Тоҷикистон

Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Африқо

10.03.2008

Бештари коршиносон мегӯянд, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои африқоӣ мақоли ба як тир ду фохта заданро мемонад.

Яъне, раисҷумҳури Тоҷикистон тӯли панҷ рӯзи сафараш ба Африқо, дар иҷлоси навбатии Созмони исломӣ иштирок ва ҳамчунин бо кишварҳои африқоӣ аз наздик ошноӣ пайдо мекунад.

Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири аршади президент Раҳмон, мегӯяд, яке аз ҳадафҳои ин сафар даъват барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон хоҳад буд:

«Мақсади сафар муаррифии Тоҷикистон ба Африқо ва даъвати намояндагони он ба кишвар аст. Чунки  сармоягузории созмонҳои байнулмилалӣ ва давлатҳои мухталиф сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати мост».

Аммо коршиносон мегӯянд, аз ин сафари панҷрӯза набояд мунтазири дастовардҳои иқтисодӣ шуд, зеро ҳадаф аз он бештар аз густариши муносиботи сиёсиву исломӣ иборат аст. Абдуғаффори Камол сафари оқои Раҳмон ба Африқоро пеш аз ҳама талош барои густариши равобит бо кишварҳои исломӣ арзёбӣ мекунад:

«Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Африқоро пеш аз он ки талош барои густариши равобити Тоҷикистон бо кишварҳои африқоӣ номем, бояд онро талош барои густариши равобити Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ номем. Аммо бо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи кишварҳои африқоӣ ақибмонда ва мӯҳтоҷанд ва наметавонанд сармоягузорӣ кунанд».

Сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои африқоӣ рӯзи душанбеи 10 март шурӯъ шуд. Дафтари матбуотии ҳукумати Раҳмон мегӯяд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нахуст аз Алҷазоир боздиди расмӣ анҷом медиҳад ва бо ҳамтои алҷазоирии худ Абдулазиз Бутефлика ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳс мекунад. Баъд аз боздиди Алҷазоир ба шаҳри Дакар - маркази Сенегал меравад, шаҳре, ки иҷлоси навбатии сарони кишварҳои узви Созмони исломӣ баргузор мешавад.

«Ислом дар қарни 21» ин мавзӯъи иҷлоси навбатии Созмони исломист, ки қарор аст рӯзҳои 13 ва14 март дар Сенегал барпо шавад ва дар он Эмомалӣ Раҳмон низ нутқ ироъа хоҳад кард. Аммо мавзӯъи маърӯзаи президент Раҳмон аз чи иборат аст, ҳанӯз дақиқ нест. Вале бисёриҳо аз ҳоло ҳадс мезананд, ки оқои Раҳмон бо пуштибонӣ аз Исломи ноб ин дафъа низ аз кишварҳои исломӣ сармояи бештаре талаб хоҳад кард.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Alijon аз: tjk
13.03.2008 19:18

Oqoi Rahmon in dafa ham bo nomi islom mekhohad az pushtiboni kishvarhoi islomi barkhurdor shavad.Ammo boyad donist,ki mani hijobu takhribi masojid va... bo in tavaqqui ishon mukholif va mugoyir ast.Ammo agar sarohatan az kishvarhoi afriqoi darkhosti kumak shavad,inam rushan ast ,ki khudi onho az mo ba kumak muhtojtarand.


Ном: abdulloh аз: garib
12.03.2008 02:43

Ман ба сухани Далер зид ҳастам, ки ў мегўяд(Исломатро канор гузор) чунки ислом аз ҳама чиз авло ва бартар аст. Ту эй Далер мегўи, ки(араб ба начоти ту намеояд) Оё кўмаки Арабистони Саудиро фаромўш карди ё онро намедони, ки ба Точикистон 10 000 000 доллар кўмак кард. Агар мо ба ислом рўй оварем Худо моро аз тамоми мушкилиҳо начот медиҳад. ҳамаи ин бадбахтиҳои мо аз бе исломии ва гунаҳкории мост.


Ном: Said
11.03.2008 15:08

ANVAR>>>>>>>>>>>>>>>>>>
(Исломатро канор гузор. Дар бораи кишварат фикр кун. Гирифтор ки шудй, араб ба начоти ту намеояд.)
tu az ki bovari dori agar az islom bovari nadoshta boshi ?\
az lenin az putin az medveduf ?\
agar az inho bovari doshti boyad bidoni vatanat ba injo rasiast az dasti onho .
yagona roh Ислом ast bas.tu emon biyor bubin chashmota boz kun chi meshavad.


Ном: Dilovar
11.03.2008 12:13

asalomu alaikum xsho ba holi raisi jummhur xdovan dar kalbsh nuri xdsha ziyoda kna ki dar vadahosh besta. Anvar biso xub guftast kifoyagi mekna gaposh


Ном: Далер
11.03.2008 04:40

Анвар,

Исломатро канор гузор. Дар бораи кишварат фикр кун. Гирифтор ки шудй, араб ба начоти ту намеояд.


Ном: Anvar аз: Dushanbe
10.03.2008 19:31

Man inri guftaniyam ki Janobi oli ki dar in jalasa ki shirkat mevarzad va az Islom va arzishhoi islomi himoya mekunad ammo vaqte ba kishvar bar megardad dar hamon ahdu paymoni khesh boshad yane nashavad ki dar Tojikiston nisbat ba islom masalan ba namozi juma va ... sakhtgiri kunad charo ki in nishongari duruyagi inson ast

Шарҳҳо 1-6 (of 6)