Фарҳанг

Ислом: Дини сулҳ ё ситам?

26.08.2008

Дар ҷаҳони Ислом чӣ мегузарад ва мусалмонон дар оянда аз кадом роҳ пеш ё қафо хоҳанд рафт?

Бернард Люис, профессори ифтихории Донишгоҳи Принстони Амрико ва аз донишмандони шинохтаи Ғарб дар масоили Ислом ва Ховари Миёна дар як сӯҳбат бо маҷаллаи амрикоии “Форин Полиси” ба ин суолҳо посух дод ва дидгоҳи худ роҷеъ ба Ироқ, решаҳои терроризм ва ду сӯъитафоҳуми бузурге, ки ҷаҳон дар қиболи эътиқоди мусалмонон дорад, рӯшан кардааст.

 

Бернард Люис ҳамчунин таъбири дар Ғарб роиҷи фашизми исломиро таҳқиромез ва ғайриқобилиистифода номида, мегӯяд, аксарияти мусалмонон бунёдгаро нестанд ва аксарияти бундёдгароён – террорист нестанд.

 

Бернард Люис мегӯяд, дар ҷаҳони муъосир ду каҷфаҳмии бузурги яке манфӣ ва дигаре мусбат роҷеъ ба Ислом вуҷуд дорад.

 

Як гурӯҳ ба мусалмонон аз дидгоҳи сирф манфӣ менигаранд ва ин мардумро барбариҳои хунхӯре мешуморанд, ки ба аҳли башар интихоби ё Қуръон ва ё дами шамшерро пешниҳод мекунанд. Ба эътиқоди ин тоифа, ба сурати умум, қадами мусалмонон ба ҳар куҷое бирасад, истибдод ва ситаму бедодӣ дар пай меорад.

 

Тоифаи дигар як бовари тасфияшудае дар бораи Ислом ва мусалмонон доранд ва Исломро дини сулҳу муҳаббат ва орӣ аз ҳар навъ пархошҷӯӣ тавсиф мекунад.

 

Бернард Люис мегӯяд, ҳақиқати Ислом дар моварои ин ду дидгоҳи комилан мухолиф қарор дорад.

 

Профессор Люис истифодаи таъбири дар Ғарб роиҷи “фашизми исломӣ”-ро барои мусалмонон таҳқиромез хонда, мегӯяд, ӯ дар чунин маворид истифодаи таъбири “исломи тундрав”-ро  муносибтар медонад. Донишманд дар сӯҳбат бо “Форин Полиси” зимнан ба масъалаи терроризм ва Ислом низ пардохта мегӯяд, террорро намешавад танҳо посухи мусалмонон ба сиёсати хориҷии Амрико ва ё ба империализму ишғолгарӣ баҳо дод.

 

Бернард Люис мегӯяд, даврони империализм, ки ҷаҳони Ислом зери султаи чанд қудрати ғарбӣ қарор дошт, кайҳо паси сар шуда ва ба истиснои чанд қаламрави хурди баҳсӣ, ба мисли Чеченистон, боқии кишварҳои мусалмонӣ ба истиқлолият даст ёфтаанд ва акнун рӯзгори худро мустақилона пеш мебаранд.

 

Профессор Люис ҳамчунин дар тақвият ба назарияи Сэмюил Ҳантингтон дар бораи “низоъи байни тамаддунҳо” меафзояд, низоъи байни Ислом ва Масеҳият бештар аз монандиҳои байни ин ду дини ҷаҳонӣ маншаъ мегирад, на аз фарқҳои мавҷуда миёни онон. Ӯ мегӯяд, Ислом ва Масеҳият танҳо ду динест, ки иддао доранд, паёми ниҳоии Худованд маҳз ба онҳо расидааст ва, ба фарқ аз масалан, яҳудиён ва буддоиҳо, ки аз маҳдудаи дини худ берун пой намениҳанд, аҳли Ислому Насоро ба боқии башарият расонидани паёми ба онҳо расида аз Худовандро қарзи худ мешиносанд. Ба эътиқоди профессор Люис, низоъи байни Ислом ва Масеҳият аз ҳамин монандиҳои мавҷуд дар худшиносӣ ва собиқаи таърихии ин ду мазҳабе, ки пайравонаш асрҳо дар канори ҳам ба сар бурдаанд, бархостааст.

 

Бернард Люис мегӯяд, Ислом, ки дар тӯли 14 қарни вуҷудаш мазҳабе буда, ки барои миллионҳо нафари бечораву фақир умеду ҷоҳу мақом ва аҳамият медод ва як тамаддуни бузургеро ба вуҷуд овард, дар ҳоли ҳозир, дар панҷаи як бӯҳрони азим қарор дорад.

 

Ба эътиқоди профессор, ин бӯҳрон ҷаҳони Исломро метавонад ба дасти кам ду роҳ бубарад: Яке роҳи таъассуб ва истибдод аст, ки барои худи мусалмонон харобиовар ва барои боқии ҷаҳон хатарзост. Роҳи дигар, ба гуфтаи Бернард Люис, масири демократист, вале на ба шеваи роиҷ дар Ғарб, балки ба гунае,  ки худи мусалмонон мебинанд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 14)
Ном: Шокир аз: Хучанд
04.09.2008 11:48

Дини Ислом 14 аср боз амал мекунад.Оиди ин дини илохи чи кадар тахкикоту омузишхо аз тарафи олимону донишмандон чихати дарки амики ин дин ва китоби осмони - "Куръон" сурат гирифтаанд.Имруз бошад душманони дин аз маънавиёти сусти динии мо истифода бурда, бо созмон додани харакате ё гурухе, ки пуштибонашон гайридин мебошанду аз номи дини Ислом баромад мекунанд, чехраи Исломро назди чомеаи чахони манфур чилвагар медиханд ва ниятхои нопоки худро дар хар кишвари мусалмоннишин амали менамоянд.Иншоаллох рузе фаро мерасад, ки ин гаразхои пасипардаги ошкор мешаванд ва созмондихандагони аслии бадномии чехраи Ислом ба чуз шармандагиву расвоги хосиле барнамечинанд.


Ном: Собир аз: Ишкошим
02.09.2008 09:09

Ман дар гуфтахои мусташрику мухаккики машхур, ки солхои зиёде ба пажухиши Ислом машгул аст, ягон далилеро,ки нишонгари таасуб , ё душманиву нафрати у нисбати дини мо бошад, эхсос накардаам.Баъзе бародарон аз кабили Сарина ва чанде дигар матолиби чопшударо хонда, ба умки он пай набурдаанд ва аз сари эхсосот хар чизи подархаво навиштаанд.Вазъи бурхрони дар Ислом ва пайёмадхои он,ки Люис ишора кардааст,як хакикатест рушан, ки касе тавони рад кардан надорад.Дар мавриди бархурди тамаддунхо хам донишманди мухтарам ягон чизи изофи ва норохаткунанда нагуфтааст. Факат яке аз тезисхои Хантингтонро чонибдори намудааст.
Аммо, ин ки дар мачмуъ дар Гарб хакикати Ислом ва хидмати он дар ганигардонии ганчинаи башари нодида гирифта мешавад,боиси таассуф ва нигаронист.
Имруз бисёре аз донишмандон аз мамолики исломи ва баъзе аз мухаккикони Гарби, ки бо дидаи инсофу адл ба Ислом менигаранд, барои химояи Ислом ва рушан кардани чехраи вокеъии он садо баланд кардаанд.
Ман чонибдори бародари мухтарам Узбеков хастам,ки олимони мо хам набояд мухри сукут ба дахон бизананд ва барои ботил сохтани тамгахои фанатизму догматизму дигар "изм"-хо,ки ба Ислом гайри хак нисбат дода мешавад, камари химмату гайрат бибанданд.


Ном: Профессор аз: Точикистон
02.09.2008 08:30

Чавоби ахмак сукут!!!


Ном: Romin аз: Virginia, Bland County,
01.09.2008 18:51

Islom hakikat va poydor ast. Rohi Islomro hej kas girifta nametavonad!!!


Ном: Ислом
01.09.2008 14:21

Имруз чунин гаштааст ки дини моро ким кадом гайридин зери бахс карор додааст, бародарони азиз, ба ин чиз ахамият надихед


Ном: С.Узбеков аз: Хисор
31.08.2008 09:14

Аз бахсе,ки сойти шумо бо унвони ,,Ислом-дини сулх ё ситам?,,руи оинаи компютерхо овардааст панч руз гузаштааст,ки дар он профессори як донишгохи машхури амрикои илло-билло дар бораи дини мову шумо хадс мезанад ва аламовар аст,ки дар ин панч руз ба джуз аз ду-се донишчу ё бачахое,ки оиди адён чизеро дарк намекунанд вориди бахс шудаанду халос.Ку он профессорхои точики мо,ки галстукхои худро гафс баста мегарданд? ку он силсилаи файласуфони мо,ки аз Занду Позанду хикмати маздаки чилд-чилд китобхо навиштаанду вориди ин бахси як профессори амрикои намешаванд,ки мардумро аз хакикати холи дини бобоии мову шумо ва мазхаби роиджи ханафиамон хатто ба хадди ду джумла чизе бинависанд? Мову шумо,ки ба кавле ,,хап,,менишинему ,,лап,, мезанем табиист,ки хар касу нокас аз он суи укёнус дини мову шуморо террорист ё ситамкор меномад.Оё шудааст,ки аз мусулмонон дини насрони ё калимиро он чизхоеро,ки онхо ба Ислом бор мекунанд, ном бибаранд? Агар ном бибаранд, пас, бубинед,ки онхо дар чавоб муддати хамчунин панч рузе чи раддияхое хоханд гуфт!? Мархамат,профессорони точик, майдони бахс аз шумост, бигуед агар чизе гуфтани бошед! Варна махол аст,ки бо ду-се бачаи донишчу дини бобоиамонро аз чунин гапу калочахо хифозат карда тавонем.


Ном: sarina аз: olmon
29.08.2008 19:30

In badnom kunii dini islom meboshad ki baesoho mechohand ki bo chunin raftorhojashon dini moro badnom kunan . in sitam ast.


Ном: ZUHURIDIN аз: MISR
29.08.2008 05:58

ALBATTA MO MEDONEM KI ISLOM AZ RUZI AVVAL BA TARIQI DAVAT PAHN SHUDAAST.HOLO HAM BOSHAD YAGON HOJAT BA SHAMSHER NEST ZERO MO METAVONEM DAR KADOM KISHVAREE KI BOSHAD OZODONA BA DAVAT MASHGUL SHAVEM.
LOKIN HARKHELA HIZBU SOZMONHO TASHKIL DODA GARAZHOI KUCHAKI SHAKHSIRO BO HADAFHOI VOLOMAQOMI ISLOM OMEKHTA NABOYAD KARD......
ZERO BISER HARAKATHOE HASTAND KII ASOSAN HADAFI SIYOSI DOSHTA BO NOMI ISLOM ARZI VUJUD MEKUNAND
AFGONISTONRO HAMIN HARAKATHO TUMAI GHARB KARDAND KI MALUM NEST KUJO RAVON AST
KHUDO MORO HIDOYAT KUNAD


Ном: muhamad аз: cairo
29.08.2008 05:20

salom hamvatanoni aziz in bahs aslan mavzuash no durust ast .


Ном: мусофир
28.08.2008 14:16

афсус баъзе инсонхо дар дунё паидо шудасту мегуяд ки дини ислом дини зургу ва одамкуш аст ин дуруги махз аст дини мо дини ислохкор ва сулхчу аст ва сохиби дини ислом худи парвардигор асту бас

Шарҳҳо 1-10 (of 14)