Тоҷикистон

Мулоқоти навбатии президент бо зиёиёни кишвар

19.03.2008

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо намояндагони илму фарҳанг ва адаби Тоҷикистон мулоқоте анҷом дод.

Ин мулоқот дар арафи иди Наврӯз доир гардид, ки таййи чанд соли ахир ба як анъана табдил шудааст. Зимни суханронии худ оқои Раҳмон вазъи имрӯзаи забони давлатӣ, расонаҳои расмиву ғайриҳукуматӣ масоъили табъу нашр ва худшиносии миллиро дар кишвар мавриди арзёбӣ қарор дод.
 
Корбурди забони тоҷикӣ дар идороти давлатӣ ва расонаҳо, баррасии   авзоъи ҷумҳурӣ дар васоити ахбори умум ва радиову телевизион масоъил ва мушкилоти чопу нашри китоб ва ҳамин тавр нақш ва мақоми зиёӣ дар худшиносии миллӣ аз мавзуъоти мулоқоти президент Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар буд.
 
Оқои Раҳмон бидуни зикри мушаххаси ном масъулони бархе аз вазорат ва дигар ниҳодҳои давлатиро дар муносибати сард бо забони давлатӣ мавриди интиқод қарор дод. Ба ақидаи ӯ, «матни норавону пурғалати овеза ва шиъору рекламаҳо, суҳбати радиоиву телевизионӣ, мақолаҳои баъзе рӯзноманигорон ва осори адибону олимони ҳаваскор беэҳтиромиро ба забони модарӣ ба миён овардаанд».
 
Яке дигар аз масоъиле, ки дар суханронии президент пиромуни он суҳбати ба тафсил сурат гирифт, матбуъоти кишвар ва мавзуъоти мунташира дар онҳо буд. Раҳмон гуфт, ки дар қиёс бо расонаҳои расмӣ расонаҳои ғайридавлатӣ дар расидагӣ ва таҳлилу баррасии вазъи кишвар муваффақтаранд.
 
Аммо ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон расонаҳои хабариро дар низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳо айбдор намуд. Ба гуфтаи ӯ, чопи чунин матолиб вазъи ҷомиъаро ноором месохтааст.
 
Вале, дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мутаваққфишудаи «Рӯзи нав», мегӯяд, ки вақте матбуъот ба чопи ин ва ё он масоъили интиқодӣ даст мезанад, масъулон онҳоро ба ҳамин гуна иттиҳомот маҳкум мекунанд.
 
Раҳмон дар суханронии худ аз шахсиятҳои маъруфи кишвар ном бурд, ки бо кору пайкорашон дар худшиносии миллат саҳми босазо гузоштаанд. Ва дар ин миён, таъкид кард Раҳмон, ки худи ӯ низ аз ибтидои ба сари қудрат омаданаш талош кардааст давлат дар амри худшиносии миллат саҳми муассире дошта бошад.
 
Аммо бархе аз таҳлилгарон дар ин замина миёни гуфтор ва амали раиси ҷумҳурӣ фарқ ва ихтилофро мебинанд. Зеро раиси ҷумҳурӣ дар оғози марҳалаи истиқлолияти давлатӣ ва давлатсозӣ идораи онро бо усули қавмгароӣ ба роҳ мондааст.
 
Ин ҳам дар ҳолест, ки на ҳама намояндагони расонаҳои маҳалли ва хориҷӣ дар мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
 
Як нафар аз ин зиёиён, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ӯ интизор   дошт, ки раиси ҷумҳурӣ дар баробари аҳли илму адаб ва маорифи кишвар ошкоро аз буҳрони пешомада дар фасли сармо ташреҳ ва бар нотавонии давлат дар амри таъмини барқу газ ба аҳолӣ ҳадди ақалл пӯзиш металабад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, бо ин ҳама андарзу насиҳат, ки дар мулоқот шунидааст, ҳамоно мушкилоти таъмини барқу гармии дар чанд соли ахирро пеши рӯ дорад, ки ба маҳзи он дар мактабҳо дуруст тадрис намешавад, нашрияҳо саривақт ба чоп намерасанд, китобхонаҳои сарду торик бидуни хонанда боқӣ мемонанд ва дар ниҳояти амр боз ҳам касе омода нест, ки ба ин ҳама бебандуборӣ эҳсоси масъулият кунад.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Субхиддин аз: Дангара
26.03.2008 10:09

Фикр мекунам Президент рзномаои хусусиро намехонад ва барои у маълумрт пешниход менамоянд. Аз ин ки у мегуяд Точикистон давлати демократи бо ном аст ва бояд назари инфиродии хешро дар мавриди рузномахои гайридавлати дошта бошад то ки хак аст рузномахои тавсифии давлати ва ё гайридавлати. Барои сафед кардани худашшон мансабдорон Президентро бовар мекунонанд, ки фалон нашрия фалон шахси мансабдорро тахкир кардааст. Хол он ки хамаруза мансабдорон милисахо шахрвандонро тахкир мекунанд магар Президент ва командаи у дарак надорад
Дуввум чаро боз хамон шахсиятхои пешина толорро фаро гирифта буданд, чаро Рахматулло Зоийров, Рачаби Мирзо, Мухиддин Кабири, Харамгули Кодир, Адолати Мирзо, Гулрухсор, Комил Бекзода, Абдулло Рахнамо, Алимухаммад Муроди, ки онхоро бо рушанфикрию донишманди ва сехри калами эчодии бурроо мешиносем даъвати нестанд. Бовари дорам як модари миллат Гулрухсор, рушанфикрон Мухиддин Кабири, Рахматулло Зойров, журналистони вокеии Харамгули Кодир ва Адолати Мирзо, ки ин кадар аз мо мардон дида мушкилоти печилаи сиёсию ичтимои ва хайтии занонро менависанд ва пешниход"Чаноби оли" мекунанд аз мо мардон дида мардтаранд.Агар хамин нафарон танхо иштирок мекарданд ба хамаи саволхои чомеапосух гирифта мешуд ва шояд Президент дигар чанд руз базму тараб намекарду бо зиёиён гах дар толор гахи дигар дар зери дарахтони зардолуи Сугд ва боги ботаникии пойтахт намегашт. Охир ин рафтор шоистаи подшохиаст.


Ном: Aliabos аз: tjk
20.03.2008 20:10

Kunu daotan nos bigayri alsinatikum -(hadis)
Mardumro bo amal tablig va davat kuned na bo lofu gazof -(tarjima)
Masali harfu hadisi oqoi RAHMON ham az in dast ast.


Ном: Tozatalab
20.03.2008 10:58

Дуруст аст,ки дар чунин вохурихои раисчумхур бо зиёиёни мамлакат хеч масъалае халли худро намеёбад. Яке аз масъалахои мухимтарине,ки дар чомеаи мо то имруз ба назар мерасад,ин махалгарои мебошад. Чаро президент ин масъаларо бо зиёиён халл намекунад?Рохи халли ин мушкилро халл намекунад? Пас маълум мешавад,ки кабл аз хама "зиёиён"-и мо чунин андешахои пасти махалгароиро дар сар доранд,аз ин чост ,ки махалгарои дар кишварамон реша мустахкам намедаасту халли худро намеёбад.


Ном: siraj
19.03.2008 23:44

xub meshud agar raese jumhur avval xudash bad alaihe qavngarie va mahakgaroe shyry nekard.mo mebenem ke aksare onhoe ki dar care qudrat hastand,az xude mantaqae ki janobe ole tavalud shudast meboshand.har Tojikistone ki saloheyat va estedode kor kardanro doshta boshad,boyad sohebe mansab va vazefa shavad to ki mardumro va vatanro ba pesh burda tavonad.


Ном: Патриот аз: Дангара
19.03.2008 22:20

Боз як сафсатаи пуч!


Ном: Salom аз: iron
19.03.2008 22:02

Raisi jumhur dar payi halli mushkilihoi kishavri azizamon say karda istodaast va faqat khudo tavfiq dihad digar masuloni kishvaramonro ki dar bari raisi jumhur rost istoda bahri obodii vatani azizamon kamari himmat bibandand inshoalloh dar solhoi oyanda yo 3-4 sol pas hamaash khub meshavad,

Шарҳҳо 1-6 (of 6)