1-10 (of 11)