04.09.2007
Зимни як назархоҳӣ теъдоди зиёди муҳоҷирони кории тоҷик гуфтаанд, ки дар муқоиса ба сартарошидаҳо аз кормандони милисаи Русия бештар метарсанд. Ин назархоҳиро чанде пеш як созмони русии мустақили пурсиши афкори иҷтимоӣ мавсум ба "Бошқирова ва ҳамкоронаш" дар Тоҷикистон анҷом додааст.
Муҳоҷирони тоҷик ба ҷомеашиносон гуфтаанд, ки онҳо аз гурӯҳҳои миллатгарои рус дида бештар аз дасти мақомоти интизомии Русия ранҷу озор мебинанд.
Идома