Ҷаҳон

СММ: Ба Тоҷикистон кумак кунед!

11.05.2008

Созмони милали муттаҳид (СММ) аз кишварҳои ҷаҳон тақозо кардааст, то барои рафъи мушкилоти имрӯзи мардуми Тоҷикистон кумак кунанд.

Ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ дигарбора аз ҷомиъаи ҷаҳонӣ дархост кардааст, то ҷиҳати рафъи оқибатҳои зимистони қаҳратуни имсол ва омодагӣ ба фалокатҳои табиъии нав дар Тоҷикистон 27 миллион доллар кумак кунанд.
 
Муассисаи ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ бар ин аст, ки мардуми Тоҷикистон то ҳанӯз меваҳои талхи зимистони қаҳратуни гузаштаро мечашанд ва онҳо, ки зимистон маблағи зиёди худро барои хариди сӯзишворӣ масраф карданд, акнун барои харидани маводди ғизоӣ, ки қиматаш ҳамоно болотару болотар меравад, пули кофӣ надоранд. Бар замми ин ҳосили ками зироат дар ду соли гузашта, талафоти чорво ва захираи тухмӣ дар зимистони гузашта ҳоли мардумро бадтар кардааст. Ва ба қавли ҳукумати Тоҷикистон, омадааст дар ин муроҷиъатнома, 2 миллион нафар аз зимистони гузашта осеб дидаанд.
 
Афзуда мешавад, ки дар ҳамин ҳол тақрибан 500 000 нафар ба кумаки ғизоӣ ниёз доранд ва аз миёни онҳо 250 000 нафар муҳтоҷи кумакҳои фаврии ғизоӣ мебошанд.
 
Муассисаи ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ эълом кардааст, ки аз тақрибан 27 миллион долларе, ки аз ҷомиъаи байнулмилалӣ хоста шуда буд, 12 миллион доллар барои иҷрои барномаҳои имдодӣ дастрас карда шудааст, аммо барои тарҳҳои дигари башарӣ боз 14 миллион доллар намерасад.
 
Муассисаҳои мухталифи хайрияи ин созмони ҷаҳонӣ тазаккур додаанд, ки маблағи мазкур ҳамчунин барои рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиъии эҳтимолӣ, аз ҷумла харидани захираҳои хӯроку доруворӣ ва сарпаноҳҳо, истифода хоҳад шуд.
 
Зимистони имсол ҳаво дар Тоҷикистон то 25 дараҷа сард шуд ва, ба гуфтаи ҳавошиносони тоҷик, барф танҳо моҳи декабр аз меъёр 245 фоиз бештар боридааст ва акнун интизор меравад, ки ҳавои гарм метавонад захираҳои барфи зиёдро якбора об карда, сабаби обхезиву харобии рустоҳои назди рӯдхонаҳо шавад. Моҳи гузашта, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷомӣ, чандин хона бар асари боришот ва сел вайрон шуд.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: точиииик аз: бебарк
12.05.2008 13:52






Ман хамчун як точики бекас ба расидани ёри аз ягон чо умеде надорам. Медонам ки онро боз хоханд хурду фурухт ё ба бучаи давлати хамрохаш хоханд кард. То хол мо сурог надорем касеро ки бигуяд кумаки шудаигиро гирифтааст. Кучо мешавад ин кумак касе намедонад. расонахо хам чизе намгуянд.




Ном: S.M.B аз: K-TUBE
12.05.2008 10:05

Rohe ki tpjikiston duumbora ba kumakhoi SMM
metoj nashavd in ast ki
hukumatdotroni toza sari hukumat omada mardumi musalmonro (mardumi tojik hamaash musalmon ast) bigzorand ki korhoi dinashonro ozodona bikunand
baad khudoi taolo in baloro az sari mardum bigirad
hukumatdoron ( khossatan raisi jumhur ) az khudo bitarsand dar haqqi mardum to ba kai onhoro gulom va sano gui khud qaror medihad
gamkhori khalqi khubi tojik .S.M.B.


Ном: Беном аз: Душанбе
12.05.2008 09:07

Хамоно тарс аз он дорам, ки ин кумакро на кулфатзадахо, балки боз ду-се танпарастон моли меросии худ насозанд!


Ном: Ношинос аз: Душанбе
11.05.2008 11:07

Ин тозаахбори хубест, барои точики кулфатзада. Аммо аз он метарсам, ки гайриточике бо акли какми худ ин кумакхоро боз дар бозорхои Корвону, Саховату, Султони Кабир ба фуруш набарорад ва боз дар арсаи чахони халки точикро шармсору шарманда нагардонад.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)