Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз барои заминҳои мусодирашуда идома дорад


Остона, занону кӯдакон дар назди бинои ҳукумат
Остона, занону кӯдакон дар назди бинои ҳукумат

Гурӯҳе аз занону кӯдакон дар Остона-пойтахти Қазоқистон дар назди бинои ҳукумати кишвар бар зидди мусодираи амволашон тавассути ҳукумат эътироз мекунанд.

Ин эътирозгарон як рӯз пеш низ дар назди бинои ҳукумат гирдиҳам омада буданд, вале дархостҳои онҳоро Нурлан Нигматулин-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ рад кард.

Ин гурӯҳ 23 июл аввал дар назди бинои ҳукумат гирдиҳам омад ва даъво мекард, ки ба нишонаи эътироз шаби Лайлатулқадрро дар он ҷо рӯз мекунад. Нимаи шаб пулис онҳоро боздошт кард ва то соати 3-и субҳ онҳоро дар дафтари пулис нигоҳ дошт.

Эътирозгарон мегӯянд, ки мақомот ҳар гоҳ заминҳои онҳоро мусодира мекунанд ва мегӯянд, ки “зарурати давлатӣ” пеш омадааст, вале дар иваз ба онҳо ё пули ночиз пардохт мекунанд ва ё аслан чизе намедиҳанд.

Ба гуфтаи онҳо, аксар вақт дар ин заминҳои мусодирашуда барои мақомоту тоҷирон хона месозанд.

XS
SM
MD
LG