Фарҳанг

Комёбии овозхони тоҷик Таҳмина Ниёзова

Таҳмина Ниёзова

03.09.2008

Ахиран овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни сурудҳои эстрадии «5 ситора. Интервидение» барандаи шоҳҷоиза гардид.

Имрӯз аксар ҳаводорони ҳунарнамоиҳои духтари тоҷикистонӣ Таҳмина Ниёзова дар озмуни овозхонҳои ҷавон "5 ситора. Интервидение" дар Сочӣ (Русия) мегӯянд, ки ба шарофати нерӯи сершумори ҷамъияти Тоҷикистон дар Русия пирӯзии вай дар ин озмун таъмин гардид.
 
Ин озмун 28 - 31-уми августи соли равон бо ширкати 11 ҳунарманду дастаҳои ҳунарӣ аз 11 кишвари узви ИДМ  дар шаҳри курортии Сочӣ баргузор шуд. 

Иштироккунандагони озмуни "5 ситора. Интервидение" (дар байн - Т. Ниёзова) 
Барандаи шоҳҷоизаи озмун тавассути раъйгирии телефонӣ ё SMS сурат гирифт. Ҳарчанд як шарти озмун раъйгирии ҳамватанонро иҷоза намедод, маҳз ба шарофати тоҷикистониҳои бурунмарзӣ, яъне мардикорони тоҷикистонии мустақар дар Русия, Таҳмина Ниёзова (воқиъан, набераи ҳунарманди мумтоз Боймуҳаммад Ниёзов) тавонист аз дигарон пеш гузарад. муқаррар шуд. Таҳмина инчунин ба дарёфти ҷоизаи махсуси "Бозёфти ҷашнвора" (барои ҷавонтарин овозхони озмун) мушарраф гардид.
 
Ҳамонтавре ки қоидаҳои озмуни байнулмилалии «Eurovision» ҳам тақозо мекунад, ҳамакнун даври навбатии "5 ситора…" соли оянда бояд дар ватани барандаи шоҳҷоиза – яъне дар Тоҷикистон – баргузор шавад.
 
Каромат Шарифов, раҳбари созмони "Тоҷик-диаспора" дар шаҳри Маскав, ки тавассути сомонаи интернетии худ ва ба таври шифоҳӣ ба тарафдории Таҳмина Ниёзова таблиғоти зиёд ташкил кардааст, гуфт, аксар муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки ин озмунро тамошо мекарданд, барои пирӯзии ин овозхони ҷавон талошҳо ба харҷ доданд: "Хуб шуд, ки ин озмун дар Русия гузашт, чунки забони хуб, гуфтори хуб, овозхонии хубе, ки духтари зебои Тоҷикистон дошт, ва ба забони англисӣ хондани суруди охиринаш дили ҳамаро тасхир кард. Тамоми муҳоҷирони тоҷик аз ин озмун хабардор буданд, аз телевизион онро пайгирӣ карданд ва дастгирии худро тавассути телефон (SMS) намоиш доданд ва барои гирифтани ҷои аз ҳама баланд ба ӯ мусоидат карданд. Фарзандони ман, духтару писари ман тавассути 4 телефон 12 SMS фиристоданд. Боварӣ дорам, ки дигар муҳоҷирон бояд зиёдтар фиристода бошанд. Ин пирӯзӣ орзуи ҳамаи мо буд, то ки дар оянда озмун дар Тоҷикистон гузарад".
 
Пирӯзии Таҳмина Ниёзова дар нашрияҳои чопи Русия бозтоби густурдае дид. Нашрияи "Коммерсант" навиштааст, ки "хандаи пурҷилои Таҳмина Ниёзова бар маҳорати гурӯҳи "Кватро"-и русӣ пирӯз омад".
 
Гурӯҳи чаҳорнафараи овозхонҳои "Кватро" аз оғози озмун ду дафъа барандаи раъйгирии SMS-ӣ шуда ҳадсу тахминҳоро роҷеъ ба пирӯзии ниҳоии ин даста ба миён оварданд. Ниҳоятан "Кватро" ва ҳунарманди хушсадои арманӣ Размик Амян аз ҷониби доварон ба раҳбарии овозхони маъруфи рус Иосиф Кобзон сазовори ҷои аввали озмун дониста шуданд.
 
Пирӯзии Таҳминаро ширкатдори порсолаи озмуни "5 ситора" аз Тоҷикистон Манижа Ҳамроева, ки бо тахаллуси Ру.Кола ҳам маъруф аст, тавассути сомонаи интернетиаш табрик кардааст. Манижа дар Маскав зиндагӣ мекунад ва модари ӯ, ки ҳамзамон продюссери ҳунариаш мебошад, гуфт, ки онҳо ҳамаи се рӯзи озмун ба ҷонибдории Таҳмина тавассути телефон раъй доданд: "Ман Таҳмина Ниёзоваро бо бурдани шоҳҷоизаи озмун табрик мекунам. Барояш муваффақиятҳои эҷодӣ мехоҳам. Офарини ӯ, ки ба Тоҷикистон озмуни "5 ситора"-ро мебарад. Ин хуб ва шоистаи таҳсин аст".
 
Ин хонум афзуд, ки, ба андешаи вай, аз назари фаннӣ ва омодагии ташкилкунандаҳои он озмуни имсола дар сатҳи андак поинтар танзим шуда буд ва дар ниҳоят ба ҳунарнамоии овозхонҳо ҳам таъсир гузошт: "Садо кайфияти бад дошт ва ин мушкили садобардорҳо буд, худи барнома ҳам ҷаззобияти як шоу, як барномаи тафреҳиро, надошт ва ширкатдорон ҳам чандон касбӣ набуданд".
 
Таҳмина аз пирӯзиаш шод аст
Хонум Наҷиба афзуд, ки кори садобардорҳо то ҷое ба кайфияти овозхонии Таҳмина ҳам таъсир кард, аммо ин маънои онро надорад, ки садои ӯ ва ё ҳунари ӯ камтар аз дигарон буд. Таҳмина ояндаи хуб дорад, гуфт ӯ, ва акнун бояд ҷиддан аз пайи рушду пешбурди шуҳрати овозхониаш шавад: "Барои дастёбӣ ба пешрафтҳои техникӣ вай ҳама имкониятҳоро дорад, бобои ӯ Боймуҳаммад Ниёзов мақомсарои бузург аст ва ин захираи бои зотӣ ба вай ҳатман кумак хоҳад кард. Ба назари ман, Таҳмина бояд дар жанри року поп кор кунад".
 
Ҳам Наҷиба Усмонова ва ҳам Каромат Шарифов гуфтанд, ки ҳунарнамоии бомуваффақияти Таҳмина метавонад барои беҳбуд ёфтани обурӯи тоҷикҳо ва муаррифиву пешрафти фарҳанги миллӣ дар кишварҳои Шӯравии собиқ, пеш аз ҳама Русия, нақши муассир дошта бошад.

Мутазаккир мешавем, ки Таҳмина Ниёзова 14-уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ қаблан дар озмуни мусиқии "Асри ситораӣ" ("Звёздный век")  ва ҷашнвораи "Индиго" иштирок намуда буд.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 25)
Ном: realist аз: brussel
11.09.2008 00:30

ba oqoi Tojik!

Misic ba mazhab chi rabte dorad?
Sadoi qoriro tanho musalmon gush mekunad,vale sadoi musiqii zeboro hamai milatu mazhabi dunyo gush mekunadu lazat mebarad. agar tu barin tojikikoni muslamon ziyod shavand, hoi bar holi vaazi ozodii mardum , makhsusan zan, ki bechora dar hamai kishvarhoi islomi mazlum ast, haqi sado nadorad holash baatar meshavad.
Qori Quroon joyaash masjid ast va agar tu mekhohi 24 soat gushash kun.


Ном: а аз: Душанбе
10.09.2008 15:34

точикистон зинда бод


Ном: ТОЧИК аз: Душанбе
10.09.2008 15:30

соли пеш дар миёни 50 кишвари Исломи ва пешрафта як чавони ношинос аз яке аз деҳаҳои точикистон ҳамчун нафари ЧАҲОРУМ мусобоқоти қуръонии чаҳони дар шаҳри Теҳрони Ирон барои аввалин бор дар таърихи точикистон ному байрақи кишварамонро ба чаҳониён ҳамчун қории Қуръони карим нишон дод...
аммо дареғ аз он ки як журналист ё хабаргузоре аз он ном бурда бошад албатта ин дар вақте буд ки дар тамомии кишврҳои исломи он барнома барои мардум ба намоиш даромаду уро ҳамчун нафари чоруми чаҳони шоносонд ва албатта як ё ду ҳафтаномаи точики хам уро шиносондад
ин ҳолу аҳволи 7 милён мусулмони точик аст
имсол бошад як зани нима урён ва касе, ки на наслу ачдоди мо на фарҳнги зардушти ва исломиии мо ва ... хуласаш ин, ки ба ҳеч навъ ба точик монанд набудани ин рафтору либосхо ва.... аммо ҲАЧУН ИФТИХОР ОФАРИНИ ТОЧИК АЗ У НОМ МЕБАРАНД
вой бар миллате,ки худро ба ин гуна инсонхо мутаҳҳам ва дили худро ба зиштию бадбахтии онхо хурсанд кунад
худованд моро начот дихад


Ном: tt аз: Dush
08.09.2008 06:39

Hulosa dushmanoi Millati Tojikda Hurok nestai......


Ном: tt аз: dush
08.09.2008 06:35

Tahmina dar hakikat sazovori in joiza bud.Mahz chunin komebiho dar chunin ozmunho metavonad oburui millati moro dar baini digaron bolo bardorad.Va man in solro soli bobaror baroi millati buzurgi Tojik meshumoram.Dar sathi oli guzaronidani СХШ 2008,Piruzii Tahmina, Jashni ustod Rudaki...


Ном: Рихмон аз: Дангара
08.09.2008 05:56

журналистони Озоди!! Охир Интервидение тарчима нашудааст ку?


Ном: Nasr аз: Dushanbew
08.09.2008 02:33

bisyor zebo, man ba khostgoriyat meoyam.


Ном: Nasr аз: Dushanbew
08.09.2008 02:32

bisyor zebo


Ном: Hodi аз: Душанбе
07.09.2008 14:11

Тахмина офарин!
Ман аз бесаводии бастакори ношуди точик шарм кардам.


Ном: Hodi аз: Душанбе
07.09.2008 14:11

Тахмина офарин!
Ман аз бесаводии бастакори ношуди точик шарм кардам.

Шарҳҳо 1-10 (of 25)