Тоҷикистон

Мардум барқ талаб карданд

26.02.2008

Ҳудуди 100 сокини шаш бинои баландошёнаи кӯчаи Федин ва кормандони дӯкону нуқтаи фурӯши бензин аз мақомот тақозо карданд, ки рӯзона интиқоли барқ ва об ба хонаҳояшонро ба роҳ монанд, то онҳо тавонанд рӯзгору тиҷорати худро пеш баранд.

Тибқи гуфтаи сокинон, дар бархе хонаҳо қариб як ҳафта ва дар бархеи дигар 2 рӯз ба ин сӯ интиқоли барқ қатъ гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуваҳҳоб Ғиёсов, сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, ки дар ин гирдиҳамоӣ ҳузур дошт, мегӯяд, бароварда сохтани ҳамаи тақозои сокинон имкон надорад, зеро вазъи тамоми шаҳр чунин аст. Вай афзуд, танҳо ду рӯз аст, ки дар ин қисмати шаҳр барқ нест.

Аммо холаи Салима, як сокини 70-солаи маҳаллаи 83  мегӯяд, 6 шабонарӯз аст, ки дар 6 баландманзил барқ нест.

Гирдиҳамомадагон баъд аз он ки бо кормандони шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе арзу доди худро расониданд, пароканда шуданд. Масъулин як трансформаторро таъмир карданд. Гирдиҳамомадагон изҳор доштанд, ки дар ҳоли расидагӣ нашудан ба тақозоҳояшон дар назди бинои ширкати Барқи тоҷик ва корхонаи оби Душанбе гирдиҳамоӣ созмон хоҳанд дод.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: АЗАМАТ аз: ЁВОН
03.03.2008 21:45

Шумо факат фикри худатонро мекунед. Дар хакикат барк набуд лекин шабро сахар аст. Шукри ХУДОВАНД кардан лозим. Замоне буд,ки одамон дар таги чарог менишастанд ва хото намедонистанд,ки барк чист. Шумо бояд аз ХУДОВАНД шукр кунед,ки дар ин замон таваллуд шудаед.


Ном: Мазлум аз Душанбе
28.02.2008 18:56

Ман хеле таачуб мекунам аз ин нафароне, ки эътироз ё хамоиш ва ё аз Давлат талаб мекунанд, ки ба онхо барк дихад. Фикр кардаанд, ки хукуматдорони точик, ки на номус ва наг доранд, ба дардим инхо расидаги мекунад. фикр кардаанд, ки дар эвропа зиндаги карда истодаанд. инчо давлати точикистон аст, агар Дангарачи ва хеши президент боши барои ту барк аст ва илло .......
Имруз вазирону раисони нохияхои Точикистон беномус шуда рафтанд, бахотири мансаб ва дунё шуда занхояшон ва духтаронашонро аз онхо калонтарон хакорат мекунанд, вале ба хуби кабул мекунанд ва механданд, гуё, ки хеч чизе нашунидааст ё ягон харфи хуб шунидааст. То хангоме, ки хокимони номус нанг пайдо накунанд, адолат, ободи ва равшаниро нахханд дид мардми гулопарвари точик.
Инчоро Торикистон мегуянд на Точикистон


Ном: саодат
27.02.2008 16:07

ба телефони 2272727 занг занед - шояд ки касе баъд аз 3-4 соат чавоб дихад дар бораи тамини барк


Ном: Nicole аз: Munich
27.02.2008 14:58

eeeeee hamin odamoni tojik odamoni nameshidaniyand....to bark nadorand to gaz..kambagal i umrete takim...az hama hasis hudi hukumat ast zero hamai heshu tabor jam shudai..az hurdana seri nadorand..mekafand...

Шарҳҳо 1-4 (of 4)