Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагони Навори Ғазза аз 800 нафар гузашт


Шумораи қурбониёни амалиёти низомии нируҳои Исроил бар зидди тундравҳои гурӯҳи Ҳамос дар Навори Ғазза аз 800 нафар гузашт. Аксари кушташудагон занону кӯдаконанд. Бино ба суханони Ашраф Кудр-намояндаи Хадамоти фаврии Фаластин ду зани ҷавони фаластинӣ 25 июл ҳангоми ворид овардани зарбаҳои ҳавоӣ дар шаҳри Дейрулбалах кушта шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе 15 фаластинӣ кушта, наздик ба 200 нафар ҳангоми афтодани мушак ба бинои паноҳгоҳ дар Навори Ғазза ба қатл расидаанд. Ин афрод дар поноҳгоҳе пинҳон будаанд, ки барои сокинон СММ муҳайё карда буд.

Амалиёти зидди тундравҳои фаластинӣ аз 8 июл ба ин сӯ идома дорад ва он ҷавоб ба мушакборонҳои қаламравҳои Исроил аз тарафи тундравҳои фаластинӣ мебошад. Аз ҷониби Исроил 35 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG