Ҷаҳон

Паради Пирӯзӣ ва ё носталжии замони Шӯравӣ

06.05.2008

Расо пас аз 17 соли он рӯзе, ки охирин танк аз Майдони Сурх гузашт, Русия бори дигар аслиҳаи сақилаи худро дар паради ҳарбии анъанавии 9 май ба майдон мебарорад. 

Ин кор иловатан дар ҳафтае сурат мегирад, ки дар Кремл интиқоли таърихии қудрат баргузор мешавад. 

Ба мушоҳидаи коршиносон, Русия рамзҳои собиқаи Шӯравии худро эҳё мегардонад ва ин ҳам ҷиҳати он ки дар саҳнаи ҷаҳонӣ нерӯмандии худро ба намоиш бигзорад.