Фарҳанг

Сипосгузории Раҳмон аз Таҳмина Ниёзова

Таҳмина Ниёзова

08.09.2008

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими таҷлили Истиқлолияти кишвар бо ишора ба пирӯзии овозхони ҷавон Таҳмина Ниёзова гуфт, "як фард метавонад обрӯи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ боло барад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, «дар рӯзҳои иди истиқлолият як духтари тоҷик обрӯи миллати тоҷикро дар яке аз чорабиниҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баланд бардошт. Ман аз номи ҳозирин ба Таҳмина Ниёзова миннатдорӣ баён мекунам. Аҳсан! Офарин!».

 

Таҳмина Ниёзова, барандаи ҷоизаи асосии сабқати мусиқии «Панҷ Ситора. Интервидение», ки ба тозагӣ аз шаҳри Сочӣ баргашт, аллакай ба маросимҳои расми таҷлили истиқлолияти Тоҷикиcтон ба сифати меҳмони ифтихорӣ даъват шудааст. Ва сӯҳбати телефонии мо бо Таҳмина Ниёзова ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз баромади ӯ дар Кохи Борбад сурат гирифт.

 

Нахуст ман Таҳминаро бо пирӯзияш  дар «Интервидуние» табрик кардам. Таҳмина мегӯяд, то ҳанӯз дар ҳолати карахтист ва наметавонад ба ғолибияти худ дар ин сабқати байнулмилалӣ бовар кунад.

 

Таҳмина мегӯяд, «то ба ҳол ба ғолиб омаданам боварӣ надорам. Ҳангоме, ки тариқи телевизиён тамошо кардам, баъдан боварӣ ҳосил кардам. Чунки яку якбора шумораи овозҳо ба тарафдории ман боло рафт ва ин барои ман ғайримунтазира буд».

 

Ба гуфтаи Таҳмина, ширкати ӯ дар «Интервидение» тасодуфӣ буд. Ӯ меафзояд, танҳо се рӯз қабл аз мӯҳлати охири қабули дархост ба ин озмун огаҳ шудааст ва дарҳол ҳуҷҷат супоридаву пас аз панҷ рӯз аз ҷониби ташкилкунандагони озмун иҷозаи иштирок дар сабқатро дарёфт кардааст. Ва тайи ду рӯз бо кӯмаки волидайн таронаҳоеро, ки мебоист дар сабқат иҷро мекард сабт намудааст.

 

Таҳмина мегӯяд, зинда хондан барояш ҳеҷ мушкил эҷод намекард, зеро аз синни 12-солагӣ рӯи саҳна зинда месарояд. «Аммо дар рӯзи нахустини озмун аз ҳаяҷони зиёд овозам каме ларзид, вале барои тамошобинон ин хаяҷони ман ноаён монд» - афзуд ӯ. Таҳмина аз ҷумла гуфт, муносибати ӯ бо дигар ширкаткунандагони сабқат дӯстона буд, вале дар рӯзхои баъдии озмун ба пешсафии ӯ бархе аз иштирокдорон рашк мебурданд.

 

«Ин ҳасадбарии онҳоро ман баръало эҳсос мекардам. Вале ман ҳаргиз аз онҳо намеранҷам», - мегӯяд Тахмина ва меафзояд, «ман танҳо мехостам исми кишвари худро боло барам ва фикр мекунам ба ҳадафам расидам. Дар аввал ҳангоме ки мо бо ҳамдигар шинос шудем, рашку ҳасад ҷой надошт ва ҳама маро мисли хоҳар қабул карданд. Аммо дар рӯзҳои дуввум ва севвуми озмун, инҷо ман аз бурдани исмашон худдорӣ мекунам, аллакай ҳасадбарӣ шурӯъ шуд».

 

Дар ҳамин ҳол бародари Таҳмина - Муҳаммадазамфар мегӯяд, Таҳмина табиатан шахси меҳрубон ва кушодачеҳра буда, ҳаргиз кинагир нест. Ба гуфтаи Маҳмадзафар, дар аввал падари Таҳмина мухолифи овозхонии духтараш будааст: «Дар аввал падарам ба овозхонии Таҳмина зид буд ва мегуфт овозхонӣ касби духтарона нест. Аммо пас аз он, ки садояш ба падарам писанд омад, ӯ худаш барои Таҳмина оҳанг эҷод мекард».

 

Тахмина мегӯяд, ғолибият дар «Панҷ Ситора. Интервидение» ӯро нисбати саҳна ва овозхонӣ дилгарм кардааст. Ҳамакнун ӯ дар пайи сабти алъбом ва баргузории барномаи консертии худ дар Тоҷикистон мешавад. Аммо ҳадафи ниҳоии ӯ тасхири саҳнаи ҷаҳонист.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-9 (of 9)
Ном: Zindabezor аз: Dangara
17.09.2008 13:19

Tahmina zangi telefoni kira intizor bud?


Ном: ориен аз: душанбе
16.09.2008 11:08

Тахмина авало ба ту табрик чунин чоиза..ки номи Точикистонро дар чахон балнд бардошти,
Ту зеби сахнаи точик хасти!
ва хамватаноне,нисбати Тахмина фикрхои бад ки дар боло навиштаанд гуфтниам ки набояд ин тавр рафтор кард,чунки санъатро Худо офаридааст ва ба хар кас инро намедихад, ва чи тавр либос пушидани як шахс набояд эрод гирифт ин хислати мардон нест,чунки одамро на ба либос бояд шинохт балки бо рафтору одоби хамида,
Тахмина АХСАН БА ТУ ! ОФАРИН !
ба ту саломати , хушбахти ва комьебихои нав орзумандам!


Ном: Кактус аз: Боинг-777
16.09.2008 10:08

Салом хамватанон. Рости аз галабаи ин точикдухтар, чун як точик фахр мекунам.
Аммо, садхазор вале, дусадхазор лекин, хохари азиз Тахмина, худат бояд инро кабул куни, ки ин галабаи ту не, балки галабаи сиёсати бесаранчомонаи давлату хукумати Точикистон аст, ки дар натичаи он беш аз як миллион точик дар Россия ва дигар кишвархои атроф овораву саргадон "... дар хиёбони лаби бахри кабуд..." мегарданд ва SMS-хои эшон, ки бо панчахои обилава гандида "чизе набошад, точики худамон аст"-гуён, чанд доллари бо араки чабин ва хунин чамъ овардаи худро дарег надошта, ба шумо овоз доданд. Дар поён бародарон бо тахаллуси "точик" ва "Хуршед" дуруст кайд карданд.
Ахсан ба Радиои Озоди, ки ба ман имкони шунидани садои ин овозхонро мухаё кард. Бовар кунед, шахсан ман шарм доштам. Он чи Раиси чумхури мо ба мусикиву ракс завки баланд доранд, чои шак нест. Аз афташ, чун дигар коре набуд, ки за он метонист болид, ин овозхонро "дар омади гап як ахсант хонд".


Ном: самад аз: душанбе
16.09.2008 09:18

Салом ба хама,
Фикри ман чунини аст. Бигузор хар яки мо бо хар рох миллати худро аз хамчун миллати сохибтаммадун муаррифи намоем. Ва ин гунохи ВАУ аст ки пирузии он корибачаро ба таври бояду шояд муаррифи накардан. Ва ман фикр мекунам ки бо онки ин духтар дар сохаи санъат моро нишон дод, каме хам бошад фикри шахрвандони одди рус нисбати точикон дигаргун мешавад. Бигузор чавонони рус донанд ки мо дар эстрада пешрав хастем зеро фикр мекунам охо моро факат хамчун мухочири кори мешиносанду бас.


Ном: Lutfiya аз: Tajikistan
15.09.2008 15:50

У мардум ба худ оед чаро ин кадар хасадхур хастед. Фаркаш чи ки чи тавр голиб омад мухимаш номи мамалкатро баланд бардошт.


Ном: Гайриараб аз: Душанбе
13.09.2008 06:28

Офарин бар Тахмина бо фарри ориёи! Албатта арабзодагони динфуруш аз ин пирузии ин духтари озода хушнуд нестанд. Худованди маннон бар ин духтари точик комёбихои бештар ато фармояд! Омин! Ё рабба-л-оламин! Рухи паёмбарони Худо аз Зардушт гирифта то Салмони Форс ва Мухаммад (С) мададгори ту бод! Омин!!!


Ном: Хуршед аз: Душанбе
12.09.2008 14:47

Ба мухочирони кории точик дар Русия ва дигар кишвархо офарин бояд гуфт, на ба Тахмина Ниёзова. Ман асоан хайрони хамин мухочирони точик хастам: чи, магар намешуд, ки акаллан пули хамон смсхоро ба наздикони худ ё ба фонди чанд камбагал дар Точикистон бифиристанд. Агар боз химмат мекарданду 10-долларй ба камбизоатони ватанашон мефиристоданд, хеле хеб мешуд. Сурудхои Т. Ниёзова, бовар кунед, аслан кирои шунидан надоранд.
Ин Тахминашка тавассути смс-хои мигрантхои точик аз русхо хамагй 1 (як) хол зиёд гирифта, "голиб"-и озмун шуд. Вокеан, ба тарафдории ин артисте, ки то имруз касе хато номи уро (овозаш он тараф истад) аз як худи хонаводаи Каромат Шарипов, ки дар Маскав зиндагй мекунад, 12 (дувоздах!) смс фиристода шудааст. Пас ба у ва ахли байти у офарин бояд гуфт. Магар на?


Ном: donishju аз: dushanbe
11.09.2008 17:41

ofarin barodar Tojik manham ba guftai in barodar roziyam
zinda boshed hamvatanoni aziz


Ном: ТОЧИК аз: Душанбе
10.09.2008 15:27

соли пеш дар миёни 50 кишвари Исломи ва пешрафта як чавони ношинос аз яке аз деҳаҳои точикистон ҳамчун нафари ЧАҲОРУМ мусобоқоти қуръонии чаҳони дар шаҳри Теҳрони Ирон барои аввалин бор дар таърихи точикистон ному байрақи кишварамонро ба чаҳониён ҳамчун қории Қуръони карим нишон дод...
аммо дареғ аз он ки як журналист ё хабаргузоре аз он ном бурда бошад албатта ин дар вақте буд ки дар тамомии кишврҳои исломи он барнома барои мардум ба намоиш даромаду уро ҳамчун нафари чоруми чаҳони шоносонд ва албатта як ё ду ҳафтаномаи точики хам уро шиносондад
ин ҳолу аҳволи 7 милён мусулмони точик аст
имсол бошад як зани нима урён ва касе, ки на наслу ачдоди мо на фарҳнги зардушти ва исломиии мо ва ... хуласаш ин, ки ба ҳеч навъ ба точик монанд набудани ин рафтору либосхо ва.... аммо ҲАЧУН ИФТИХОР ОФАРИНИ ТОЧИК АЗ У НОМ МЕБАРАНД
вой бар миллате,ки худро ба ин гуна инсонхо мутаҳҳам ва дили худро ба зиштию бадбахтии онхо хурсанд кунад
худованд моро начот дихад

Шарҳҳо 1-9 (of 9)