Минтақаҳо

Бунёди нерӯгоҳҳои худсоз дар Чоркӯҳ

Ин нерӯгоҳи худсоз якчанд хонаводаро бо барқ таъмин мекунад

05.09.2008

Бо сар шудани маҳдудияти интиқоли барқ сокинони деҳаи Чоркӯҳи Исфара дар маҳали худ ду нерӯгоҳи хурди обии барқ сохта, ба кор андохтанд.

Тоҳир Қосимов, сокини маҳаллаи Масҷиди Миёнаи деҳаи Чоркӯҳ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нерӯгоҳҳо, бо иқтидори 25 киловатт/соат манзилҳои маҳаллаашонро дар мавсими бебарқиву торикӣ чароғон мекунад. Вай афзуд, нерӯгоҳҳо бо ташаббус ва маблағи сокинон бунёд шуда, ҷиҳати кӯмак ба ягон ҷо муроҷиат накарданд  ва асбоби заруриро бо маблағи худ дастрас намуданд.

 

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Чоркӯҳ, зимистони қаҳратун ва бебарқии дурударози соли гузашта онҳоро водор кард , имсол худ барои рӯшан намудани манзилашон ҳамин гуна тадбире андешанд. Абдулло Қиёсов – сокини ҳамин маҳал гуфт,  бунёди нерӯгоҳро, ки хонаҳояшонро рӯшан намуда, барои дарс тайёр кардани фарзандонашон ва тамошои телевизиону шунидани радио шароит фароҳам овардааст,  бо шодмонӣ истиқбол карданд.

 

Ҳар ду нерӯгоҳи обии барқ дар Чоркӯҳ дар ҷои ҷувозхонаҳои равғанкашӣ, ки дар зимистон аз кор мемонанд, сохта шудааст. Ба гуфтаи муҳандиси нерӯгоҳҳо - Самеъ Солеҳов, сокини ҳамин маҳал  бунёди чунин нерӯгоҳҳои кӯчаки тавлиди барқ зоҳиран сода ва каммасраф ба назар мерасад: дар он  асосан як парраи чубӣ, як редуктор, як чарха ва як генератор  ба кор рафтааст. Вай афзуд, ки  барои сохтани як нерӯгоҳ ҳудуди 600 доллари ИМ масраф шудааст.  

 

Ба гуфтаи сокинони ин маҳал, оби ҷӯйбори маҳаллаи Масҷиди Миёнаи деҳаи Чоркӯҳ дар баҳору зимистон хушк намешавад ва аз фароз ба нишеб бо суръати баланд ҷорист. Дар он имкони бунёди боз се – чаҳор нерӯгоҳи барқзо мавҷуд аст.

 

Вале Тоҳир Қосимов, сокини ин маҳал, гуфт, ки онҳо дар ин кор ба дастгирии ҳукумат ниёз доранд: «Агар ҳукумат ва ё ташкилотҳои ёрирасон ба мо генераторҳои 30–40 киловатӣ, бо пули худамон ҳам бошад, дастрас мекарданд, мо сокинони маҳалла худ бо кӯмаки муҳандисҳоямон дар ҳамин ҷӯбор боз се - чор нерӯгоҳи хурди обии барқ сохта, ба кор медаровардем».

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-5 (of 5)
Ном: Канд аз: Хучанд
15.09.2008 13:59

Ман хам аз ин зуруша сохта будам,аммо хукумат ва коргарони барки точик омада маро ба 10000 сомони чарима карданд.Онхо гуфтанд,ки моро аз "Левак" намонон.


Ном: ватандуст
15.09.2008 09:18

ассалому алайкум
Ахсан ба мардуми шарифи чоркух

Ин икдом икдоме начибе хаст ,ки хам хамон мардум худ сохиби барк мешаванд ва хам рухияи созандагии тамоми мардуми кишвар эхе мешавад.Афсус ,ки заррабинхои хукумати ,ки тасодуфи ба мансаб расидаанд аз ин чизхо дурранд.
Онхо худ ягон навоварие карда наметавонанд ва агар шахсе ё гурухе ягон навоварие кунанд,ки ба нафъи мардум бошад хатман онро махв мекунанд.Намедонам ин аз бедонишии онхо бошад ёаз ноухдабароиашон


Ном: salim аз: xujand
12.09.2008 14:15

man didagi in nerugohro haminxel zurki he javonon xoneton va misli va azinhah kalonasha soxta tojikistonro obod kuned


Ном: anvar
08.09.2008 13:00

Kandata bizan, az hukumat umed nest! shunida budam yak nafare hamin khel nerugoh sokhta budast va ba on hukumat mudokhila kardastu az bayn burdaast. aslan hukumat ba in namud ikdomi shahrvandon yagon khel havasmand nest!


Ном: siraj аз: xorug
07.09.2008 22:57

borakalloh mardume sharefe chorkuh.qandtona zane,becyor kore nagz karded,maladec,az xudo baroe mardume Tojik zidagee xubu aloro xohonam.az xudo baroton tavfeqe fikr kardanro va coxtanu obod kardanro orzu doram.

Шарҳҳо 1-5 (of 5)