Тоҷикистон

Моҳи савм, моҳи файзу баракат, моҳи сулҳ

01.09.2008

Аксари кишварҳои мусалмонии ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ва бахши аъзами ҷаҳони араб, рӯзи душанбеи 1 сентябр вориди моҳи шарифи Рамазон шуданд. Аммо дар кишвари африқоии Нигерия ва дар чанд ҷазираи Индонезия аллакай рӯзи якшанбе ба гирифтани рӯза пардохтаанд. Ин дар ҳолест, ки Эрон рӯзи сешанбе вориди Рамазон хоҳад шуд. Шиъаҳои ироқӣ низ дар ин амр дунболи Эрон хоҳанд рафт, вале сунниҳои Ироқ рӯзи душанбе ба гирифтани рӯза оғоз кардаанд.

Моҳи савму салот

 

Рамазон моҳи нуҳуми тақвими қамарӣ буда, ба бовари мусалмонон, Қуръон маҳз дар ҳамин моҳи шариф ба паёмбари Ислом Муҳаммад алайҳисалом нозил шудааст.

 

Эшони Абдулбасир, имоми масҷиди Шоҳмансури Душанбе мегӯяд, савоби ҳар як амали накӯе, ки дар ин моҳи махфирати гуноҳҳо иҷро мешавад, аз ҷумла савоби рӯзаву ибодат ба карат бештар  буда, савоби як амали нафл дар ин моҳ баробари як фарз ва савоби як амали фарз мусодифи 70 фарз баровард мешавад. Имоми масҷиди Шоҳмансур афзуд, рӯзаи моҳи Рамазон марбут ба танҳо ғизо нест, балки мусалмон дар ин моҳ бояд аз кулли аъмоли ношоиста парҳез кунад. 

Моҳи файзу баракат

 

Моҳи шарифи Рамазон имсол дар ҳоле ворид мешавад, ки ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мусалмонӣ шоҳиди авҷи навбанави афзоиши нархҳо, ба вижа маҳсулоти ғизоӣ шудаанд. Як зани сокини пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки ӯ, аз як сӯ, умедвори файзу баракати ин моҳи шариф аст, вале аз сӯи дигар, вақте ба ин меандешад, ки шом дар хони ифтори аҳли хонаводааш чӣ хоҳад гузошт, ғамаш мегирад.

 

Моҳи сулҳу субот

 

Дар моҳи Рамазон ҳамин тавр одатан мизони хушунат дар манотиқи ҷангзада поин меравад. Рӯҳониён мегӯянд, Рамазон моҳи сулҳ аст ва дар ин моҳи саид садои тонку тӯп бояд ҳам фурӯ бинишинад.

 

Нирӯҳои низомии Покистон гуфтаанд, ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ алайҳи ҷангиёни тарафдори Толибонро дар минтақаи қабиланишини Боҷаур дар тамоми тӯли моҳи Рамазон мутаваққиф мекунанд. 

 

Бино ба оморҳо, дар ҷараёни даргириҳои ахир дар ин минтақаи хушунатзадаи ҳаммарз бо Афғонистон беш аз 500 ҷангӣ кушта ва беш аз 300 000 нафар дар асари ин задухӯрдҳо бе хонаву дар шудаанд. Толибони Покистон низ бо ҳамроҳӣ ба ин ибтикори оташбаси давлат тааҳҳуд дода, ки дар давоми моҳи Рамазон даст ба ҳамалот нахоҳад зад. Толибон ҳамчун аломати ҳусни ният дар арафаи моҳи Рамазон ҳатто 6 сарбоз аз 30 сарбози ба дасти онҳо асируфтодаи артиши Покистонро раҳо кардаанд.

 

Нирӯҳои мусаллаҳи Филиппин гуфтаанд, амалиёти низомӣ алайҳи чирикиҳои марбут ба Ҷабҳаи озодии исломӣ, мавсум ба МОРО, аз ҷумла таъқиби ду фармондеҳи ин ҷабҳаро бо вуҷуди оғози моҳи Рамазон идома хоҳад дод. Вале ба гуфтаи мақомот,  ин амалиёт акнун ба наҳваи хеле мӯҳтотона ва оромтар пиёда хоҳад шуд, то ба рӯзгори мусалмонони оддие, ки ба рӯзаи моҳи Рамазон пардохтаанд, ихлоле ворид нашавад.

 

Миср, ки аз соли гузашта, дар пайи таҳти назорати гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳамос омадани борикаи Ғаза, марзҳояш бо ин сарзаминҳои фаластиниро баста буд, барои ду рӯзи пеш аз оғози Рамазон  ин марзҳоро ба хотири савоб боз кард. Дар ин ду рӯз аз ин дари савоб, ба гуфтаи мақомоти Ғаза, тақрибан 2500 нафар аз якуним миллион сокини ин борика истифода бурдаанд.

 

Исроил марзҳои Ғазаро ҳамчунон баста нигоҳ медорад, вале дар моҳи Рамазон ба шумори бештари фаластиниҳо иҷоза додааст, ки дар масҷиди ал-Ақсои Байтулмуқаддас адои намоз кунанд. Ал-Ақсо севвумин макони бузурги муқаддас дар ҷаҳони Ислом маҳсуб мешавад, вале то ҳол фақат мардони фаластинии болиғ аз 50 ва занони фаластинии болиғ аз синни 45 ҳаққ доштанд, дар ин масҷид намоз гузоранд.

 

Дар моҳи Рамазон ҳаққи адои намози ҷумъа дар ал-Ақсо  ба мардони фаластинии аз 45 то 50-сола ва хонадор низ дода  мешавад. Фаластиниҳои ҷавонтар танҳо дар сурати дарёфти иҷозаи вижаи мақомоти низомии Исроил ҳаққи гузоридани намоз дар ин макони муқаддасро дарёфт хоҳанд кард.

 

Ва дар бархе кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла дар зодгоҳи Ислом – Арабистони Саудӣ, дар тӯли моҳи шарифи Рамазон реҷаи кори хеле аз идороту муассисот хеле тағйир меёбад. Бисёри дафтарҳо соъоти қабули мизоҷонро дар давоми рӯз коҳиш дода, шом аз нав боз мешаванд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 12)
Ном: yahyo аз: lahure
01.10.2008 00:03

salomu ba mardumim tojik va radioi ozodi idaton muborak bod.
in mohi buzurgham faro rasid, va az alloh duomekunem,ki rizqi ruzi mardumi toj.......... bepoyion bigardonad omin.
alloh in mardumi toj... ro az toriki basui ravshani hidoyat kunad.
BORI DIGAR IDATON MUBORAK BOD.


Ном: zakariyo аз: dimishq
26.09.2008 19:39

salomu alaekum hamvatanoni aziz hamai shumoro ba faro rasii in mohi buzurg muborakbod meguyam.
khusho baholi on shakhsoneki az faezu barakoti in moh barkhurdor shudan,za kushishi khudro darin moh sarf kardan.
va voy baronshakhsone,ki az faezi barokoti in moh bar khurdor nashudan,va kushish nakardand.
wa dar okhir dar haqibarodari Realist аз: Brussel guftaniyam,ki in gufahoyat ghalat meboshad in zaif imoni tuast,ki ingapro zadi agar imonitu mustahkam mebud in gapro namezadio.


Ном: Ibrohim аз: kulob
04.09.2008 14:22

Asalamu alaykum hamvatanoni aziz hamai shumoro boz yakbori digar hamai shumoro ba faro rasidani in mohi buzurg tabrik meguyam chiguna ki dar bolo realist qayd kard ki dar ramazon zindagi mardum badtar meshavad in fikraton barodar sadi dar sad khato hast mo az khudovandi buzurg oyandai nekro intizorem inshoaloh khub meshavad omin


Ном: Ibrohim аз: kulob
03.09.2008 11:18

asalamu alaykum hamvatanoni aziz boz yak mohi buzurgi ramazon voridi tojikistoni azizamon gasht mohi fayzu baraakat mohi rahmati Khudovand duo kunem ki khudovand dar in moh kinaro az dili khud dur kunem


Ном: rahmon аз: tursunzoda
03.09.2008 06:49

asalomu alaekum va rahmatulo bale inmoh mohi faezu barakot va nuzuli rahmat va moheki darin moh har yak kore ki shakhse anjom medihad danazdi loh ajr shumor kada meshabad masalan yak namozi naf khondan savobi namozi farizaro dorad, yo shakhseki yak ruzado abmenushonad inroham ajr hisob karda meshavad va kaseki darinmoh faqir meboshad yo istitoat nadorad ki inmohro bakhubi guzaronad naguyadki infaezibarakoti inmoh meboshad zeoki allohkohad kasero rizq medihad av khohd namedihad oyo az dasimo chizemeoyad? oyo bamuqobilash jongkune? na balki mo dainmoh azalloh talab kunem ki ay alloh inmohro bamn mohegardon ki faezu barakot boshad darin moh talab kunem azalloh intav nameshabad ki dastro bollokunem duo kunem qabul nashhabad boguyeem ay alloh ban man rizq nadod yo biguyem ki infaezi hamon moh meboshad ki noshukri kune agar azobe bifiristad az dastad chimeoyad? ki ivoqia da pokiston ruy dodabud, chi dahshatebud ki mardum ro megufi ruza namegiri dajavob chi meguftan oyop alloh bamo neki kardast ki moruzagiem , be pasod didan azobi illohiro chiqadar sakhtbud in yak nasihat bakaseki inkhel meguyad shuk ronai alloh kuned va sabr kune zero sabr kushoishi rizqu ruzi meboshad (ina loha maa sobirin )(ina loha yarzuqu mayashou bighaeri hisob)duomekunem ki alloh faezu barakot ba mardumi tojik arzoni namoyad omin.va samo.


Ном: abuhuraera аз: lahure
03.09.2008 06:17

salomu alaekum,man inmohro mohi bobarakat mohi faezu bobarakat medonam va mebinam,va shaksemeguyad ki inmo daqimqi omad va in az faezu barakoti inmoh meboshad bavarkune in shakhs inshakhs az rahmati alloh noumed ast zeroki alloh meguyad in moh mohi faezu barakot meboshad,va in ro yaqini meguyam ki inmoh mohi faezu barakot ast, zeroki inbaman tajriba shudagi va yaqin doram, man az on shakhsoni noumedon namebosham va alloh darizqu ruzi onhoham faezu barakot atofarmoyad omin va salom.


Ном: sodik аз: misr
03.09.2008 01:02

hamos agar sitezajui boshad isropil pas shi boshad ba guftai shumo


Ном: Abdullah аз: Tajikistan
02.09.2008 21:35

Ассалому Алайкум...Реалист хаёл кардааст ки рост мегуяд мо мусалмонхо хуш ва файз мебарем аз ин мох ва нигохи нек ба оянда ва дуъо мекунем ки Аллох ояндаро хуб кунад на мисли ту ояндаи ленини балки ояндаи Исломи...


Ном: Dilovar аз: Dushanbe
02.09.2008 19:53

Mohi sharifi ramazonro ba hamai Tojikon va tamomi musalmononi dunyo tabrik meguyam.bisyor xub meshud ki misli digar davlathoi dunyo dar in mohi sharif. dar korxonahoi davlati TJK takirotho doxil karda meshud soati 7:00 kor sar meshud soati 16:00 ba poyon merasid inshoalloh umedvor astem ki yagon ruz meshavad haminxel Jazakalohu xairan


Ном: Spitaman аз: Honolulu, Hawaii
02.09.2008 11:01

Bisyor xub meshud agar dar in mohi muborak dar Tojikiston niz jadwali kor tagyir meyoft

Шарҳҳо 1-10 (of 12)