Тоҷикистон

Тоҷикистон - давлати фасодзада?

01.07.2008

Cозмони «Шаффофияти байнулмилал» Тоҷикистонро яке аз фасодзадатарин кишварҳои олам арзёбӣ кардааст.

Гузориши ин созмони байнулмилалӣ ҳокӣ аз он аст, ки фасод дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа густариш ёфтааст. Бино ба гузориши ин созмон, Тоҷикистон аз ҷиҳати фасодзадагӣ дар феҳристи кишварҳои дунё дар қиёс бо як соли пеш 8 зина поинтар, рафтааст: агар соли гузашта ин кишвар аз ҷиҳати фасодзадагӣ дар зинаи 152-вум буд, ҳамакунун он дар байни 180 кишвари олам дар зинаи 160-ум қарор гирифта ва, ҳамин тавр, Точикистон дар миёни 20 давлати фасодзадатарини дунё ҷой гирифтааст.
 
Ба андешаи коршиносон, ин маънои густариш пайдо кардани фасод дар Тоҷикистонро дорад.
 
Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон фасод дар ҳамаи зинаҳои идораҳои давлатӣ, дар корхонаҳои санъативу кишоварзӣ, муассисоти тиббиву тиҷоратӣ, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, дар идораҳои молиёту гумрук, маҳкамаву додситониҳо, муассисаҳои молӣ ва ҳатто дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ густариш ёфтааст.
 
Маҳдии Собир, коршиноси мустақил, мегӯяд, дар Тоҷикистон робитаҳои хешу таборӣ, маҳалгароию қавмгароӣ, ёру ошнобозиҳо, дуздии амволи давлатӣ, зӯроварӣ ва «харидани мансабҳо» аз шаклҳои роиҷи фасод мебошанд. Ӯ меафзояд, дар Тоҷикистон фасод ба дараҷае густариш ёфтааст, ки ҳеч мушкиле бидуни ришва осон намешавад ва ҳатто мансабҳои давлатӣ мавриди фурӯш қарор мегиранд.
 
Бархе аз коршиносон мегӯянд, аксари мансабдорон бо маоши ҳудуди 300-долларӣ қасрҳои боҳашамат, фурӯшгоҳҳо ва мошинҳои гаронқимати мудели ахирро дар ихтиёр доранд.
 
Шокирҷони Ҳаким, устоди донишгоҳи байнулмилии Тоҷикистон, мегӯяд, навоқис дар қавонини Тоҷикистон, риъоят нашудани озодии баён, маҳалгароӣ дар сиёсати кадрӣ, набудани шаффофият дар фаъъолияти ҳукуматдорон, нотавонии ҷомиъа ҷиҳати назорат аз болои фаъъолияти ҳукумат иллатҳои аслии густариши фасод дар ин кишвар маҳсуб мешаванд. Оқои Ҳаким меафзояд: «Дар Тоҷикистон феълан порлумон дар низоми давлат он таъйиноти иҷтимоъиашро иҷро карда наметавонад, ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва матбуъоти даврӣ аз болои мақомоти давлат назорат бурда наметавонанд ва набудани шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин интихоби кадрҳо аз рӯи маҳал ва, дар маҷмӯъ, адами иродаи сиёсӣ боис ба он мешавад, ки фасод дар Тоҷикистон сол аз сол меафзояд».
 
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ниҳоде бо унвони Ожонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасодро таъсис дода, таййи ду соли ахир бо фасод мубориза мебарад. Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, хулосаи гузориши созмони «Transparency International» нишон медиҳад, ки фаъъолияти ин ожонсӣ муассир нест ва ба коҳиши мизони фасод дар Тоҷикистон мусоидат накардааст. Ӯ ба шаффофияти амали ин ниҳод шакк оварда, мегӯяд, агар ин ниҳод дуруст фаъъолият мекард, дар байни бо ҷурми ришвахорӣ боздоштшудагон як вазир низ ба назар мерасид. Ӯ меафзояд: «Фикр мекунам, аз он пурсишҳои ҳамагонӣ маълум аст, ки бисёртар ба фасод мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прократура, судҳо мақомоти андоз, гумрук – он касоне, ки бояд бо фасод мубориза баранд – даст ба фасод доранд».
 
Ба бовари коршиносон, фасод дар Тоҷикистон ба густариши нобаробариҳои иҷтимоъӣ, ривоҷи беадолатӣ, ворид нашудани сармояи хориҷӣ ва суст шудани эътимоди мардум бар ҳукумат боис шуда, ба рушди ҷомиъа ва суботи сиёсии кишвар хатар меандозад.
 
 
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо 1-8 (of 8)
Ном: Nasiba аз: Dushanbe
09.07.2008 16:11

Salomualaykum! havatanon in Tojikistoni mo khudovand okibatsha medona lekin ganda shikast khurdagi hast TJK, baroi boz ba jo ovardanu peshbari tojikiston kadrhoi bokuvat lozim lekin eftani chunin mutakhasisho amri maholl baroi vazifa giri ba kori kalon mablag nadorand in bechoraho!!


Ном: ali аз: eron
05.07.2008 19:52

salom ba korkunoni radioi ozodi
ba nazari man ba in khotir dar tojikiston rishvakhori ast ki mohonai mardumro davlat kam medihad badin illat mansabdoron majbu meshavandki ba rishva khori pardokhta zindagii khudro durust kunand.
muqassir faqat va faqat raisi jumhuri mo ast ki ba mardumi tojikiston hich ahamiyyate namedihad faqat ba fikri manofii khudash ast.
vassalom


Ном: Чавон аз: Истаравшан
02.07.2008 16:56

Баробари хондани ин саифа ман бо шумо хамвтани чононочон рози хастам ин лаънатихо дар ин дунё хакки мардуми бечорае ки бо 120-150 сомони маош мегиранд ишкам ва кисашонро фарбех мекунанд дуруст кайд кардед ки дар кучо навишта шудаски мансабро бо фалон хазор доллар харед Худо хохад ин оки падарони миллат чояшон дар дузахт бо хамун фарзандонашон ки бо нони харом калон шуда чонишини падар мешаванд.......


Ном: doktor аз: Nurobod
02.07.2008 13:43

salom hamvatanoni aziz boisi taasub ast ,ki dar yak kishvari, ki taqriban 99% musalnom boshadu chunin noadolatiho va chunin fasodho eux dihad . man fikr mekunam ,ki yak dalili aslish sathi poin budani savodnoki jomea meboshad .vaqte ,ki sharvandi yak jomea huquqi xudashro nadonad ,ki chi huquq dorad darjomeai,ki zindagi mekunad oqubatash haminast. man hamchun yak shahrvandi tojik az vazorati jumhuri tojikiston xohish mekunam ,ki dar sohai omuzish va parvarish taloshi jidi anjom dihand baroi nasli oyanda . baroi milati azizam taqvo va salomati az dargohi xudo tamano doram


Ном: Абд- ул -Хусейн аз: Хоруг
02.07.2008 12:02

Бо чунин хол ояндаи Точикистон чун давлат дар хатар аст.Ба мансабдорон чунин вазъият кулай аст,парвои мардуми бечора хеч кас нест.Кадри инсон дар Точикистон аз хас хам пасттар аст.Мо точикон аз ориёи ягон нишоне надорем.Касби мо факат худро тариф кардану дигаронро фиреб додан аст.Мо дар чахон обруро аз даст додем,барои фиребкорию худтарифкуни.


Ном: Сухроб аз: Душанбе
02.07.2008 10:19

Ба акидаи Cозмони «Шаффофияти байнулмилал» сад дар сад мувофик хастам, ин ба хамагон маълум аст, барои мисол метавон нозирони рохро (ГАИ) -ро биёрем, ки дар хар сари кадам ба ронандагон зулм мекунанд ва рохи ришвахурии онхоро хеч кас намегирад. Агар коркунони мубориза ба ришвахури худ ришвахур набошанд,чаро коркунони ГАИ ро боздошт намекунанд ва ё дигар коркунони сохахои давлатиро? барои он, ки худ вазифаро харидаанд ва ташкил додани кумитаи мубориза бар алайхи ришвахури таъсири манфии худро дар тамоми сохахои давлати расонидааст. Агар каблан дар гумрук 100 ё 1000 доллари амрикои аз точирон ришва меситонданд, баъд аз ташкили ин кумита ва ё ожонс ду баробар зиёд ришва меситонанд, як кисматро барои худ ва дигарашро барои корупция гуфта меситонанд. Ба доди мардум касе намерасад.


Ном: VATANDOR
02.07.2008 09:40

SAMARKANDU BUXORORO DAR ASRI GUZASHTA AZ DAST DODAND, BA SABABI ANA HAMINXEL FARZANDONI KHOINI MILLAT, WA DAR IN ASR BOSHAD, ...... UFFFFFFFF TOJIKISTONRO AZ DAST MEDIHAND. ILOHO MARDUMI MAZLUMRO KHUDAT DAR PANOH GIR, KAIDU MAKRI ZOLIMONRO BAR SARI KHUDASHON GARDON. OMIN.


Ном: Andeshmand аз: Dushanbe
01.07.2008 19:51

Фикр мекунам, аз он пурсишҳои ҳамагонӣ маълум аст, ки бисёртар ба фасод мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прократура, судҳо мақомоти андоз, гумрук – он касоне, ки бояд бо фасод мубориза баранд – даст ба фасод доранд».

Шарҳҳо 1-8 (of 8)