Тоҷикистон

ҲСДТ: Буҳрони кишвар аз бемасъулиятии давлат аст

Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ

29.02.2008

Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон бо интишори як баёния давлати Тоҷикистонро дар бемасъулиятӣ ва бесалоҳиятӣ муттаҳам кардааст.

Дар ин санад 15 соли даврони раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар бенатиҷа ва бесамар арзёбӣ шуда, ҳамзамон таъкид мешавад, ки тӯли ин муддат кишвар бо буҳрони сиёсӣ рӯбарӯст ва дар чанд соли ахир ба далели тавсиъаи фасод дар миёни мақомот ва истифода аз шеваҳои қавмсолорӣ дар идораи давлат ин буҳрон амиқтар шудааст.   
 
Зимни интишори ин баёния Ҳизби сосиал-демократ давлати Тоҷикистонро дар бурузи буҳрони идорӣ муттаҳҳам карда ва гуфтааст,  ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли худ, яъне аз соли 1991 то имрӯз, аз вазъи буҳрони иҷтимоъиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ раҳо нашудаааст ва баракс сол то сол ин буҳрон бо ашколи гуногун амиқтар мешавад.   
 
Дар ин баёния аз имзои санади Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ ба уновни танҳо дастоварди мусбат дар ин давра ёдоварӣ шуда, вале ҳамзамон таъкид мешавад, ки ҳадафи аслии он дар солҳои фаъъолияти Кумисиюни Оштии Миллӣ коста гардид.     
 
Дар баёния номутобиқатии ислоҳоти конститутсионӣ бо манофеъи мардум,  бесамар будани ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсати нодурусти кадрӣ, таназзули фарҳангу маориф, тороҷи моликияти миллӣ аз тариқи хусусигардонии ношаффоф, афзоиши раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвар ба хориҷи он, эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи фаъъолияти бисёрҳизбӣ ва баргузории интихоботҳои ғайридемократӣ, ва, ҳамин тавр, густариши фасод аз манобеъи бурузи буҳрони идорӣ дар кишвар арзёбӣ шудаааст.   
 
Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, изҳор намуд, ки вазъи ба амаломада дар кишвар ва махсусан дар зимистони имсола, ки мардумро дар ҳолати изтироб ва ниҳоят бад қарор дод,  шаҳодати бемасъулиятӣ ва ноуҳдабароии мақомот аст. Оқои Зоиров гуфт, танҳо ба ин далел, ки вазъият дар кишвар бештар аз ин ташвишовар нашавад баёнияи ҳизбро бо каме таъхир интишор кардааст.
 
Баёнияи ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, аз аҳзоби мунтақиди давлати Тоҷикистон, дар ҳоле мунташир мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии ин кишвар ба ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъъолияти як соли ахири ҳукумат дар моҳи гузашта барои аввалин бор иқрор кард, ки давлат натавонистааст таййи ин 15 сол ба мушкилоти мардум расидагии дуруст дошта бошад.   
 
Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд дар ин ҷаласа ангушти иттиҳомро сӯи масъулони ниҳодҳои давлат гузошт,  вале коршиносон, бо таваҷуҳ ба истифодаи таъбири «понздаҳ сол» дар суханронии вай, мегӯянд, ки дар ин миён ӯ худро низ дар назар доштааст.   
 
Дар баёния Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аз давлати кишвар тақозо мешавад, ки фаъъолияти худ дар 16 соли гузаштаро таҳлил ва аз вазъи буҳронии ҷомиъа ба мардум гузориши мунсифона ва шаффоф диҳад.   
 
Зимнан, ин барои бори аввал нест,  ки Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон бо интишори баёния давлатро дар амалкарди нодуруст масъул меҳисобад. Аммо то кунун мақомот ба баёнияҳои ин ҳизб расман вокуниш нишон надодааст.   
 
Ин дар ҳолест, ки ба пиндори Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ин ҳизб, ӯ мутмаин аст, ки ин бор низ давлат посух хоҳад гуфт. Дар сурати ғайр сукут аломати ризоро доштааст, ки он бар суди давлат нахоҳад буд.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-8 (of 8)
Ном: Rafiq
04.03.2008 09:31

Durust meguyad ki Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ ki faqat yagona уновни дастоварди мусбат yodovari meshud дар солҳои фаъъолияти Кумисиюни Оштии Миллӣ коста гардид. Imruzho beshtari namoyandagoni sobiq oppozisiya ki dar kuvvahoi mussalah kor mekardand az kor ozod shudand, yo haps karda shudand, yo jisman nobud karda shudand.


Ном: Шери жаен аз: Дангара
03.03.2008 20:14

Ба Ардашер!!!!
Худат, ки гуе(ба гуфти худат) нести ва бесавод,ки хасти ,аз руй навиштахоят маьлум аст,як инсони олим ва гаюро тахкир мекуни !! Худат сад дар сад гу(х) хасти!!!


Ном: Шоди аз: Душ
03.03.2008 13:14

Нишони аввалин ва асосии бесалохиятии хукумати Точикистон ин аст, ки ин хукумат ба касе, гайр аз Президент, имконияти сухан гуфтанро намедихад.


Ном: Ардашер
02.03.2008 18:54

Рахматиллояш хам он кадар гуе нест. Аммо раиси чумхури Точикистонро Амиршо, Гул Шерали барин калхотхояш ба нести мебаранд.


Ном: Salem аз: Kylob
02.03.2008 16:17

Xydoro shykr ki hastand kasone ki aibi davlatro fosh mekynand. Behtar va muasirtar mebyd agar tamomi hizbhoi siyosi kishvar bayoniyai myshtark doir ba bemasyliyati dvalat medodand. Ongah kor natija medod. Rahamat ba Akai Rahmatylo, xydovand doimo az shari in badbaxtoni milat iminat dorad.


Ном: Абдумалик аз: Лос-анчелес
01.03.2008 11:22

Ин давлат ба хама кор кодир аст! Ман итминони комил дорам ! Дилам ба бечора Р. Зоиров месузад! Ягон руз бо ягон иттихом ба махбас мекашанд е нест мекунанд!Ман дар шахсияти худам эхсос кардаам.


Ном: Rahim аз: Frankfurt,Germany
29.02.2008 18:48

Man sad dar sad bo fikri muhtaram Rahmatullo Zoirov rozi hastam.Man hukukshinos hastam va in shakhsro khub meshinosam hamchun ustod va ba donishu rostkavlii in shakhsiyat koil hastam.Albata ruz to ruz holi mardumi Tojikiston bad shuda istodaastu beh ne.Pesh az hama ba in Raisi Jumhur javobgar ast baroi on ki jo ba jo guzorii kadrho nodurust monda shudaast.Nakhod ki hamai mardumi Danghara dono budaastu digar mardumi Tijikiston besavod.Bas ast mahalchigi


Ном: Мазлум аз Душанбе
29.02.2008 18:24

Худоро шукр, ки баъзе вакт мешудааст, ки аз зиндагии гуломона андаке берун шуд аз хакки худ шикоят намуд.
Вале дилам барои раиси ин хизб месузад, ки холашро золимони бад хоханд кард. Аз Худованд дуо талаб мекунем нигахонаш бошад ва часораташро зиёдтар гардонад.
Дигарон ахзобхо мухри хомуши задаанд ва зиндагии гуломонаро интихоб кардаанд. Бигзор ......
Давлати бо чунин кадрхояш агар 15-соли дигар хукуматдори намоянд, хеч навигарие нахохад руй дод.

Шарҳҳо 1-8 (of 8)