Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Хуҷанд


Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатии ҳайатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва ташхиси марз, сурат мегирад. Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки намояндагони ҳукумати вилоят субҳи имруз ҳайати ҷониби Қирзистонро дар Ботканд пешвоз гирифта, ба Хуҷанд роҳнамоӣ кардаанд. Дар назар аст, ки дар мулоқоти имрӯза, масъалаи сохтмони роҳҳо дар қитъаҳои мавриди баҳс мавриди муҳокима қарор дода шавад. Дар ин мулоқот ҳайати ҷониби Тоҷикистонро Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ намояндагӣ мекунад ва ҳайати Қирғизистонро Қурбонбой Искандаров, муовини раиси Комиссияи байниҳукуматии тақсими марз, муаррафӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG