Тоҷикистон

Тазоҳурот ба хотири ҳимоя аз манзил (Видео)

15.04.2008

«Илтимос. Як бори дигар илтимос, ки моро бифаҳмед. Мо дигар ҷойе барои зиндагӣ кардан надорем...».

Ин нидо, хоҳиш ва фарёди онҳое буд, ки барои расидагӣ ба мушкили худ дар назди қасри раиси ҷумҳур ҷамъ омаданд, то додашонро бигӯянд. Аммо ин хонумҳо дар банди кормандони мақомоти умури дохила монданд ва ноумед ба хонаҳояшон баргаштанд.

 

Инҳо ҳудуди 40 сокини маҳаллаи атрофи Корхонаи сементи шаҳри Душанбе ва иборат аз занону кӯдакони мактабхон ва тифлони кӯчаканд, ки мегӯянд, бо зӯри кормандони интизомӣ тариқи автобус ба боздоштгоҳи махсуси умури дохила, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, рафтанд ва дар он ҷо баёнот навиштанд. Дар боздоштгоҳи махсус ҳич кадом аз мақомдорон ҳозир нашуд, ки далели боздошт ва бозпурсии ин гурӯҳи занонро шарҳ диҳад. Вале занон мегӯянд, милисаҳо таҳдид кардаанд, ки дигарбора онҳо дар назди Қасри раисҷумҳур ҷамъ наоянд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд ё ҷазои дигар хоҳанд гирифт.

 

Аммо ин занони беилоҷ мегӯянд, ки аз таҳдиди милисаҳо наметарсанд ва барои ҳифзи молу манолашон аз нияти худ пас намегарданд. Яъне, ё соҳиби манзили худ боқӣ мемонанд ва ё дар зиндон ба сар мебаранд: «Мегӯянд, ки дафъаи дигар ҳам чунин кунем, 60 сомонӣ ҷарима месупорем ё 15 рӯзи зиндон. Агар 60 сомонӣ медоштем, назди Қасри президент мерафтем? Мо кор намекунем. Вазъияти моро ҳам фаҳмед. Агар ҳамин ҷони мо даркор аст, марҳамат...»

 

Ҳамчунин яке аз ин занони тазоҳургар гуфт, ки як ҳамсафари онҳо ҳангоми пароканда намудани ҷамъомадагон зарб хӯрда, дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шудааст. Фарзанди ин зани латхӯрда, ки дар даст хулосаи ташхиси бемории модарашро дошт, чунин мегӯяд: «Мо натиҷаи ташхисро дастрас кардем ва ин ҷо гуфта шудааст, ки устухони миён сахт лат хӯрдааст».

 

Фахриддин Зокиров, вакили дифоъи ин занон низ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки нисбати бадрафтории кормандони интизомӣ дар баробари зерҳимоятонаш ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Вай мегӯяд, тӯли 16 сол ин занон бо хонаводаҳои худ дар манозили маскунияшон ба сар мебаранд, вале ҳич кадом аз мақомдорон огоҳ накарда буд, ки замини онҳо рӯзе ба фоидаи давлат гирифта мешавад.

Тазоҳургарон умед доранд, ки президент ба қазияи онҳо расидагӣ мекунад. Агар не, мегӯянд онҳо, аз баҳри шаҳрвандии Тоҷикистон мегузаранд.

 

 

Шавҳари яке аз занҳои тазоҳургар низ мегӯяд, ҳудуди ду сол мешавад, ки ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар робита ба татбиқи Генплани Душанбе ва ғайриқонунӣ будани манзилашон, онҳоро ором намегузорад. Дар ҳоле ки мувофиқ ба қонуни авфи молу мулк, ки Эмомалӣ Раҳмон онро соле пеш ба тасвиб расонидааст, агар хонаҳои онҳо ғайриқонунӣ ҳам мебуд, бояд мавриди авф қарор мегирифт. Аммо, мегӯяд ӯ, ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ қонуни авфро дар нисбати манозили маскунии онҳо нодида гирифтааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Андреа Берг, пажӯҳишгари Созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ин қазияро дунболгирӣ дошт, мегӯяд, чунин бархӯрди мақомот бо шаҳрвандони одии кишвари худ далели воқеъии нақзи ҳуқуқи башар аст. Вай мегӯяд, дар ҳар кишвари демукросӣ сокинонаш ҳақ доранд, ки ба ҳукуматдорон аз камбудҳои худ шикоят баранд. Андреа Берг изтиробу андешаи худро дар иртибот ба қазияи ин занони тазоҳургар чунин баён кард: «Мо низ огоҳ шудем, ки бархе аз занон дар назди дастгоҳи раъиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷамъ омаданд, то ба қабули президент мушарраф шаванд, аммо онҳоро бо кӯдаконашон милисаҳо боздошт кардаанд. Албатта, ин нақзи ҳуқуқи инсон аст. Зеро ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, ки ба қабулгоҳи кадом президенте равад ва арзи худро бирасонад. Ин танҳо паст задани шарафи сокинони одӣ аст. Ман ҳатто намедонам, инро чи гуна баён кунам».

 

Тазоҳургарон мегӯянд, бо ин ҳол умед доранд, ки Раҳмон ба қазияи онҳо расидагӣ мекунад. Агар не, аз баҳри шаҳрвандии Тоҷикистон мегузаранд. 

 


Тақсими
нодурусти замин ва бинобар тарҳҳои бозсозӣ ба маконҳои дигар кӯч додани шаҳрвандон ахиран дар Тоҷикистон ба як мушкили доғ табдил шудааст. Ва мушкили беманзилӣ, ки гиребонгири аксари шаҳрвандон ва аксаран ҷавонони Тоҷикистон аст, мояи норозигии мардум аз ҳукумат шудааст ва бори аввал нест, ки мардуми  батангомадаи беманзил ошкоро дар назди қароргоҳҳои ҳукумат эътироз мекунанд. Падидае, ки рӯз то рӯз бештар мешавад ва онгуна ки як мусоҳибам гуфт, мақомотро метарсонад, ки нисбат ба занон низ чунин шеваи рафторро раво мебинанд, то барои дигарон ибрат шавад. 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 20)
Ном: Кобул аз: Сайёд
25.04.2008 14:49

Салом бродарон Ислом ! хукумати мо як хукумати фалач шудаест,ки хар як мансабдор чайби худро фикр мекунаду халос аз мардуми камбагалу бечора напураснд ,ки шумо чи хол доред ё ин ки чи тавр шаби худро руз мекунед чи тавр шиками гуруснаи худро ва фарзандонатонро сер мекунед.
... лекин мо ХУДО дорем !

Чароги зулми золи то абад сузон
намесузад,
Агар сузад шабе сузад шаби дигар
намесузад.


Ном: ODAM аз: KOLKATA
25.04.2008 13:09

То кай ин зулм давом мекарда бошад ба сари мардум?


Ном: ODAM аз: KOLKATA
25.04.2008 13:09

То кай ин зулм давом мекарда бошад ба сари мардум?


Ном: SALMON аз: DANGHARA
21.04.2008 12:31

EI HUKUMAT DORON SHUMO ZARAE AZ KHUDO BITARSED BA MARDUM ZULM NAKUNED KI OQIBATI ZULM JAHANAMI DUNYOVU QIYOMAT AST AZ SHUMO DAVLATHOI ABAL QUDRAT BUD CHI SHUD KHUDOVAND BA XOK YAKSON SHON KARD VAQTE KI ZULMRO PESHA KARDAND ILTIMOS XUDORO FAROMUSH NAKUNED????????????


Ном: Дарвеш аз: Кургонтеппа
21.04.2008 10:17

Ба мактуби бародарам Ислом аз нохияи Вахдат норозиям, чунки чаноби оли аз бисёр корхои пасипардагии хешу акрабояш ё хукуматдорони махалли бехабар аст, чунки назорат ба хамаи ин имконнопазир аст.Хизматхои чаноби оли барои мамлакати бузурги мо, халки бофархаги мо хеле-хеле калон аст. Ходисае, ки дар нази заводи сементи ш.Душанбе шуда истодаат ба фикрам охиста - охиста дар тамоми минтакахо бояд шавад. чунки хар боломакоме тавонист гайриконуни барои чайби худ замин фурухт, халк бо як умед хона сохт вакте мешавад, ки хонахо ба госплани шахру шахрдори мувофикат намекунад чунин ходиса руй медихад. Масалан дар нази заводи консервабарории ш.Кургонтеппа чунин авхол аст. Заминхоро 1-2 сол пеш барои тахчои хона фурухтанд, холо бошад бозпас гирифтанианд ё ин, ки бо ин рох боз пул коркарданианд.Мо халки одди умед дорем, ки Точикистони мо рузе мешавад, ки аз баъзе рохбарони бемасъулияту пулдустдор тоза шуда дар чорчубаи конун озодона мехарему зиндагони мекунем. Ман мехохам хамон одамоне ки заминхои гайриконуни фурухтаанд, конун баровардаанд хонахои онхоро бояд гирифта ба халк диханд.


Ном: ШОКИР аз: ЛОНДОН
19.04.2008 12:34

МАН ЯК ШАХРВАНДИ ОДДИИ КИШВАРИ ТОЧИКИСТОН ХАСТАМ. РОСТИ ПАС АЗ ХОНДАНИ МАКТУБХО АЗ ЧУМЛА ОН БАРОДАРЕ КИ АЗ КАНАДА МАКТУБ ИРСОЛ КАРДААСТ АНИКТАРАШ САМАР МЕХОСТАМ КИ ЧАВОБЕ НАВИСАМ.
ЭЙ БАРОДАР. БОВАРИИ КОМИЛ ДОРАМ,КИ ТУ БА ЧУЗ АЗ ХАБАРУ ИТТИЛОИ ИГВОГАРОНА ЧИЗЕ БЕШ НАМЕДОНИ. АГАР КИ ТОЧИК БОШИВУ ТОЧИКИСТОНИ ЧАРОР АЛАЙХИ ХУКУМАТИ ХУД КИ ОНРО ПАДАР ВА МОДАРУ НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНАТ ИНТИХОБ КАРДААСТ БАРОМАД МЕКУНИ. ИН ПУШИДА НЕСТ КИ ЧУНИН ТАРЗИДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРРИРО МО ХУДАМОН ИНТИХОБ КАРДААЕМ. АГАР КИ ИН ПИСАНДАТ НАБОШАД ДАР ХАМОН ГАРИБИ НАЙШАКАР ХУРДА ГАРДЕД.
БАЪДАН МУХТАРАМ ХОНУМОН ВА ЧАНОБОНИ РАДИОИ АМРИКО. ШУМО БЕГАРАЗ ВА БЕТАРАФ НЕСТЕД. НИБАТИ РУЙДОДУ ХАБАРХОИ ВОКЕИ ДУРУГГУИ МЕКУНЕД.ДАР ХАМБАСТАГИИ ИН, КИ МАН МУДДАТИ ЯК СОЛ МЕШАВАД, КИ ДАР МУСОФИРАТ ТАХСИЛ МЕКУНАМ ГАРЧАНДЕ КИ ДУР АЗ ВАТАН ХАСТАМ. РАФИКОН ТОЧИКИСТОНИЁН МАН ШУМОРО ВА ФАРХАНГУ ТАМАДДУНАМОНРО БЕНИХОЯТ ЭХТИРОМ МЕКУНАМ ВАЛЕ МУТАССИФОНА КИ ЧУНИН САЙТХОИ ИГВОГАРОНА МЕХОХАНД КИ БА АМНИЯТИ КУНУНИИ ТОЧИКИСТОН ХАЛАЛ ВОРИД КУНАНД.


Ном: Аҳмад аз: Душанбе
19.04.2008 12:34

охир ин ҳам миллати точик аст , оҳо низ падару модарони мо ҳанд , ин мардум дар рузи қиёмат чи мегуфта бошанд.
ақалан ба онҳо хонае бидиҳад ,, инҳо кучр бираванд ? дар кучо зиндаги бикунанд?


Ном: asadullo
18.04.2008 23:32

asalom hamvatanoni aziz
in yak namud zul ast ba xalqi TOJİK.
chi tavre ki meguyand "ZAKON DJUNGULİ" dar Tojikiston idoma dorad va sad afsus...
man hamchun shahrvandi Tojikiston ba mardumi xud,ba on zul didago az Khudovand sabr xohonam.


Ном: ман мухамад чон мебошам. аз: аз шахри душанбе.
18.04.2008 18:39

дуруд ба шумо хабар нигорони радиёи озоди барои чунин як хабари тахякардаихуб рости аз шунидани чунин хабар агр гумон мекунам нафре аз рус ё дигар милатхои бедин бошад рахмаш меояд локин онмардумро аз ончо мехезонанду дар ончо хонахои дувоздах ошиёна месозанд. барои тичорат агар хамукадр дар пойтах хонаи фуруши зиёд шудааст вале арзон намешавад ман ба он модароне,ки аз хонахояшон мехезонанд баонхо гуфтаниям,ки баягон далати дигар рафта озодона рузашонро сипари кунанд зеро хамаи мардуми чумхури ба мухочирати мехнати рафтаанд.мансабдорон бештар бафойдаи чайби хеш кор мебаранд мардуми бечораи рохгумзада хамаи вакт дар азобу мушакат мебошад.нимаш дар русия дар зери лату куби скинхедои русия мурда истодааст. ними дигарш дар ролхи зиндаги беному нишон шудааст.ва хбар нигорони озоди хамаи вакт озод боенд зеро шабакае,ки дар мвач озод харфзанад хтман онро катъ мекунанд.ба монанди радиёи имруз.


Ном: Ғариб
17.04.2008 18:14

РАЁСАТ БА ДАСТИ КАСОНЕ ХАТОСТ
КИ АЗ ДАСТАШОН ДАСТҲО БАР ХУДОСТ
ШАЙХ САЪДӢ

Шарҳҳо 1-10 (of 20)
Ҳаҷми матн