Минтақаҳо

Салафия – эҷоди тафриқа?

07.07.2008

Шӯрои уламо ва додситонии Суғд салафияро як ҷараёни дар миёни мусалмонон ҷудоиандоз хондаанд.

Ахиран аз ҷониби ниҳодҳои мазкур масъалаи пешгирӣ аз тавсеъаи ин ҷараёни динӣ ба миён гузошта шуд. Ҳусейн Мусозода, раиси шӯрои уламои Суғд, гуфт, салафия дар таййи ду-се соли ахир дар Суғд пайравони зиёд пайдо кардааст. Ба гуфтаи вай, салафия бо мазҳаби ҳанафӣ, ки қисмати аъзами мардуми Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, фарқҳои ақидавӣ надорад. Вале, ба ақидаи вай, чанд фарқи зоҳирӣ аз ҷониби пайравони ин равия дар адои намоз кофист, то миёни намозгузорон ихтилоф андозад: «Салафиҳо дар намоз «омин»-ро баланд мегӯянд ва ҳамчунин баъзе фатвоҳое медиҳанд, ки ба мазҳаби Имоми Аъзам тааллуқ надоранд. Тафриқа аз он сар мезанад, ки пайравони салафия ба мусалмонони суннатӣ мегӯянд, намози шумо, ки 1400 сол инҷониб «омин»-ро паст мегуфтед, қабул нашудааст».
 
Ҳусейн Мусозода, раиси Шӯрои уламои Суғд ва имом-хатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷанд, мегӯяд, ҷараёни салафия аз барномаҳои сиёсӣ кор намегирад ва мисли «Ҳизб-ут-таҳрир» тундрав нест. Ба гуфтаи вай, ба ин ҷараён асосан намозгузорони ҷавон рӯ овардаанд, ки аз сӯи раҳбарони маҳаллии худ ва саҳифаҳои интернетии Русия раҳнамоӣ мебинанд .
 
Шӯрои уламо бархӯрд бо онро аз тариқи фаҳмониш ва тарғибу ташвиқ муносиб медонад. Аммо усули муборизаи додситонӣ комилан фарқ мекунад. Хайруллоҳ Саидов, додситони Суғд, ҷонибдори бархӯрди сахттар бо пайравони салафия аст ва ҷонибдори раҳ надодани онҳо ба масоҷид. Ба ақидаи вай, пайравони ин ҷараён, ҳарчанд дар қадами аввал ба корҳои ғайриқонунӣ даст намезананд, аммо баъди нерӯ ва тавон ёфтан ба амнияти Тоҷикистон хатар меоранд.
 
Додситони Суғд афзуд, ки салафия дар вилоят асосан дар шаҳри Чкаловск ва ноҳияҳои Масчоҳу Зафаробод пайравони бештар пайдо кардааст. Нуруллоҳхон Ҳидоятов, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Конибодом, гуфтааст, ки дар ду масҷиди панҷвақтаи шаҳр ҳудуди панҷоҳ нафар аз салафия пайравӣ мекунанд.
 
Вале як ҷавони суғдӣ, ки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз зикри номаш худдорӣ варзид, ин гуна ҳушдори масъулин дар мавриди эҷоди ихтилофу тафриқа аз ҷониби пайравони салафияро беасос ва муболиғаомез хонд: «Тафриқаву ихтилоф аз ҷониби худи намояндагони расмии дин эҷод карда мешавад, ки аз рӯи чанд фарқи зоҳирӣ дар намоз, мисли ба таври дигар доштани дастҳо ва ё васеъ гузоштани масофаи байни пойҳо ба равияву ҷараёнҳо ҷудо мекунанд».
 
Ин ҷавон инчунин гуфт, уламои расмӣ, ки худ бо раъйи мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои масъули масоҷид таъйин карда мешаванд, аз раҳ ёфтани ҷавонони мазҳабии ҳақиқатҷӯ ба вазифаҳои динӣ, хусусан дар кишварҳои арабӣ таҳсилдида, бо баҳонаи пайрави салафия будани онҳо ҷилавгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи ин ҷавон, додситонӣ ҳам, ки ба вориди масҷид шудани тарафдорони салафия, ба сабаби пайрави ҷараёни дигари динӣ будани онҳо, монеъ мешавад, худ ба оташи ихтилофу тафриқа доман мезанад.
 
Вале бо ин вуҷуд, намояндагони умури дини вилоят бар инанд, ки аз ҷараёни салафия дар инҷо теъдоди ками диндорон пайравӣ мекунанд. Шӯрои уламо мегӯяд, ки баъди фаҳмонидан ва талқин бархе аз салафиён аз он роҳ баргаштаанд. Аббоси Раҷабиён, муовини раиси бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ончи аз аъмоли пайравони салафия нохушоянд ба назар меояд, барои бисёри онҳо фарҳанги худӣ, мисли забону адабиёту ҳунар ва таърихи миллӣ аслан арзише надоранд ва ба ҷуз қуръону суннат дигар ҳама чиз, забону фарҳанг ва таърихи хосси миллиро қабул надоранд.
 
А. Раҷабиён афзуд, аз он дар кишвар ин гуна ҷараёнҳои мазҳабӣ пайдо мешаванд, ки аз ҷониби давлат барои сокинон, махсусан бачаҳову ҷавонон, ҳеч гуна имконоти шиносоӣ ва омӯзиши асосҳои мазҳаби ҳанафӣ фароҳам оварда нашудааст. 
 
 
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо 1-10 (of 27)
Ном: Said аз: Dushanbe
22.07.2008 17:31

Salom ba barodaroni Islomi.
Zuri musht az vahdati angushton oyd ba dast,
Az pareshonii millat nigoh dorad Hudo.


Ном: ABDULLOH аз: MISR ARAB
22.07.2008 17:25

salom barodaroi ahli islom man


Ном: Alisher аз: Dushanbe
22.07.2008 17:12

Assalomu alaykum bozdidkunandahoi giromi va maxsusan barodar Muhiddin az Dushanbe.
Barodar Muhiddin xele ham hayajoni nashav va tundravi nakun va xudatro gum nakun. Dar bahshoi ilmi naboyad asaboni shavi va ba nosazogui va tuhmat ruy ovari. Charo peshopesh QAZOVATI nodurust mekuhi? Charo sarosema shuda baroi digaron MAZHAB ta'yiin (intixob) mekuni? Magar har kas bar ziddi SALAFIYA suxan quyad,hatman vay shia ast? Va e har kas az SALAFIYA difo' kunad vay salafi ast? Man shumoro salafi namequyam, Shymo chi guna manro SHIA megued?
Barodar МУХИДДИН аз: душанбе!
Man har kas ki bosham, shumo boyad ba suxanoni man tavajjuh kuned va na ba mazhabam: UNZUR MO QILA VA LO TANZUR MAN QOLA!


Ном: Alisher аз: Dushanbe
22.07.2008 16:49

Ассалому алайкум боздидкунандагон ва ширкаткунандагони сомона. ИБНИ ТАЙМИЯ ва ИБНИ АБДУЛВАҲҲОБ , ки сардор ва поягузори САЛАФИЯ-ВАҲҲОБИЯ мебошанд, Худовандро чисм (ба руси: материя, тело) медонанд ва зоти поки Аллоҳро ба чизҳои чисми ташбеҳ (монанд) мекунанд. Дар таърих омадааст, ки ИБНИ ТАЙМИЯ ба хотири эътиқод ба тачсиму ташбеҳ, зиндони шудааст. Дар инчо гўшае аз суханони олимони диниро дар бораи "эътиқоди Ибни Таймия ба чисм (материя, тело) будани Худованд" мехонем:
1-Қози Субки мегўяд: "Аҳли тавҳид иттифоқ доранд, ки Худованд дар чиҳати хоссе нест, аммо баъзеҳо монанди Ибни Таймия ин боварро надоранд" (Табақотуш-шофиия, ч.9 саҳ.43).
2-Шайх Муҳаммад Абўзуҳра мегўяд: "Салафиҳо мўътақиданд, ки ҳар чи дар Қуръон ва ривоёт дар бораи сифатҳои Худованд омадааст, таъвилпазир нестанд, балки ҳамаашро бояд бар зоҳираш ҳамл кард... Ибни Таймия ҳам ҳамин боварро дорад" (Таърих-ул-мазоҳиб-ил-исломия, ч.1 саҳ.233).
3-Шайх Салим Албишри, раиси собиқи донишгоҳи Алазҳари Миср, мегўяд: "Аз чумла касоне, ки Худовандро дорои чиҳат медонад Ибни Таймияи Ҳанбали аст" (Фурқон-ул-Қуръон, Қазоъи, саҳ.72).
4-Ибни Ҳачари Ҳайтами мегўяд: "Ибни Таймия дар бораи Худованд иддиои чиҳат ва чисмоният кардааст" (Алчавҳар-ул-муназзам).
5-Дар китоби "Таърихи Абилфидоъ" воқеаҳои соли 705 ҳичрии қамари омадааст: "Ибни Таймия аз Димишқ ба Шом фиристода шуд ва чунки вай эътиқод ба чисму чисмонияти Худованд дошт, дар зиндон ҳабсаш карданд".


Ном: Alisher аз: Dushanbe
22.07.2008 16:46

Ассалому алайкум боздидкунандагон ва ширкаткунандагони ҳақиқатчў! Дар асл, ихтилофе, ки байни мазҳабҳои исломи дар мавриди аҳком (фуруъот) ва ҳатто эътиқодот (яъне усул) вучуд дорад, то ҳадде як чизи табии (естественно) аст ва ба фаҳми мухталифу бардошти гуногуни мучтаҳидон ва олимони дини бармегардад. Зеро ҳар инсоне дар фикру андеша кардан, ба таври худододи аз дигар инсонҳо фарқ мекунад ва ба ҳамин далел мебинем, ки барои Қуръон ҳазорҳо тафсир ва барои ҳадисҳо (китобҳои ҳадиси) садҳо шарҳ навишта шудааст. Агар инсоҳо - барфарз- як хел фикру андеша мекарданд ва ҳеч ихтилофи назаре бо ҳам надоштанд, ҳеч гоҳ (!) ин ҳама тафсир ва шарҳ ва ин ҳама китобҳои мухталиф дар заминаҳои гуногун навишта намешуд ва ихтилофи мазоҳиб ҳам рух намедод. Чараёни САЛАФИЯТ ё ҳамон ВАҲҲОБИЯТ ҳам ҳамин тавр аст. Яъне як нафар ба номи ИБНИ ТАЙМИЯ тақрибан ҳафтсад сол пеш, фикру андешаҳои шахсии худро дар бораи аҳкомҳои шаръи ва эътиқодоти исломи баён кард, ки баъдҳо андешаҳои ў мавриди писанди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб қарор гирифт. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳам тавонист дар Арабистон давлатеро ташкил диҳад, ки ҳокимони он аз тарафдорони фикру андешаи Ибни Таймия буданд ва ҳанўз ҳам ҳастанд, яъне Оли Саъуд. Аммо... (идома дорад) Аммо бояд донист, ки олимони диние, ки ҳамасри ИБНИ ТАЙМИЯ ва низ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб буданд, бо фикру андешаҳои шахсии онон мухолифат карда ва ҳатто Ибни Таймияро ба хотири тундравиҳояш, зиндони карданд. Имрўза низ шоҳиди он ҳастем, ки ҳар кучо САЛАФИЯ ё ҳамон ВАҲҲОБИЯТ қадам гузоштаанд, ончо оташи ихтилоф даргирифтааст ва олимони дини бо онҳо мухолифат кардаанд. Аз тарафи олимони дини садҳо китоб бар зидди САЛАФИЯ ё ҳамон ВАҲҲОБИЯТ навишта шудааст. Саволи асоси ин аст, ки: Чаро чунин аст? Чаро аз қадим, аз ҳамон замони Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб олимони дини бо онҳо ва пайрвонашон мухолифат карданд? Чаро ҳанўз ҳам ин мухолифатҳо идома дорад? Сабаб дар чист? Магар нагуфтем, ки мо инсонҳо дар фикру андеша кардан як хел нестем, балки фаҳму бардоштҳоямон аз оятҳои қуръони ва ҳадисҳои набави, ба таври табии бо якдигар фарқ мекунад?! Чавоб чист? Чавоб ин аст, ки.... (идима дорад). Чавоб ин аст, ки: Агарчи фикру андеша ва фаҳми мо инсонҳо бо ҳам фарқ мекунанд ва бардоштҳоямон аз оятҳо ва ҳадисҳо то ҳадде гуногун аст, аммо бояд донист, ки ҳамаи андешаҳо ҲАҚ нест ва ҳар бардоште ДУРУСТ нест! Бинобар ин, вақте мебинем, ки аз ҳамон қадимҳо, олимони дини бо САЛАФИЯ ё ҳамон ВАҲҲОБИЯТ ва махсусан бо таъсискунандагони он яъне ИБНИ ТАЙМИЯ ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мухолифатҳо кардаанд ва бар зидди онҳо садҳо китоб навиштаанд, маълум мешавад, ки андеша ва ақоиди онҳо НОДУРУСТ аст яъне мухолиф бо қоида ва қонунҳои шариати Ислом аст. Оё мо ҳақ дорем, ки бигўем: ҳар чиро ки имрўза САЛАФИҲО ё ҳамон ВАҲҲОБИЯТ онро “ҳаром”, “бидъат” ё “ширк” мегўянд, имомони мазҳабҳо ва олимону бузургони гузашта ҳаром ё бидъат ё ширк будани он чизҳо ё корҳоро нафаҳмида буданд?! Яъне имомони мазҳабҳо ва олимони гузашта ин қадар аз САЛАФИ СОЛЕҲ дур мондаю бехабар буданд, ки ба ин чизҳо пай набурданд?!


Ном: Асл аз: Moscow
22.07.2008 15:59

Бародарони гиромии хамдин ман ба Шумо факат як гуфтаи Хазрати Али (а)-ро мисол меорам: "Ислом як дини одат ва такрор нест, балки дини пешраванда аст, иншоаллох Шумо ба ин сухан мукобил нестед. Бисёрихо акибмондагии Шаркро нисбати Гарб аз Ислом медонанд, ки сахех нест. Хакикат ин аст, ки Исломи хакикиро бисёр тахриф намуда аз принсипхои давраи Паёмбари Акрам (с)дур бурдаанд"


Ном: Самеъчон аз: Душанбе
21.07.2008 10:38

Ассалому алайкум боздидкунандагон ва ширкаткунандагони ҳақиқатчў ман танхо хаминро гуфтаниям ки чонибдорони мазхаби салафия бояд масчиди худро дошта бошанд ва дар масчидхои мо яъне мазхаби Эмоми Аъзам надароянд аз хукумат барои масчидхои худ ичозат гиранд ва масчидхои худро дошта бошанд чун ки дар конунгузории чумхурии мо барои интихоби дин ва мазхаб шахрвандон озод мебошанд...


Ном: Бехруз аз: TJK
21.07.2008 02:32

Ман ба донишмандии хам Мухиддину хам Алишер бовар надорам ва далелхояшонро наметавонам кабул намоям. Зеро ки яке костюмро офаридаи аврупоихо мехонаду, ба акидаи дигаре мусулмони суннимазхаб он чиро, ки Пайомбар (с) накардааст, набояд ба худ ичозат бидихад. Маълуматон бод, ки костюми "аврупои" ба Аврупо аз Эрони кадим рафтааст ва худи олимони аврупои инро исбот кардаанд. Илова бар ин, агар замоне ки Пайомбар (с)умр ба сар бурда буданд, мошини "Мерседес" ё хавопаймохо набуданд, пас мусулмонон имруз набояд мошин ронанд ё савори хавопаймо нобояд шаванд? гайр шиму


Ном: беном
20.07.2008 01:45

як бор хамаат ба забонат нигох карда дуруст навиштанро омуз - то дируз хамат пионер буди имруз мулло шуди? китобро мехониву мазмунашро намедони? максади хамат кисатро пур кардан гапро кам карда кор кардан лозим. Калаи хамаат ба гайр аз хондани харфхои араби дигар чизро намедони - Нигар диндорони хакики дар солхо аввал дар илм (алчабр, тиб в.г) пеш рафта буанд! Хар касе ки дар хаёли фоиди кисаи худаш ва факат ба сари хукумат омадан дошта бошад охи камбагалу бечорагон Худо агар хохад мезанад!


Ном: МУХИДДИН аз: душанбе
19.07.2008 19:18

Салом Алишер: Агар баргузори ё чашн гирифтан ва он масоиле, ки дар номаат навиштаи аввал ин ки Паёмбар (с) онхоро накардааст ту худ бо ин коил хасти ва инкор хам намекуни ва ин Сухани Худо: Дар Курьон чи мешавад: ((ما اتاكم الرسول فخذوه و ما نهاكم عنه فانته) тарчума. Он чи Паёмбар (с) ба шумо дод ( Аз амрхо ва нахихо) онро кабул кунед ва аз он чи шуморо боз дошт онро накунед.
Бояд ин хукми Курьонро хам барои он ки имруз пешрави ва чахони Байнал милал хар коре хостанд мекунанд бояд мо сухани Худо ва Паёмбар (с)-ро фаромуш карда ба монанди онхо бикунем? Оё дар хаёти Паёмбари акрам (с) хонуми гиромияш Хадича (р) , Иброхим писарашон, Косим писарашон, Хамза амуяшон, Омина модарашон, ва садхо асхоби бузургворашон бо холатхои гуногун аз дуне гузаштанд дар ягон ривоят дидаии, ки Паёмбар (с) барои онхо аъзодори ва ё солгарди ёдбуди дар гузашти касе аз инхоро тачлил карда бошад? Чавобат иншоаллох не аст. Ва оё дар хаёти 63-солаи муборакашон рузи таваллудашонро чашн гирифтаанд? Ягон далеле дори хатто дар китобхои шиъа хам чунин ривояте хаст? Ва пас вакте, ки Паёмбари мо (с) накард мо бояд чунин корхоро бикунем ё не? Агар дар чахони Байналмилал модархояшонро лухти модарзод кунанд бе эхтироми кунанд, хам чинс кунанд, садхо разолат ба чиноят бикунанд ва мо низ ба гуфтаи ту, ки кастюм ва брюкро мисол овардаи ва онро ташбих додаи чунон бикунем агар бале бигуи ва имонат ба ту ичозат дихад ин маълум аст, ки аз дах нух асли мазхаби шиъа такия (дуруг гуфтан дар хама холот бидуни истисно) Худо аз он миллат ва мазхаби поки моро начот додаст.

Илтимос кормандони радиои озоди ба шумо боварии комил дорам , ки ин бахси миёни мову Алишерро пахш кунед. Мехохам далелхои Алишерро хам пахш кунед.
Мунтазири посух аз Алишер.

Шарҳҳо 1-10 (of 27)